Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста»

Ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста»
Санаи 19.01.2021 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамоиши бошукуњ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти унвони «Маърифати энергетикӣ – омили зиндагии шоиста» баргузор гардид.
Ҳамоишро ректори донишкада доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба дар болозикр андешаронӣ намуд. Дар ҳамоиш инчунин «Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар оид ба таҳлили амиқи вазъи имсолаи обиву энергетикӣ…» дар байни кормандони соҳаи маориф, хусусан дар байни шунавандагони курсҳои такмили ихтисос мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирифт.
Зимни суханронӣ Хоналӣ Қурбонзода таъкид намуд, ки омӯзгор бояд ҷавҳари аслии мазмуну мантиқи ин Муроҷиатномаро дарк намуда, бобати истифодаи оқилонаи неруи барқ дар хона ва дар ҷойи кор шоистаи ибрати дигарон бошад.
Инчунин таъкид гардид, ки кормандону муҳаққиқони донишкада ба таълифи дастурҳои методии «Маърифати оқилонаи истифодаи неруи барқ» машғуланд. Он барои тарбияи наврасону ҷавонон ҳамчун роҳнамо барои сарфакорӣ ба манфиати ояндаи ҷомеа нақши асоси дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам оид ба саҳми мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ, ҳифзу ҳофизаи таърихӣ, рушди босубботи ҷомеа ва мавқеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуд.
Номбурда инчунин оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёт, аз ҷумла баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии насли наврас, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, барҳам задани ихтилофоти маҳалгароӣ, фарҳанги бегона, густариш бахшидани маърифату ҷаҳонбинии сиёсӣ, меҳандӯстиву меҳанпарварӣ, садоқат ба Пешвои миллат ва оқибатҳои хатарзои таассубу ифротгароӣ суханронӣ намуда, ширкатварзидагонро барои тарбияи хуби насли наврасрӯҳияи ватану ватандӯстӣҳидоят намуд.
Дар чорабинӣ 143 нафар шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз ҳамаи минтақаҳои кишвар, кормандону омӯзгорони донишкада иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди маънавӣ гузаронида шуда, рафти баргузории он тариқи шабакаи телевизионии «Сафина» сабт ва инъикос гардид.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин