Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд

Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтандДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд.

Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш, бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносиботи Тоҷикистону Қатар дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Танин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан футбол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа миёни давлатҳо тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Ҳамчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр карданд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи футболи Қатар хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик дар Қатар таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол тибқи талаботҳои муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро сайқал медиҳанд.

Сипас Созишномаи ҳамкорӣ миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи футболи Қатар ба имзо расонида шуд, ки он тӯли панҷ сол амал мекунад ва дар он табодули дониш ва таҷриба, барномаҳои мушоҳида ва сафарбаркунӣ, таҳкими иқтидор, лагерҳои омӯзишӣ ва бозиҳои дӯстона пешбинӣ шудааст.

Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин