Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ ЗИЁДА 70310 АДАД ДАРАХТОНИ ОРОИШИИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА МЕВАДИҲАНДА ШИНОНИДА ШУД.

ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ НИҲОЛШИНОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД” ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ ЗИЁДА 70310 АДАД  ДАРАХТОНИ ОРОИШИИ ҲАМЕШАСАБЗ ВА МЕВАДИҲАНДА ШИНОНИДА ШУД.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъвати Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти мамлакат аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯзҳои 5 ва 6 декабри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аксияи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” гузаронида шуд.
Дар аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ Муовини якум ва муовинони Раиси ҲХДТ, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамаи сохторҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Илова ба ин, дар аксияи ниҳолшинонӣ аъзои Кумитаи иҷроия дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо, вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ширкат варзида, дар ободонии диёр ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи Ватан саҳми намоёни худро гузоштанд.
Дар доираи аксияи ҷумҳуриявии ниҳолшинони таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” дар қаламрави мамлакат зиёда 70310 адад дарахтони ороишии ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Баргузории чунин аксияҳои ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард” минбаъд низ ба ифтихори ҷашни умумиллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин