Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:45 – Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» 
  • 09:13 – ХУРОФОТ аз чаҳолат сарчашма мегирад 
  • 16:55 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ тағироти кадрӣ ба амал оварданд 
  • 14:58 – Ҳаким Абўҳафси Суғдӣ – шоири ҳамаҳди Рўдакӣ 

ВАТАН ОБОД ГАРДАД

ВАТАН ОБОД ГАРДАД
Ғанӣ гардонидани тасаввуроти кўдакон дар бораи Ватан, об, забони модарӣ, муҳити табиат, меҳнат, садоқат, аз афсонаи модар ва мураббӣ ибтидо мегирад.
Ватан хонаи умед, макони бахту иқбол, сарчашмаи илму дониш, бахту иқбол, орзу ва умеду сарфарозии ҳамаи мост. Чуноне, ки модар яктост, Ватан, моҳу хуршед, замину осмон ҳама яктост.
Халқи мо Ватани худро дўст медорад ва омода аст баҳри он ҷони худро нисор кунад. Ба ин монандӣ Деваштичу Шерак, Темурмалику Восеъ. Дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудан ва ташаккул додани нутқи наврасон.
Мо дар давоми сол ба аксар ҷойҳои таърихии Душанбешаҳр рафта будем. Ба театри Лўхтак, ба осорхона, назди ҳайкали Сомонӣ, боғи ҳайвонот, боғи истироҳатии ҷавонон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафта будем. Мураббия ба навбат расмҳоро нишон дода мепурсад. Бачаҳо ин ҳайкалеро, ки аз тарафи чап мебинед, муҷассамаи кист?
Бачаҳо: Ин муҷассамаи бобои Сомонӣ ҳаст.
Мураббия: Кўчае, ки мо рафта истодаем чӣ ном дорад?
Ин кўчаи Исмоили Сомонӣ ном дорад.
Мураббия: Ана, ин кадом театр аст?
Бачаҳо: Ин театри Лоҳутӣ аст. Ман ҳамроҳи падарам ба ин ҷо омада будем. Хонаи бобоям дар наздикии театр аст.
Мураббия: Ана, ин бинои зебо Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ аст. Бародари ман дар ҳамин ҷо мехонад. Оянда муаллим шудан мехоҳад.
Мураббия: Ҳо, ана, дар он ҷо Боғи ботаникӣ аст. Мо ба ин ҷо омада будем ё не?
Бачаҳо: Омада будем.
Боғ нисбат ба пешинааш зебову озода шудааст. Ана, ин боғ бошад, боғи истироҳатии устод С. Айнӣ мебошад.
Ки ба ин боғ омад?
Мо рўзи истироҳат ба ин боғ омада будем. Ба ман бисёртар чархофалакаш маъқул шуд.
Мураббия: Бинед, тамошо кунед, гирду атроф чӣ хел зебо, сабзаҳо, гулҳо, оби софу мусаффо, табиати гирду атроф диққати касро ба олами афсона мебарад. Ҳозир мо чашмамонро мепушему худамонро дар олами афсонаҳо ҳис мекунем:
–Ҳо ана, гули қоқу, гули бобуна, чойкаҳак, гули чукри ё сиёҳалаф, гиёҳҳои шифобахши ҳазориспандро мебинем.
Ҳама аз олами афсона берун шавед.
Яъне Ватани мо манбаи растаниҳои шифобахш мебошад.
Мураббия: Ватани мо чӣ ном дорад?
Бачаҳо: Ватани мо Тоҷикистон ном дорад.
Мураббия: Ватани мо дорои кадом рамзҳо ҳаст?
Бачаҳо: Ватани мо дорои Нишон ва Парчам мебошад.
Наврасони азиз, меҳри Ватанро дар дилатон мустаҳкамтар ҷой намоед, онро дўст доред, баҳри ободию шукуфоӣ, пешравию тараққиёти Ватан саҳмгузор бошед, то фарзандони бовафои содиқ ва сазовори Ватан гардед.
Биеёд эй азизон ҷамъ бошем,
Барои якдигар чун шамъ бошем.
Ватан обод гардад чун ба роҳаш,
Вафодору ба ному нанг бошем.
Мавҷуда Тўраева
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин