Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номинатсия идома дорад.

Дар оғози маросими бошукӯҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зикр дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман» бо иқдомҳои наҷибу фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, нутқи отифӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ тибқи Амри Президент аз рӯйи панҷ номинатсия бо фарогирии мавқеъҳои бештар баргузор мешаванд.

Ба андешаи А. Раҳмонзода, хушбахтона, наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони мамлакат аз таъкиду ишораҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамуз гирифта, кӯшиш карда истодаанд, ки ба хотири ояндаи Ватани азизашон бештар талош намуда, дониш омӯзанд. «Сухандонӣ, сухан гуфтан, андешаи нек баён кардан аз қадим барои мардуми мо мерос мондааст. Бузургтарин чеҳраҳои адабию фарҳангӣ бо суханҳои пурмуҳтавою назари нек ва андешаҳои солиму диди ватандӯстона дар ҳама ҳолату вазъият мардумро бо ҳам муттаҳид карда, ғояҳои ватандӯстиро тарғиб кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, ҳар ишораи Пешвои миллат барои наврасону ҷавонони мо сабақи ибрат аст. Ҳадаф аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ он мебошад, ки мардуми мо сухандону китобхон бошанд»,- иброз дошт мавсуф.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин