Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ШУОИ ВАҲДАТ

Ваҳдат сапедаҳои самои нишоти мост,
Дар рўйи рўз шўълаи гарми ҳаёти мост.
Ваҳдат паёму нусрати мо дар китоби бахт,
Ҳар вожааш чу қосиди фазлу наҷоти мост.

Бо номи ў ҳаёти нав оғоз мешавад,
Дил аз фараҳ ба рўйи вафо боз мешавад.
Ҳар пайраҳе, ки ҷониби ў раҳнамо бувад,
Бо набзи меҳри мову ту ҳамроз мешавад.


ШУОИ ВАҲДАТ

Садҳо дурахши ишқи Ватан дар ҳузури ўст,
Гулбазми боғу роғи чаман аз сурури ўст.
Бо ў ҳамеша модари тоҷик шукуфтарўст,
Дар хандаҳои тифлаки мо субҳи нури ўст.

Бахшад тавони зиндагӣ ҳар дилшикастаро,
Чун офтоб гарм кунад ҷони хастаро,
Барнову пир металабад аз худои худ
Дар ҳар дуош ваҳдати поку хуҷастаро.

Дар мулки ориёии худ посдори сулҳ,
Афрохтем парчами шаъну барори сулҳ.
Бар халқи даҳр гашта кунун Пешвои мо
Як раҳнамои мушфиқу омўзгори сулҳ.
Мо тоҷикем,меҳру зиё дар нигоҳи мост,
Ваҳдат футуҳи ҳастиву тахту сипоҳи мост.
Ишқи Ватан ба сина сипар аз ҳама балост,
Чун лутфи Ҳақ ба ҳар ду ҷаҳон додхоҳи мост.
Рудобаи Мукаррам

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин