
Ватан дорам чунин ширин, ки номаш Тоҷикистон аст,
Саросар лолаву насрин чу махмал куҳсорон аст.
Ватан дорам чунон зебо, биҳишти рўи ин дунё,
Зи чашми захми ҳар бадхоҳ, Худовандам нигахбон аст.
Ватан дорам чунон гулшан, Ватан асли ҳаёти ман,
Биҳишт аз рашки ин гулшан, даруни парда пинҳон аст.
Ватан дорам чунон обод, саросар мардуми озод,
Кунам бо мисрае ман ёд, Ватан ҷои бузургон аст.
Ватан оби фаровон аст, ҳазорон чашмасорон аст,
Чу оби Хизр дармон аст, шифобахши маризон аст.
Ҳазорон мардуми дунё, надоран маскану маъво,
Бигў аз ҷон биҳамдулло, диёрам Тоҷикистон аст.
Ватан дорам ватан модар, Ватан он ҳадяи Довар,
Ба Ҳаққи оли пайғамбар, Ватан чун модари ҷон аст.
Биҳишт асту на озоре, на касро бо касе коре,
Пур аз дукону бозоре, ҳама неъмат фаровон аст.
Ватан шуд дар ҷаҳон машҳур, замири шоираш пурнур,
Зи ғамҳо гаштаем мо дур, шукуфон чун Бадахшон аст.