Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:09 – БОЛОТАР АЗ МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ЧИЗЕ НЕСТ 
  • 11:42 – ПАРВОЗИ ХАЁЛ 
  • 16:14 – 17 МАЙ - РЎЗИ АВВАЛИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН 
  • 10:55 – ДУРРИ ГАРОНБАҲОРО ПОКИЗА НИГОҲ ДОРЕМ 

ҶАВОНОНИ ХУШТОЛЕЪИ САЙЁРА

Дар ҳар давру замон халқиятҳо ва қавмҳо барои пос доштани забон, урфу одат, расму оин ва бунёди давлати мустақил талошҳо мекарданд. Мардуми тамадунофари тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ ҳамеша бар зидди душманони аҷнабӣ мубориза мебурд. Ба монанди шахсони сарсупурдаи миллати хеш - Куруши Кабир, Деваштичу Муқаннаъ, Маздаку Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Синои бузург ва Айниву Бобоҷон Ғаффуров, ки тамоми умри хешро барои сарҷаъмии миллат ва соҳиби давлати мустақил шудан сипарӣ намуданд, шаҳодат бар ин мебошад.
Баъд аз мушкилоти вазинини таърихӣ, ки беш аз ҳазор сол мардуми тоҷик зери азобу шиканҷаи аҷнибиён қарор дошт, Яздони пок шахсеро рўи олам овард, ки орзуву ормони деринтизорӣ миллати тоҷикро амалӣ сохт.
Ин марди ҷонфидои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз минбари баланди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои ҳақиқии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромада суханронӣ кард, ки дар "Суханҳои ў сулҳи миллат, нафаси ў сарҷамъии халқ, нигоҳи ў умедбахш ба ояндаи дурахшон, таъкидҳои ў наҷотбахш, гуфтаҳои ў сиёсати нангбедоркунанда, амалҳои ў истиқлолиятхоҳӣ ва орзуи қалби ў бунёди Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбуби ҳамаи мо" буд.
Тахти Қубоду Сомон, эй шаҳ, ба бар гирифтӣ,
Хуш Хусравонӣ тоҷе акнун ба сар гирифтӣ.
Нуру зиё бубахшӣ, бо нури чеҳраи худ,
Сулҳу суботи кишвар бо худ сипар гирифтӣ
Имрўзҳо мо ҷавонон зери сиёсати сулҳофарии Сарвари давлат ва дар нигини саёра яъне Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат олимону донишмандон низ ҷавононро дар рўҳияи ватандорӣ ва ватанпарварӣ тарбия намуда истодаанд. Тарбияи ин гуна ашхос ҳамон ғурури Рустамонаро дар замири насли ҷавон бедор карда, дар як самти варзиш ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ парчами тоҷикро парафшон месозанд.
Махсус, қайд кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷик бо шоирону донишмандон ва шахсони хирадманду нависандагони нотакрор кайҳо боз машҳур гардидааст. Чунки дар асарҳои пурғановат ва шеърҳои худ бузургони мо инсонҳоро ба дўст доштани Ватан ва азиз донистани ҳар ваҷаб хоки он, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми волидайн ва пеш аз ҳама инсон буданро афзал дониста, ба роҳи дурусти зиндагӣ талқин менамуданд.
Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти ҷидд зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кўшиш менамуданд. Имрўзҳо ҷавонон аз забони шоир Саидмуъмин Фаридун мегўянд:
Дар осмони бахти мо
Хуршед нурафшон бувад.
Халқи ҷаҳон донанд, к-ў
Эмомалӣ Раҳмон бувад.
Дар ақлу донишу хирад
Исмоили Сомон бувад
Бояд гуфт, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, дар баробари ин бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. ҲХДТ аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. ҲХДТ ҷавононро ҳамчун ояндаи давлату миллат эътироф намуда, нерўи тавоно, созанда ва ташаббусҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи ҷавонон кўшиш ба харҷ медиҳад. Бо мақсади ҷалби васеи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар зери партави сулҳу дўстӣ ва амониву якдигарфаҳмӣ дар назди ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" таъсис дода шудааст, ки он ба сифати заминаи асосии ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб, татбиқ намудани ҳадафҳои он, иштироки фаъолона дар маъракаҳои гуногуни сиёсӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонони мамлакат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани онҳо, дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва дигар мақсадҳо баромад мекунад. Тарбия намудани шахсиятҳои соҳибкасбу ҳунарманд ва донишвару ватандўст вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба монанди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии он "Созандагони Ватан" мебошад.
Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдрас шуданд, ки бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат мо соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон намудем. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.
Чунин таваҷҷуҳи пайваста, як соли тақвимиро бахшидан барои ҷавонон, далели пуштибонӣ ва дастгириҳои муҳиму саривақтии Сарвари дилсузу ғамхор нисбат ба ҷавонони кишвар мебошад.
Дар рўи сина дасти худро монда, бо ифтихор мегўям, ки аз лаби дарёи Сайҳун то Бадахшон, аз Рашту Хатлон то Зарафшон, аз Тоҷикистон то тамоми дунё то абад ман тоҷикам ва гуфтаҳои падаронаи Пешвои миллатро, ки борҳо таъкид кардаанд: "Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд" ҳамеша ёд хоҳам дошт ва тамоми неруи ақливу зеҳнии худро барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон равона хоҳам кард.
Ҷовидон ДАМИНОВ,
узви ТҶҶ "Созандагони Ватан"

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин