Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

ПОЯГУЗОРИ 30-СОЛИ ШУКУФОН

ПОЯГУЗОРИ 30-СОЛИ ШУКУФОН
(Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти миллӣ).
“Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ-ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдорию давлатсозии мо мебошад, ки ҳамдигарро нерӯи тоза ва тақвият мебахшанд”

Эмомалӣ Раҳмон

Таъкиди як нуқтаи муҳим зарур аст, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол санаҳое мавҷуданд, ки дар сарнавишти таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳар яки онҳо боиси оғози марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсози кишварамон гардидаанд.
Бино ба гуфтаҳои зикршуда 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаҳои баргузории Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон (16 ноябр- 2—декабри соли 1992), Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 6- ноябри соли 1994 ба тариқи Раъйдиҳии умумӣ ба вазифаи Президенти кишвар интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули Конститутсияи(Сарқонун)-и мамлакат ва 27-июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳим воқеан аз рӯйдодҳои нодири тақдирсози миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбанд.
Бо мурури солҳо ҳар қадар мо аз таърихи имзои ин Созишномаи сарнавиштсоз ва ваҳдатофарин дур мешавем, арзиш ва аҳамияти он боз ҳам бештару болотар гардида, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бо унвони меъмори сулҳу ваҳдат боз равшантар таҷассум мешаванд.
Маҳз бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нави созандагиву бунёдкорӣ оғоз гардид ва Ватани азизамон аз вартаи ҳалокату парокандагӣ наҷот ёфт. Барқарор шудани сулҳу субот имконият фароҳам овард, ки татбиқи барномаҳои муҳимтарини иқтисодию иҷтимоӣ бо ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ, гузаронидани маъракаҳои муҳими сиёсию фарҳангӣ оғоз гардид. Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аҳамияти бузурги байналмиллалӣ пайдо карда, фарҳанги сулҳи Пешвои миллати тоҷик мавриди эътирофи ҷаҳониён ва яке аз омилҳои муҳимтарини дар арсаи байналмиллал бо сарбаландиву шоистагӣ қадам задани Тоҷикистон гардид.
Гарчӣ равандҳои номатлуб ва душманони миллат, ки ба давлати осудаи мо таҳдидро эҷод мекунанд, аммо бидуни ин ҳама тундгароиҳову дастдарозии ҳамсоякишварҳо бо мақсади манфур Пешвои муаззами мо бо сиёсати одилонаву хирадмандона тибқи ваҳдат ҳама ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл намуда дар ҳар Паём аз зиракии сиёсӣ ва мақсадҳои равияҳои номухолиф суханронӣ намуда, асосан ҷавононро ҳушдор месозанд.
Давоми 30-соли шукуфон кишвари мо ба ҷаҳониён шинохта гардида, бо сарвариву роҳнамоии Пешвои заковатпешаи миллат ба дастовардҳо ва пешравиҳои назаррас шомил гардидааст. Бунёди Сангтӯда 1-2, бунёди Роғун, бунёди мактабҳо ва беморхонаҳо корхонаҳои саноатӣ ва садҳо дигар иншоотҳо ба инобат гирифта шуда, дастгириҳои одилонаву орифонаи ин амбармарди бузург ба ятимону хонаи пиронсолон ҳамешагӣ мебошад.
Соли “2018-2021 Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида, чандин корхонаҳои ҳунармандӣ бунёд гардид. Шуғли нави корӣ ва эҳё гардидани ҳунарҳои мардумиву аҷдодӣ, ки қариб аз байн мерафтанд пайгирӣ шуда, чеҳраҳои ҳунармандон зиёд гардиданд.
Аз ҷониби Пешвои миллат озмунҳои пурҳарорат ба роҳ монда шуда, аксари ҷавонон бо ҳидояту ғамхориҳои беназири роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷа таҳсил менамоянд.
Диққати асосӣ ва ҳамешагии Президенти кишвар ба соҳаи маориф ва фарҳанг равона буда, дар ҳар Паём оиди таваҷҷӯҳ ба донишомӯзии ҷавонон ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ зиёд аст.
Ба роҳ мондани озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои дарёфт намудани истеъдодҳои нав байни ҷавонон ва кормандони муассисаҳо пешбинӣ гардида, бо натиҷаҳои хуб иштирокчиёни беҳтарин бо тӯҳфаҳои пулӣ сарфароз гардидаанд.
Ҳар як давлату миллат бо пешвоёну нафарони бошараф ифтихор дорад ва ба ҷамъият тариқи ин гуна инсонҳо ворид гардида, мақому манзалати хешро дарёб мекунад. Ватани азизи мо низ бо заҳматҳои ҷонфидоёна ва шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ ва шинохта гардидааст.

Ваҳдат овардӣ ба мо, эй Пешво,
Миллати ман мекунад баҳрат дуо!
Бо ту ҷони Тоҷикистон зинда шуд,
Тоҷик аз нав миллати арзанда шуд!

Бо ифтихор васфи поягузори давлат, ки Ватани азизу аҷдодии моро аз ҳама гуна монеаҳо ва парешониҳо раҳо нумудааст бо самимияти афзун бо ин мисраҳо дуогӯ мебошем.

Диёрам кишвари файзу сахо бод,
Саропо махзани илму зиё бод!
Самимона сипоси шоирона,
Падарҷоно, мададгорат Худо бод!

Дар ин 30 соли шукуфон хидматҳои беназиру арзанда ва шоистаи таҳсини Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистони кунунии мо ба давлати мутамарказу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табдил ёфт! Ватани азизамон рӯз ба рӯз ободтару зеботар гардидаасту боз ҳам дилкаштару нозанинтар хоҳад шуд! Шараф ба Пешвои миллат, бо ин фидокориву Ватандориву Ватансозӣ!

30-соли шарофати Ватанро,
Бунёду назокати чаманро.
Шоиставу содиқона андеш,
Бишнос Паёми анҷуманро!

Бардошт қадам ба сӯи фардо,
Ӯ ҷамъ намуда мову манро.
30-соли пур аз ҳадаф муборак!
30-соли пур аз Шараф муборак!

Нодира НАЗАРӢ
ш.Истиқлол
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин