Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:59 – Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад 
  • 16:37 – Аввалин маротиба дар Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба бадминтон баргузор мешавад 
  • 18:16 – РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ: ҲАМЧУН ЗАРУРАТИ ДАВЛАТӢ ВА НЕРУИ НАРМИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОСТОИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО 
  • 17:33 – Мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск 

Нақши Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ва адабиёти тоҷик

Яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар аст. Маҳз ба василаи Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст имрӯз ба сифати яке аз кишварҳои осоиштаи ҷаҳон шинохта шавад. Ҳангоме ки халқи тоҷик Истиқлолияти давлатиро ба даст овард, зарур буд як ваҳдати созгору созандае ба миён ояд. Натиҷаи ҳамдигарфаҳмӣ ва баҳамоии миллати тоҷик буд, ки чунин ваҳдат ба даст омад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд.

Доир ба ҳамин мавзӯъ шоир, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои шарқ» Рустам Ваҳобзода дар барномаи «Адиб ва замон»-и радиои «Ховар» изҳори андеша менамоянд.

Барномаи «Адиб ва замон»-ро имрӯз соати 10:30, (такроран 14:30, ва 21:30), инчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе соатҳои 10:30 (такрор 21:30) ва 07:30 аз радио «Ховар» бишнавед. Муҳаррир ва ровии барнома Шабнам Шокирзода.
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин