Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:08 – АЛОҚАМАНДИИ НОГУСАСТАНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ 
  • 16:36 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ Истиқлолияти иқтисодиро фароҳам оварданд 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 16:29 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 

«БАРОБАР ШУД ШАБУ РӮЗАТ, МУБОРАК…». Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад

«БАРОБАР ШУД ШАБУ РӮЗАТ, МУБОРАК…». Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯзи имсола 20 март, соати 14:37 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод.

Ба гуфтаи олими тоҷик, «лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд».

Ба таъкиди доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра Қоҳирова, Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад.

Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки онро дар Форс (Эрон) ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.

Тавре дар ин байт омадааст:

Бародар, иди Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин