Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:41 – Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум доир гардид 
  • 21:05 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд 
  • 21:42 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 
  • 15:26 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд 

Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид

Хушқадам Хусравов маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев гардид25 март бахшида ба ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонӣ дар намуди самбо баргузор гардид. Дар он вазишгари шинохтаи тоҷик Хушқадам Хусравов иштироки фаъолона намуда, маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Анатолий Харлампиев гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши самбои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа варзишгари маъруфи тоҷик дар риштаи самбо Хушқадам Хусравов дар вазни 64-кг ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, барои медали тиллои мусобиқа бо намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминов рақобат намуд. Варзишгари тоҷик зимни муҳориба аз худ маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифи хеш дастболо шуд ва маротибаи дуюм барандаи Ҷоми ҷаҳонии Харлампиев гардид. Ба хотири ғалабаи самбочии тоҷик Хушқадам Хусравов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон бо тантана садо дод.

Хушқадам Хусравов соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон, ки дар пойтахти Руминия – шаҳри Бухарест баргузор гардида буд, ҳам медали тилло ва ҳам унвони чемпиони ҷаҳон ба даст оварда буд. Ин варзишгари шинохтаи тоҷик дар таърихи Тоҷикистон сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба самбо гардид.

Аввалин маротиба варзишгари тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба самборо моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба даст овард.

Дастоварди ӯро моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия варзишгари 23-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода такрор намуда буд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин