Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Зан - сафири сулҳу зебоӣ

Зан - сафири сулҳу зебоӣ
Имрўз бо ташаббуси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷуйдухтарон ва занону бонувони Муассисаи гайридаватии коллеҷи тиббии ноҳияи Рўдакӣ мулоқоти муфид баргузор гардид. Мавзўи асосии ин мулоқоти хотирмон нақши зан дар Паёми Пешвои муаззами миллат буд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрўз занону бонувони мо дар ҳама қишрҳои ҷомеа кор мекунанд ва бешубҳа қувваи пешоҳанги кишварамон мебошанд. Ба ибораи дигар, зан фариштаи гулпараст ва дар навбати худ сафири сулҳу зебоӣ мебошанд.
Дар сиёсати қавианосири Роҳбари давлат, пеш аз ҳама, ба омўзиши гулдухтарони тоҷик аҳаммияти махсус дода мешавад. Дар тўли 20 соли охир барномаи махсусе амал мекунад, ки дар он ҷавондухтарони ноҳияҳои дурдасти кўҳистон ба макотиби олӣ тибки квота ҷалб карда шуда, то имрўз ҳазорон мутахассисон дар гўшаву канорҳои ҷумҳурӣ кору фаъолияти созанда доранд.
Аз ин рў, занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Зан - сафири сулҳу зебоӣ
Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат низ афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ карда истодааст.
Дар мулоқот инчунин муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина ва аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Насриддинова Латофат иштирок ва суханронӣ карданд. Мулоқот дар остонаи баҳор, ки бо ҷашни бонувон оғоз мешавад, дар як рўҳияи созанда ва хотирмон баргузор гашт.
Дар фарҷоми вохўрӣ фаъолзанон ва донишҷўйдухтарон бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин