Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ХАБАРИ ХУШҲОЛКУНАНДА. Дар Тоҷикистон 60% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтанд

ХАБАРИ ХУШҲОЛКУНАНДА. Дар Тоҷикистон 60% гирифторони бемории COVID-19 шифо ёфтанд

То соати 18:00 дақиқаи 8 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 48 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, то 8 июни соли равон дар мамлакат 1176 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин