ВАҲДАТ
Facebook
Вконтакте
Одноклассники
Google+
Ваҳдати ин миллати олампано,
Парчаморой намуда то само.
Бо забони ҳамдилӣ, ҳамсоягӣ,
Мўҳтарам гардид миёни қораҳо.
Офрид созандагӣ, эҳёгарӣ,
Ваҳдати сартосарӣ дар ҷодаҳо.
Қудрати тоҷик чанд афзудааст,
Аз чунин барономарезии даҳо.
Тоҷикистонро гулистон кардааст,
Бо танини меҳрубонию вафо.
Қудрати ваҳдат беҳ аз атому тир,
Гарчӣ бо ҳамбастагӣ орад садо.
Зарба зад бар ҷангу бар дарди маҳал,
Раҳму шафқатро биоварда ба мо.
Сардабири ваҳдату сулҳу Ватан,
Пешво Эмомалии раҳнамо.
Дар ватансозии тоҷик бовиқор,
Офрида рамзи шодию бақо.
Тоҷико, ин парчами ту то абад,
Дар дилу дини зафарёбандаҳо.
Решаҳои ваҳдати ин сарзамин,
Об нўшад аз хирад, ақлу зако.
Мезанад чархофалакҳо ин қалам,
Бо сари болою бо шукронаҳо.
Халқи ман, дар рўзи ваҳдат шоират,
Бо ғазал гўяд ба ту ҳамду сано.
Бобоҷони Нурзод,
омўзгор, сокини ноҳияи Айнӣ