Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:51 – Зан - сафири сулҳу зебоӣ 
  • 15:19 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ 
  • 15:14 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 14:01 – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2021 

БАРГУЗОР ШУДАНИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ВА ШЎРОИ КУҲАНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОР ШУДАНИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ВА ШЎРОИ КУҲАНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОНИмрўз бо ташаббуси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ҷаласаи муштараки Кумита ва Шўрои куҳансолони Тоҷикистон даъват шуд. Дар ҷаласа ҳайати нави Шўрои куҳансолони Тоҷикистон, ки асосан аз ходимону арбобони шинохтаи кишвар иборат ҳастанд, муаррифӣ гардид.
Дар кори ҷаласа мушовири Бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иштирок ва суханронӣ кард. Аз ҷумла, ў раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудоба Мукаррамро табрик гуфта, ба ҳайати нави Шўрои куҳансолон муваффақият ва барори кор орзу кард. Илова ба ин, вобаста ба баъзе нуктаҳои Паём изҳори назар карда, дар бораи таъмини китобҳои таълимӣ ва дигар асбоби хониш дар мактабҳо ва литсейҳои касбӣ техникӣ ишорат кард. Инчунин, вобаста дар давраи пандемия барои пешгирии бемории сироятии Ковид 19 аз ҷониби Ҳукумат равона шудани 1, 6 миллион сомонӣ ёдовар шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Шўрои куҳансолон ва тасдиқи он, тарғибу ташвиқи муҳимтарини нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз ҷумла, Рудобаи Мукаррам Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар суханронии худ изҳор дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси ин ниҳод ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дастуру супоришҳо медиҳанд. Чанде пештар Нақшаи кори имсолаи Кумитаи иҷроия аз ҷониби Пешвои миллат имзо шуд, ки самтҳои фаъолияти моро дар соли 2021 муайян мекунанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракат дар бораи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ изҳори андеша карда, аз ҷумла гуфт: “Паёми Президенти Тоҷикистон ифодагари азамати истиқлоли кишвар мебошад. Паём қавитарин рукни фалсафаи умури давлатдорӣ ва ҷомеътарин дастуруламали фаъолияти мост. Аз ин рў, ҳар як банди возеҳи Паём як модели назария ва амалияи рушду такомулро дар тафаккури мо эҷод мекунад ва моҳияти ваҳдати миллиро баён месозад”.
БАРГУЗОР ШУДАНИ ҶАЛАСАИ МУШТАРАКИ ҲАРАКАТИ ҶАМЪИЯТИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ВА ШЎРОИ КУҲАНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН
Имрўз бо дастури Пешвои миллат мо Оинномаи Шўрои куҳансолони Тоҷикистонро бо ҳайати нави он мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои фаъолияти онро дар панҷ соли оянда муайян хоҳем кард. Аз ин рў, зарур аст, ки мувофиқи дарбоистҳои замон ба баъзе аз бандҳои он тағиру иловаҳо ворид намоем. Бояд зикр кард, ки Шўрои куҳансолони Тоҷикистон аз рўзи таъсисёбияш то имрўз барои татбиқ кардани сиёсати қавианосири Пешвои давлат дар самти иҷтимоӣ корҳои зиёдеро иҷро карда меояд. Илова ба ин, тамоми муҳимтарин рўйдодҳои кишварамон дар саҳифаҳои рўзномаи «Ваҳдат» инъикос мегарданд, ки дар пўшиши фазои иттилоотии Тоҷикистон дар радифи воситаҳои дигари ахбори омма нақши бориз дорад.
Раиси Шўрои куҳансолон Ғайбулло Афзалов бештар ба масъалаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат эътибор дода, фикру андешаҳои худро дар хусуси рушди соҳаи кишоварзӣ, энергетика, саноат, инчунин таваҷҷуҳи доимии Президенти кишварро ба маъюбон ва ятимони кул махсус таъкид кард.
Имсол барои ҳар кадоми мо соли махсус ва фаромўшнашаванда аст, зеро ҷашни бузург ва муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард. Барои дар сатҳи сазовор ҷашн гирифтани ин санаи муҳимми таърихи давлатдории кишвари тозаистиқлол ҳар кадоми мо бояд дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, саҳми худро ба ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон гузорем.
Ҷаласа дар маҷлисгоҳи бинои «Созидание» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин