Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
ҒАФФОР МИРЗО
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?
Чун нафаси накӯ бадар ман наравам, кӣ меравад?
Ҳар нафасе бадӣ шикор ман накунам, кӣ мекунад?
Сикка ба рӯи ахтарон ман назанам, кӣ мезанад?
Рахна ба оламе ҳазор ман накунам, кӣ мекунад?
Бори раҳи муродро ман накашам, кӣ мекашад?
Роҳ сабук ба раҳсипор ман накунам, кӣ мекунад?
Оташи эҳтирос дар ман надиҳам, кӣ медиҳад?
Сӯзу гудоз ихтиёр ман накунам, кӣ мекунад?
Мужда ба интизорҳо ман набарам, кӣ мебарад?
Ҷумла давои чашми чор ман накунам, кӣ мекунад?
Зин зи дӯши зинбапушт ман наканам, кӣ меканад?
Пири пиёдаро савор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷони базулммондаро ман нахарам, кӣ мехарад?
Адли фитода устувор ман накунам, кӣ мекунад?
Пардаи макру фитнаро ман надарам, кӣ медарад?
То паси парда ошкор ман накунам, кӣ мекунад?
Марги ситамгарони дад ман надиҳам, кӣ медиҳад?
Ҳифзи ситамкашони хор ман накунам, кӣ мекунад?
Заҳру зуқуми асрро ман начашам, кӣ мечашад?
Заҳр зи нӯш ихтисор ман накунам, кӣ мекунад?
Нони ҳалоли умрро ман нахӯрам, кӣ мехӯрад
В-аз амали худ ифтихор ман накунам, кӣ мекунад?
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин