Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:21 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ 
  • 16:51 – Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид 
  • 08:16 – Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:06 – СИЁСАТИ КОМИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН 

Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд

Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати парлумонии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳти сарварии муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар Улуғбек Иноятов ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре зикр гардид, солҳои охир равобит миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев торафт густаришу таҳким ёфта, уфуқҳои нав ба навро касб менамоянд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкорӣ дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм диққати хос зоҳир намуданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд.

Тазаккур дода шуд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳарду давлат ба ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкории амалии мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ афзоиш меёбад.

Вобаста ба ин, бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ роҳандозӣ гардад.

Иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкории байнипарлумонӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконот ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва созанда сурат гирифт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин