Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ВАҲДАТ-ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик дар остонаи яке аз ҷашнҳои бузургу азиз- ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорад.
Соҳиби давлати комилан мустақил гардидани миллати тоҷик дар таърихи навини халқи мо дар воқеъ рўйдоди муҳим, беназир ва бесобиқа аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад».
Дар тамоми тўли таърихи худ мо барои соҳиб гардидан ба давлати мустақил ва соҳибихтиёри хеш мубориза бурдааст. Ҳарчанд сарзамини тоҷикон борҳо аз ҷониби аҷнабиён забт ва тасарруф гардида бошад, ҳам, вале рўҳи озодихоҳӣ, иродаи мардуми мо барои эҳёи давлати миллии худ шикаст нахўрд, баръакс, бо гузашти асрҳою солҳо муборизаи аҷдодони мо торафт қавитар ва талоши ў ҷиҳати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр гардидан пурзўртар мешуд.
Сарвари давлату миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «ҳар гоҳ сухан аз Истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад».
Бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар рушду тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар марҳилаи нав оѓоз гардид. Ба шарофати ваҳдат мо имкон пайдо кардем, ки бисёр ҷашну идҳо, анъанаҳои миллии худро эҳё гардонем. Дар ин давра садҳо километр роҳҳоинав, пулу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, садҳо иншоотҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг қомат афрохтанд. Ба туфайли Ваҳдати миллӣ, бо ҳидоят ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо ба куллӣ таѓйир ёфт. Бунёд гардидану мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳҳои барқии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», НБО-и «Роѓун» низ маҳсули даврони Ваҳдат, соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ мебошад.
Барои равшантар баён намудани фикри худ, соҳаи тандурустиро мисол меорем. Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолӣ давраи рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ гардид. Ҳар сол дар сар то сари кишвар, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти вилояти овозадори Хатлон низ муассисаҳои зиёди соҳаи тандурустӣ қамат рост мекунанд, ки бо пешқадамтарин ва замонавитарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мебошанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бемайлон боло равад.
Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳоти бо маром идома ёфта, маҳс бо ташабусу дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дастгирии Раиси муаззами ҲХД муҳтаарм Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тўли солҳои охир сохтмони муассисаҳои тиббии замонавӣ вусъат ёфта, таъмиру барқарорсозӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҷаҳаз гардонида сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли беҳтар шудааст.
Дар солҳои Истиқлолият ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ ва татбиқи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуданд ва тавре Сарвари давлат қайд менамоянд, дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманд аз соли 1997 натанҳо таназзули иқтисодиёт боз дошта шуд, балки барои рушди муназзам ва устувори он заминаи боэътимод фароҳам омада, афзоиши тадриҷии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин гардид.
Ҳамаи рушду пешрафт, тараққиёту таҳаввулоте, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба амал омадаанд, ҳанўз ибтидои кор буда, бунёдкориҳои бузург дар пешанд. Барои рушди минбаъдаи Ватан, пиёда сохтани ҳадафҳои инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гардонидани чор ҳадафи асосӣ, яъне ба даст овардани истиқлолияти комили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоии пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноаткунонии мамлакат ҳанўз заҳматҳои зиёде бояд кашид. Барои ин мо бояд худшиносу худогоҳ, ҳисси ифтихори миллӣ дошта бошем ва пеш аз ҳама ватандўст бошем. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳидоят менамоянд, ки «мо ҳар қадар Ватанамонро бештар дўст дорем, бояд ҳамон андоза кўшиш намоем, ки арзишҳои илмию фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникию технологияи замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омўзем ва дар ҳаёт татбиқ намоем».
Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин