Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ТУ МАРО БИШНОС…

Дар ҳошияи эҷоди устод Ҳақназар Ғоиб

Шоири маҳбуб ва ширинкалом, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Ҳақназар Ғоиб зиёда аз 50 сол аст, ки дар майдони адабиёти муосири тоҷик кору эҷод намуда, беш аз 30 маҷмуаи ашъор ба чоп расонидааст. Аз ҷумла маҷмуаҳои «Тӯшаи роҳ» (Душанбе, Ирфон. 1972), «Рамзи ҳаёт» (Душанбе, Ирфон 1976), «Нигоҳи гарм» (Душанбе, Ирфон 1981), «Атри гиёҳ» (Душанбе, Маориф, 1985), «Чашми саҳар» (Душанбе, Адиб, 1989) ба дӯстдорони каломи бадеъ шиносанд.
Дар шеърҳои Ҳақназар Ғоиб мавзуҳои худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсонӣ, сулҳу ягонагӣ, ваҳдати миллӣ мақоми хосаеро ишғол менамоянд. Воқеан ҳам шеъру таронаҳои шоири ширинсухан моломол аз меҳри миллату Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, дар шеъри «Нишони давлатӣ» шоир овардааст:
…Шараф ба ҳафт ахтару ба тоҷи равшанаш,
Ба хушаҳои гандумаш ба шамси доманаш.
Шараф ба мисраҳои ноби «Шоҳнома»-аш,
Ба ҷеҳраи хирад-ба нури куҳу барзанаш.
Баъд аз таҷлили ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат бо шукуҳу шаҳомати бузург баргузор гардид, бо устод Ҳақназар Ғоиб дар хонаи адибони шаҳри Кӯлоб вохӯрию дидорбинӣ доштем. Устод, ки дар ин ҷашни бузурги миллӣ ширкат дошт, аз вохӯрӣ бо Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ қаноатманд буду хотираҳои зиёде дошт. Устод дар васфи Ваҳдат менависад:
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Устод Ҳақназар Ғоиб воқеан ҳам шоири ватандӯст аст ва аз рамзҳои миллӣ ифтихор дорад. Пас аз мутолиаи ашъораш дар қалби ҳар як хонанда ҳисси ифтихори миллӣ ҷӯш мезанад:
Дар Парчами мо тоҷе тоҷикию тобон аст,
Он тоҷи Ватан бошад дар таҳти дилу ҷон аст.
Бӯсед варо аз меҳр, молед варо бар чашм,
Он рамзи ватандорист, мероси бузургон аст.
Хуршедсифат дар Шарқ ҷовид ливои мост
Он меҳри Худои мост, он рамзи бақои мост.
Устод Ҳақназар Ғоиб дар бисёр шеърҳояш ифтихор аз бузургони гузашта ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ба қалам додаст:
Фарзанди вафогузори Хатлонем,
Ҷону дили гарми Тоҷикистонем.
Мардони бузургро ту медонӣ,
Мо оташи рӯҳи он бузургонем.
Шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ андешаҳояшро оиди ашъори устод Ҳақназар Ғоиб чунин баён сохтааст. «Устод Ҳақназар Ғоиб аз шоирони бисёр тавоност, ки дар кори сухан таҷрибаи бисёр лозимаро андухтааст: ва нигоҳи ӯ дигар дар шеър нигоҳи сатҳӣ нест, балки нигоҳи бисёрпаҳлӯст, шеъраш ҷӯшиш дорад ва ба рангҳои тоза рангинкамонро мемонад. Ӯ шеър намебофад. Ӯ шеър мегӯяд, ки аз дарун меҷӯшад».
Чӣ гунае, ки дар боло зикр намудем, устод Ҳақназар Ғоиб мисли ҳар фарди баору номуси тоҷик хештаншиноси миллат аст:
Ёрон, зи ману зи Ориён медонед?
Аз куҳнаву аз нави ҷаҳон медонед?
Чун зоди ман аст аз Каён дар дунё,
Доро ба ман аст ҳамзамон, медонед?
Устод Ҳақназар Ғоиб гузаштаи таърихи талхи миллатро хеле хуб медонад ва онро дар шеърҳояш моҳирона ва ба мавқеъ тасвир намудааст. Ин маъниро дар шеъри «Мероси аспи Хатлонӣ» чунин ишора намудааст:
Надорам аспи Хатлонӣ,
Агарчӣ марди хатлиям…
Надорам ҳеҷ даъвое ба додистони таърихӣ,
Ки Искандар замоне аспи маро бурд бар Юнон,
Дигар дуздон ҳаме бурданд аспамро,
Вале зину лаҷомаш монд меросам,
Бар девори як осоргоҳи куҳнаи Лондон.
Мавзуҳои ашъори устод Ҳақназар Ғоиб хеле гуногун ва бисёрпаҳлӯст. Мисли дигар шоирон устод дар шеърҳояш модарро ҳамчун сарчашмаи зиндагии инсоният хеле хуб васф намудааст:
Ба чашмам нури дил аз нури модар,
Нигоҳи пурғаму масрури модар.
Накобедаш зи гӯри тираву тар,
Бикӯчондам ба сина гӯри модар.
Эй хонахудо ба мулку манзил модар,
Аз нури худо гирифта қандил модар.
Ман кашфи бузургият бикардам, ки тӯӣ,
Аз баъди худо бузург дар дил модар.
Шоир дурандешона ва оқилона дар шеърҳояш таъкид менамояд, ки ҳар як инсон пас аз худ бо нафъ расонидан ба мардум номи нек гузорад:
Аз субҳ ҳамеша ҷониби шом равем,
Зи оғоз ҳамеша сӯи анҷом равем,
Бок нест, ки зи аҷал бимонад боқӣ,
Тарсам аз он аҷал, ки беном равем.
Воқеаҳои номатлуб ва нооромиҳои сиёсии оғози солҳои 90-уми асри гузашта шоирро бетараф нагузоштааст:
Донӣ, ки чаман ба сад чаманро додем?
Сарҷамъии худ ба анҷуманро додем?
Душман ба мисоли Сарбадорон кушта,
Бар душмани дигаре Ватанро додем.
Эй халқ! Чӣ гӯямо ба ихлос ба ту.
Аз «санги сипосу»-у барлос ба ту,
Як умр ту саҷдаи дигарҳо кардӣ,
Аз соддагие, ки бошад он хос ба ту.
Устод Ҳақназар Ғоиб адиби бисёр серкор ва пурмаҳсул аст. Ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳамеша паи омӯзиш ва эҷод аст.
Солҳои охир ӯ якчанд маҷмуаи нави ашъорашро бо унвони «Муждаҳои ориёнӣ» (Душанбе, Паёми ошно 2013), «Гул шиша ва санг» ( бо ҳуруфи форсӣ Душанбе, Паёми ошно 2016), бахшида ба 20- солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ маҷмуаи «Дар таҷаллии офтоби М. Иқбол» (Душанбе Паёми ошно, 2017 ) ҳамчун армуғони адабӣ ҳадяи хонандагону ҳаводорони назм намуд.
Бузургии устод Ҳақназар Ғоиб боз дар он аст, ки дар баробари эҷоди шеър, қалами худро дар навиштани асарҳои насрӣ низ озмудааст ва дар ин ҷода хеле комёб ҳам гардидааст. Мисоли эҷоди ҳикояҳо, қиссаҳои лирикӣ ва достони «Ашки офтоб». Аз ҷумла дар достони «Ашки офтоб» нигоштааст: Сомониёни бузургро як иштибоҳот боварӣ ба туркони сипаҳсолор ва набудани такягоҳашон аз халқ шуд. Муҳаббати халқ ба давлат қудрати шикастнопазир аст. Халқ нонрезаи муқаддас аст. Онро мебояд ба чашм молид. Пас мо чӣ сабақ дорем аз ин иштибоҳҳо?!
Як паҳлӯи дигари эҷодиёти бою рангини устод Ҳақназар Ғоиб ин тарҷумаи асарҳои адибони хориҷӣ мебошад. Ӯ маҷмуаи шеърҳои адиби Озар Ҳусейн Ҳусейнзодаро бо номи «Меҳри замин» (Душанбе, Ирфон 1972), «Ҷоми ҷаҳонполо»-и шоири гурҷӣ Григол Абашидзе (Душанбе, Ирфон, 1985) ва маҷмуаи шеърҳои шоирон Евгений Евтушенко, Маҳдумқулӣ, Иван Бунин ва Евгений Баратинскийро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.
Дар ҳақиқат шеъри устод Ҳақназар Ғоиб содда ва оммафаҳм аст. Чӣ тавре, ки ӯ мегӯяд:
Ту маро ёд куну чун нафари хона шинос,
Ту маро ёр шаву ёру рафиқона шинос.
Ту маро бо нафаси ошиқи шӯрида биҷӯ,
Ту маро масти сухан гаштаю мастона шинос.
Ту, ки авлоди манӣ, қарзи ту бисёртар аст,
Ту маро хуб шиносу на чу бегона шинос.
Аъзам БОБОЕВ,
хабарнигори «Ваҳдат»


рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин