Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

ЧИСТ ИСТИҚЛОЛИЯТ? ЭЪТИБОРИ МИЛЛАТ АСТ!

ЧИСТ ИСТИҚЛОЛИЯТ? ЭЪТИБОРИ МИЛЛАТ АСТ!
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи Тоҷикистони навин аз волотарин ва пурарзиштарин дастоварди сиёсӣ маҳсуб ёфта, муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар арсаи байналмиллал мебошад. Тӯли 30 сол ин ҷониб миллати тоҷик маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати дурандешонаи Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун миллати озоду тамаддунофар шинохта шуда, бо заҳматҳои аҳлона тамоми рукнҳои давлатдориву истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид ва баҳри ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ дод.
Тӯли ин солҳо кишвари мо бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро пушти сар намуда, ба ояндаи дурахшон раҳнамун гашт ва баҳри беҳтар намудани некӯаҳволии сокинони кишвар ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ чандин иншоотҳои стратегӣ аз қабили нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтӯда 1-2 ва ду чархи Роғунро мавриди истифода дода, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ обии Норак, Қайроқум, Бойғозӣ, Сарбанд ва дигаронро ба нақша гирифтааст. Баҳри баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ то ин муддат чандин ҳазор км роҳҳои ҷумҳуриявиву маҳаллӣ ва нақбҳо таҷдиду бунёд гашта, тамоми минтақаҳои кишвар ба ҳам пайваст карда шудаанд. Дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардонидани рӯзгори мардум соҳаи кишоварзӣ равнақ дода шуда, заминҳои ҳосилхез бо Фармони Роҳбари давлат ба деҳқонон тақсим карда шудаанд.
Имрӯзҳо низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ингуна иқдомҳои ватансозӣ идома дошта, тамоми сокинони кишвар бо шукргузорӣ аз зиндагии ободу рӯзгори осуда баҳри гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ва пешвози 30-юмин солгарди он ба корҳои бунёдкоронаву созандагӣ руй оварда, баҳри боз ҳам ободу зебо ва гулгулшукуфон намудани Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд.
Чор сол қабл санаи 19 декабри соли 2017 бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти кишвар таҳти №968 оид ба таҷлили сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расид, ки он барои тезонидани таҷдиду бунёди иншоотҳои сатҳашон гуногун заминаи мусоид гузошт.
Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом низ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилону фаъолони ҳизбӣ ва соҳибкорону саховатпешагон баҳри ободу зебо гардонидани шуҳру деҳотамон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоотҳои ҷашнӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти кишвар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили биноҳои истиқоматӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, майдону толорҳои варзишӣ ва мумфаршкуниву чароғонсозии роҳу кӯчаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз аксари он ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон баҳри истиқболи сазовори ҷашни мазкур тариқи ҳашар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба роҳ монда шудаст, ки он аз масъулияти баланди ҳизбиёни шаҳр бобати ободониву созандагии Ватани азизамон шаҳодат медиҳад.
Албатта, ҳамаи ин иқдомҳо дар партави сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳандозӣ гардида, баҳри дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои наҷиби ин ҳизби мардумӣ ва атрофи он муттаҳид гардидани тамоми қишрҳои ҷомеа шароит фароҳам хоҳад овард.
Ҳизбиёни шаҳр бо кӯшишу ғайрати худ минбаъд низ, барои рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, дар руҳияи гиромидошти арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукуҳи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида ,баҳри боз ҳам афзудани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зиёд намудани сафи он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Аббос ҚОБИЛОВ,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин