Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Истиқлолият кафили саодат, озодӣ ва сулҳу амният аст

Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон бисту шаш сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат давлати тоҷикон миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ҳаёти ҷомеаи мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бисёр пешравӣ ва муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин, пеш аз ҳама, ба сиёсати дўрандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дошта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу суботи кишвари азизамон беназир аст. Аз ҷумла, бунёди роҳҳо ҳамчун омили пайвасти манотиқи кишвар ва мамолики ба мо ҳамсоя ва дур, биноҳои замонавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, иншоотҳои бузург самараи даврони истиқлолият мебошанд. Комёбиҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат ҷойдошта, ба онҳо муваффақ гардид, ба ҳама маълуманд ва ин ҳамаро нодида гирифтан бешак камоли беинсофист.
Аз ҳама муҳим, имрўз дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост. Мо бояд аз ҳар як неъмати Парвардигор, аз ҷумла аз соҳибистиқлол гаштани давлати хеш шукргузорӣ намоем. Дар шароити кунунӣ мо бояд манфиати миллию ватанхоҳонаи худро афзал дониста, барои шукуфоии ин ватану давлат, ки чунин шароити муносиб ва озоди эътиқодиамонро фароҳам овардааст, амал намоем.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ташаббусу ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Президента ҷумҳурӣ ба сулҳу оштӣ ва ваҳдати комил расидем. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба мардуми тамаддунофари мо имкон дод, ки дар муддати кўтоҳ ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад, ки ин беназиртарин дастоварди миллати тоҷик дар марҳалаи душвори охири қарни бист мебошад.
Бинобар ин, мардуми мо бояд он рӯзҳои сангину нангинро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозад ва ба насли ҷавон фаҳмонанд, ки ба қадри ин неъмати бузург бирасанд ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Соҳаи маориф дар сиёсати давлат бахусус пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои афзалиятнок эълон гардида, воқеъан ҳам саҳми он дар рушду нумўи кишвар муассир аст. Зеро рушди ҷомеа аз рушди соҳаи маориф вобастагии зиёд дорад. Аз инҷост ки танҳо дар панҷ соли охир маблаѓгузории соҳа аз ҷумла маоши омўзгорон якуним маротиба зиёд гардидааст. Ё ин, ки дар 26 соли истиқлолият беш аз якуним ҳазор муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин низ дастоварди бузург ва гувоҳи афзалиятнокии соҳа аст.
Яке аз неъматҳое, ки мо ба қадри он бояд расем, ваҳдати миллӣ - ягона воситаи пойдории истиқлолияти давлатӣ, рушду нумӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии Ватани маҳбубамон мебошад.
Таърихи куҳани давлатдории мо низ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳолати аз байн рафтани ҳамбастагиву ваҳдати миллӣ, пайдо шудани нофаҳмӣ миёни мардум, гурӯҳҳои ҷудоиандозу бегонапараст бо суистифода аз манфиатҳои ғаразноки худ миллатро ба низоъ ва парокандагӣ мекашанд. Шукри Худованд, ки баъди ҳазор сол мо ба истиқлолияти воқеӣ расидем. Вале дар охири асри гузашта қувваҳои бегонапараст аз зудбоварӣ ва камтаҷрибагии мардуми мо истифода намуда, халқи Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилӣ ва бемаънии шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Дар ин гирдоби фоҷиабор мардуми шарифи Точикистон чӣ бадбахтиҳоеро аз cap гузаронид, чӣ талафоте дод, ба ҳамагон маълум аст.
Имрўз вазифаи ҳар яки мо аз таҳкими сулҳу ваҳдат, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободиву шукуфоии сарзамин, беш аз пеш боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум, пойдориву устувории Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиклол иборат мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри тинҷию амонӣ ва зиндагии осоишта расем ва ғояи ваҳдатофаринию сулҳу суботро ҳифз ва тараннум созем.
Абдулазиз Тоҷиддинов-мутахассиси раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин