Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:20 – Китоби «Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон» ба нашр расид 
  • 09:49 – ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия 
  • 16:52 – «Конститутсия – кафили рушди босуботи кишвар»-таҳти ин унвон дар Вазорати маориф ва илм ҷамъомади идона баргузор гардид 
  • 16:49 – Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Вазорати корҳои дохилӣ тағироти кадрӣ 

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ.

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ.
Яке аз суннатҳову оинҳои неку хуҷастаи Наврӯзӣ хайру эҳсон ва кӯмаку дасти ёрӣ расонидан ба ятимону маъюбон мебошад.
Дар партавӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба ятимону маъюбон яке аз самтҳои муҳими иҷтимоии сиёсати давлатиро ифода месозад.
Имрӯз бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи шаҳри Душанбе, ки дар он зиёда аз 100 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд таълиму тарбия мегиранд, барномаи идона таҳти унвони "Тоҷикистон - ватани Наврӯз аст" ба ифтихори ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ.
Дар маҳфили бошукӯҳ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вакили мардумӣ, соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов, намояндагон аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарияти мактаб - интернати маъюбон иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Маҳмудҷон Муродов дастархони идона ва аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 101 нафар кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар барномаи консертӣ ҳофизони шинохта Шуҳрат Сайнак, Рустам Исоев, Чоршанбе Аловатов ва дигарон ба маҳфил шукӯҳи тоза эҳдо намуданд.
Хурсандии ин кӯдакони боргоҳи меҳр ҳадду канор надошт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин