Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:52 – Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд 
  • 09:34 – Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 
  • 11:01 – ҶАШНИ ПОЙДОРИИ СУЛҲ ВА БЕДОРИИ МИЛЛАТ 
  • 17:09 – ВАҲДАТ - НАВРЎЗИ УМЕДИ МИЛЛАТИ МОСТ 

ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ваҳдат сарҷамъӣ ва иттиҳод аст. Ваҳдати комил иттиҳоду ягонагист, ки мардум барои ҳадафи аслии худ, дарки масъулияти ватандорӣ ва пойдории миллат онро нигоҳ медорад. Бедории шуури сиёсии аҳолӣ дар заминаи худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ раванди иттиҳод ва ҳаммаслакиро арзи ҳастӣ мебахшад. Ваҳдат муҳимтарин омили истиқлолият аст, ки имрӯз мо ба он соҳибем. Дар даврони ҷаҳонишавии босуръат ваҳдат ягона воситаи ҳимояи миллат аст, ки ӯро аз ҳама бадбахтиҳо раҳо месозад.
Мо ҳама имрӯз огоҳем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳадди таҳаввулоти сиёсие қарор дорад, ки шинохти чунин таҳаввулот ва пешгӯӣ кардани он дар пешрафти босуръати илму техника, тараққиёт ва болоравии шуури ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Бархӯрди манофеи давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ низ дар як минтақа боиси ангезаҳои сиёсӣ мегардад, ки ин метавонад, минтақаро ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор созад. Асри 21, ба ақидаи коршиносон, асри дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт, ки, пеш аз ҳама, дар иқтисодиёт ва сиёсат пайгирӣ хоҳад шуд.
Рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бештар дар ангезаҳои сиёсӣ падид меоянд, ки ин ангезаҳо боиси харобии иқтисодиёт гашта, фазои ҷомеаро мубталои хунрезӣ месозанд. Ҷаҳони муосир кунун мубталои ин қазияи норӯшани сиёсист, ки он торафт фазои ҷомеаро носолим медорад. Тафриқаандозӣ ва низои равияҳои мухталифи ҷомеа имрӯз мушкилоти бештареро рӯи кор меорад. Пӯшида нест, ки амалӣ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад оромии ҷомеаро таъмин намояд. Таърих собит намуда, ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар он солҳои вазнин осон набуд. Зеро ҷомеа дар ҳадди таҳаввулоти сиёсие қарор дошт, ки саранҷоми он имкон надошт. Масъулияти ин амали сангин бар дӯши фарде вогузор гардид, ки ӯ барои иттиҳоду ваҳдати миллат ҷони худро дареғ надошт ва кореро анҷом бахшид, ки дар таърих назир надорад.
Ба ҳам овардани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, афкори мутақобилаи онҳоро пайвастагӣ бахшидан, сабру таҳаммулро пеш овардан, ба хотири созиши умум гузашт кардан, хавфу хатари ҷиддиро қабул кардан, аз мушкилот натарсидану хешро ҳадафи сахтиҳо намудан дӯшбори он фарзанди миллат шуд.
Дар ин роҳи вазнину шарафманд хизматҳои пурарзиш ва судманд ба нафъи миллат намудаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меоянд. Ӯ дар роҳи ҳастии миллат хидмати бузургеро анҷом дод, ки ҳазорон сол пас фарзандони бедордили тоҷик аз он ёд хоҳанд кард.
Барои миллатро аз нав эҳё бахшидан, давлатро аз нав таъсис додан, сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии онро ба роҳ мондану ояндаи миллатро ба як маҷро андохтан, умри як инсони комил басанда нест. Танҳо заҳмату кордонӣ, миллатдӯстиву огоҳӣ аз хешу аз табори хеш, боварии хурду бузургро соҳиб шудан, аз худ гузаштан метавонанд инсонро мурод бахшанд.
Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон сабақомӯзи ҷаҳониён аст. Аҳли олам сӯи мо акнун назари комилтар дорад. Онҳо дар симои тоҷикон миллати тамаддунофар, соҳибфарҳанг ва сиёсатпешаеро мебинанд, ки метавонад мушкилоти сиёсии хешро аз назари ақли солим роҳандозӣ созад ва ҷомеаи башарӣ низ баҳри рафъи мушкилоти хеш метавонад аз ин таҷрибаи бузург сабақ гирад.
Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад ва омӯзиши сулҳи тоҷикон сабақи муҳиме дар давлатдории дигарон арзёбӣ мегардад. Зинаҳои камолоти он дар худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, болоравии шуури сиёсӣ, ҳисси ватандории он зоҳир мегарданд, ки Президенти кишвар зина ба зина миллатро ба ваҳдат овард.
Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки фазои осудагӣ дар сарзамин таъмин гардида, дар роҳи рушди иқтисоди миллӣ гомҳои нахуст гузошта шуд. Барномаи стратегии давлат дар роҳи ба ҳадаф расидан пайгирӣ гардид. Маҳз тавассути сулҳу ваҳдати умум буд, ки Тоҷикистон ба се ҳадафи стратегии худ расида, дар роҳи рушди ҳамаҷониба қарор дорад.
Ваҳдати миллӣ паёми хуршедии миллат буд, ки дар роҳи ояндаи ӯ шиҳоби нур пошид. Ӯ миллати тамаддунофари тоҷикро ба сӯи ояндаи нек ҳидоят намуд. Ғояҳои давлати миллӣ ва пояҳои ин давлатро устувор намуд. Миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз хатари нестшавӣ эмин дошт. Аз рӯзҳои нахустин сиёсати ҳамвори дохиливу хориҷиро чун таҳкимбахши ғояҳои давлатдорӣ вусъат дод, ки ин мавриди таваҷҷуҳи давлатҳои ҷаҳон ва сиёсатмадорони хориҷӣ гардид.
Имрӯз дар ҳоле, ки ҷаҳон дар гирдоби фоҷиабор гирифтор аст, моро мебояд, ки дар ваҳдати хеш боз ҳам қавитар гардем, то ба неруи иттиҳоди мо газанде нарасад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Пайшанбе ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин