Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 
  • 09:04 – РӮЗИ ШОДИЮ НИШОТ БА ҲАМА МУБОРАК! Муроҷиатномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми хушиқболи тоҷик бахшида ба Рӯзи Президент 
  • 14:41 – Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 

НАҚШИ ВАҲДАТ ДАР ТАШАККУЛИ ҶАВОНОН

Тарбияи ҷавонони ояндасози давлату миллат барои ҳар як омўзгори бедордилу ватанпараст вазифаи масъулиятнок ва муқаддас аст. Ҳам аз нигоҳи зеҳнӣ ва ҳам аз нигоҳи илмӣ ин ҳадаф ҳадафи стратегиест, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда истодааст ва ба ҳамин мақсад соли 2017 соли ҷавонон эълон гардида аст. Ин иқдоми арзишманди Ҷаноби Олӣ дар ҷомеаи Тоҷикистони навин рўҳбаландии калонро ба вуҷуд овард ва ҳамчун дурнамо ва қувваи пешбаранда ба сўи фатҳи қуллаҳои нави ободкориҳо дар заминаи илм ва фарҳанги волои милли қабул гардид.
Дар факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар ҳама самтҳои фаъолияти пурсамар аз ҳамин сиёсат равиши кор вусъати тоза пайдо менамояд. Вазифаи асосии роҳбарияти факултет тарбия ва ба воя расонидани кадрҳои соҳибтахассуси ҷавон, ки ҷавобгўи меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, маҳсуб меёбад. Ба мақсади дастгирии ҷавонон ва ширкати фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба мақсади баланд бардоштани обрўи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи дунё дар факултет Шурои ҷавонон амал менамояд. Барои бедор намудани шавқ ва ба кор даровардани иқтидорҳои ботинии шогирдон ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои илмӣ ва озмунҳо дар санаи 19.04.2017 ба мақсади дарёфти донишҷўёни болаёқат ва соҳибистеъдод озмун баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди донишҷўён ширкат варзиданд, ки аз онҳо 13 нафарашон аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуданд. Барои ҳавасманд гардонидани донишҷўёни болаёқат ва арзишманд ба таври озод Зокиров Абдумаликҷон раиси Шурои ҷавонони факултет, Наимов Элназар муовини раис ва Хоҷаева Нозанин котиби Шуро интихоб гардиданд. Чорабинии мазкур аз нуқтаи назари педагогӣ бисёр пурарзиш буд ва дар ташаккули шахсияти донишҷўён, ҳисси масъулиятшиносӣ, пешихудкорӣ ва худидоракунии онҳо нақши муассир гузошт. Дастоварди бузурги имсолаи мо дар Соли ҷавонон саҳми арзанда гузоштан дар рушди илму техника ва барномасозӣ мебошад. Сомонаи факултет таи 2 сол мешавад, ки бо номи WWW.tii-feit.tj фаъолият намуда истодааст, ки бо пешниҳодҳои худ дар пешбурди соҳаи илм ва инноватсия дар арсаи байналмилалӣ иштирок менамояд ва дар сомонаи факултет ба номи сарвари он аз тарафи ширкати байналмилалии Zend Corporated 2 сертификати дараҷаи байналмилалӣ ворид гардид.
Дақиқназарӣ ва зуҳуроти истеъдоди донишҷў чи ҳикматҳоеро дар худ дорост. Яке аз донишҷўёни беҳтарин ва ояндадори факултети мо Шаҳрбонуи Юсуфиён дар конкурси банақшагирии «Ҷавонони соҳибистеъдод 2016» аз тарафи Чжу Тянсин – директори ООО «Хуавей технологии Тоҷикистон» соҳиби сертификат гардид ва Алишер Воҳидов барои иштироки фаъолона ва дастоварди илмӣ дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» бо сертификат ва ҳамин донишҷўи соҳибистеъдод, ки мо дар оянда аз ў умеди калон дорем, дар Озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин» бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, шарафи донишкадаро ҳимоя намуд, ки ба ў ҷойи 3-юмро сазовор диданд.
Дар асоси арзишҳои миллӣ тарбия намудани донишҷўён яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти педагогии мо мебошад. Ҳар як чорабиние, ки мо мегузаронем, ҳаракат мекунем, ки барои омода намудани он донишҷўён саҳмгир бошанд ва бо эҷодкорӣ чунин чорабиниҳоро хотирмон созанд ва боварияшон ба қувваи созандагии худ зиёд шавад, дар ин самт онҳо ҷустуҷў намоянд ва бо пешниҳодҳои ҷолиби худ, ки асоси илмӣ ва тахайюлӣ доранд, баромад намоянд.
Ҷашни «Наврўз»-и хуҷастапай сарчашмаи ҳамин кушоишҳо ва офаринишҳост. Дар соли равон, дар соли ҷавонон, бо иштироки васеи устодон ва донишҷўён барномаи идона тарҳрезӣ карда шуд, ки дар он таклифу пешниҳоди ҳар як донишҷў барои ороиши саҳна ва матни саҳначаҳо ба инобат гирифта шуд ва дар якҷоягӣ рўи саҳна оварда шуд. Ин амали якҷоя руҳияи устодон ва шогирдонро баланд гардонид. Ҳамоҳангӣ оҳанги мутантани зиндагист, ки онро дуруст ва самарабахш ба роҳ модани корҳои тарбиявӣ ба ҷавлон меорад. Барномаи тайёрнамудаи факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар ДМИТ дар соли равон дар байни дигар факултетҳо сазовори ҷойи 2-юм гардид, аз ҳама хурсандиовар он буд, ки донишҷўёни факултет Умаров Акмал ва Зокиров Абдумаликҷон барои бо маҳорати баланд намоиш додани анъанаҳои миллӣ дар намоишгоҳи байналмилалии таҷлили ҷашни «Наврўзи байналмилалӣ» дар Донишгоҳи Давлатии ба номи Нархози Ҷумҳурии Қазоқистон сазовори ҷойи 1-ум ва соҳиби дипломи дараҷаи 1-ум гардиданд. Ин дастовез дастовези донишкада аст ва мо онро самараи хуби корҳои тарбиявӣ мебинем ва як василаи боз ҳам мустаҳкамтар кардани Ваҳдати миллӣ медонем. Қайд кардан бамаврид аст, ки донишҷўи факултети мо Воҳидов Алишер дар даври Ҷумҳуриявии «Фестивали донишҷўёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» бахшида ба истиқболи Наврўзи байналмилалӣ дар соли 2017 ѓолиби ҷои 1-ум гардида, бо дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шуд.
Алоқаи мутақобила бо устодон, маслиҳату дастурҳои онҳоро ба роҳбарӣ гирифтан баракати корро дар тамоми самтҳои фаъолият зиёд мегардонад. Мо дар ҷода бо устодоне, ки донишҷўёни факултетро дарс мегўянд алоқаи зичи ҳамкорӣ дорем. Дар дарсҳои онҳо мунтазам иштирок намуда таҷрибаи пешқадами педагогӣ меомўзем, Дар бисёр мавридҳо таҳлили дарсҳои намунавии устодон дастраси умум гардонида мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки кор рўйсурхии инсон аст.
Натиҷаи ниҳоии кори мо 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ дар даври хотимавии Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар муайян гардид. Дар ҷамъбасти он аз донишкадаи мо Ашуров Самариддин донишҷўи курси якум бо дипломи дараҷаи 1-ум, Шамсов Сайидо бо дипломи дараҷаи 2-юм ва Нозанини Сорбон бо дипломи дараҷаи 3-юм мукофотонида шуданд. Ҳамчунин ба донишҷўён Солеҳхуҷаев Муҳаммадиқбол (устодаш Мирзоев Ѓуломҷон), Ҷалилов Алишер (устодаш Мухаммадиева Савриниссо), Каримов Ашур (Устодаш Муллоҷонов А.), Турсунова Меҳрангез (устодаш Махшулов Ҷумъа) бо Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ин нишондиҳанда рейтинги моро дар байни дигар факултетҳо ба ҷои аввал баровард.
Агар донишҷўёни мо дар байни донишҷўёнит беҳтарин макотиби олии ҷаҳон бо нишондиҳандаи сатҳи баланди илмӣ баромад намоянд он гоҳ мо метавонем дар пеши худ мақсадҳои баландтареро гузорем. Аз ин лиҳоз мехостам ёдовар шавам, ки шогирди мо Додоҷонзода Фирдавс Расул дар барномасозӣ аз рўи «Веббарнома» дар ҷаҳон дар ҷои 17-ум қарор дорад. Мо мунтазам вохурии шогирдони соҳибистеъдодро бо дигар донишҷўён ташкил менамоем ва барои равнақи кор дар кушоишҳои илмӣ ба ин қабил донишҷўён кумакҳои ҳаматарафа мерасонем.
Бахшида ба эълон гардидани соли 2017 « Соли ҷавонон» ва бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «КАРАТЕ-ДО» санаи 08.04.2017 баргузор гардид, ки дар он донишҷўи курси 1-уми факултет Ѓафуров Сайёд дар вазни 60 кг. сазовори ҷойи 2-юм гардид ва инчунин 5 кори озмунии ба ВМИҶТ ирсол шуда, 4 барномаи донишҷўёни ихтироъкор ба кумитаи ҷавонони Тоҷикистон равона карда шуданд ва бояд дар озмуни навбатӣ, ки дар рўзҳои наздик баргузор мегардад, ширкат варзанд. Мо итминони комил дорем, ки шогирдони мо дар ин озмун ба натиҷаҳои беҳтарин ноил мегарданд.
Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурӣ эродҳо нисбати он, ки ҷавонон имрўз кам ба китобхонӣ машѓуланд, садо дода истодаанд. Мо инро ба инобат гирифта тарѓиби китобу китобхонӣ ва истифода аз ин ганҷинаи бебаҳоро дар байни донишҷўён пурзўр намудем ва ба натиҷае ҳам ноил гардидем. Аз 23 декабри соли 2016 рейтинги бақайдгирии омаду рафт ва хониши китобхонаҳои электронӣ ва илмии донишкада, ки ҳар ҳафта ҷамъбаст мегардад, то имрўз факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар ҷои аввал қарор дорад ва аз рўи 3 номинатсияе, ки шўъбаи илм гузаронид аз рўи чопи мақолаҳо, нақшаи нашр, фаъолияти донишҷўён дар ин самт факултет дар ҷои аввал қарор дорад.
Кори тарбиявӣ дар ҳама самтҳо он вақт арзиш пайдо мекунад, ки шогирдони мо дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одобу рафтори хуб, муҳаббат ба илм ва инноватсия, риоя намудани тартиботро дар донишкада дошта бошанд. Ҳадафи асосӣ перомуни ин самти кор алоқаи доимӣ ва судманд бо хобгоҳи донишҷўён аст. Санаи 29-уми феврали соли ҷорӣ бо ибтикори садорати факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» дар хобгоҳи 1 донишкада маҳфили илмӣ таҳти унвони «Маърифати истифодабарии интернет» баргузор гардид. Муовини декан оид ба илм Умар Воҳидов чунин ақида дорад, ки зиёд кардани чунин чорабиниҳо донишҷўёнро дар омўзиши самтҳои алоҳидаи технологияҳои иттилоотӣ ва маърифати истифодабарии интернет ҳавасманд месозад. Дар ҳамоҳангӣ бо ин гузаронидани чорабиниҳои саволу ҷавоб аз рўи асарҳои хондашуда, дар баҳсҳо кушодани мақсаду мароми нависанда, қироати порчаҳои шеъриву насрӣ дар ташаккули шахсияти донишҷўён аҳамияти калон дорад.
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки ҷустуҷў намудан аз гўшаи эҷодкорист. Бо бовари комил метавон гуфт, ки соли ҷавонон дар донишкада соли бобарор хоҳад буд.
Нурализода Амрулло, декани факултети «Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» -и ДМИТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин