Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Хуросон боздид намуд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Хуросон боздид намуд
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом дода, бо сокинони аз офати табиии рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, аз номи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба 67 хонаводае, ки манзилҳояшон дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 май қисман ва пурра вайрон шудааст, маводи озуқа дастрас гардид. Кумакҳои навбатӣ аз орд, равған, биринҷ, шакар, макарон, нахӯд иборат буданд.

Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо тарҳи “Барқарорсозии иншооти обгузари муваққатӣ дар шохаи рости ПК 659+00 Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон” шинос шуданд. Зикр гардид, ки сели рӯзҳои 14-16 май канали шохаи рости ҷамоати деҳоти мазкур ба дарозии 140 метр вайрон шуда буд.

Канали шохаи рост 93 км 200 метр дарозӣ дошта, аз он 2800 гектар заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 10400 гектар заминҳои ноҳияи Хуросон обёрӣ мешаванд. Дар мавсими обёрӣ тавассути ин канал то 11 куб об ҷорӣ мешавад. Айни ҳол насби қубурҳои нави қутраш 1820 милиметр бомаром ҷараён дошта, ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то рӯзи 12 июн иншооти мазкур пурра барқарор карда хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои ба номи Неъматулло Асадулло ва 18-ум анҷумани ҳизб, мактаби зарардидаи №12, манзилҳои зисти шаҳрвандон дидан ва аз сокинони маҳаллӣ ҳолпурсӣ карданд. Танҳо як бинои муассисаи таълимӣ айни ҳол қобили истифода буда, то бунёди таълимгоҳи нав хонандагони синфҳои 5-11-и муассиса дар мактабҳои ҳамсоядеҳаҳо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Сарвазири мамлакат ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки барои хонандагони ҳамин деҳа дар зудтарин фурсат сохтмони мактаби навро ба нақша гиранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон барои бунёди мактаби нав заминҷой ҷудо кардааст ва қарор аст, ки корҳои сохтмонӣ аз ҳафтаи оянда оғоз гарданд.

Сокинони маҳаллӣ Бибӣ Мирзоева, Н. Назаров ва дигарон ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои бардавом ва ғамхорӣ нисбат ба зарардидаҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Онҳо қайд намуданд, ки аз рӯзу соатҳои аввали сар задани офати табиӣ роҳбарияти вилоят, ноҳия, масъулону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар паҳлуи мардуми осебдида қарор дошта, дар бартарафсозии оқибати офати табиӣ ҳамаҷониба мусоидат намуданд.
ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин