Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:14 – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд 
  • 17:35 – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд 
  • 10:56 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон 
  • 10:53 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок намуданд 

ЭҶОДИ СУЛҲ

ЭҶОДИ СУЛҲ

"Тоҷикистон барои бисёр миллатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад". Ин суханон ба собиқ муншии умумии СММ Кофи Анан дахл дорад, ки 22 июни соли 1999 дар Конгресси умумиҷаҳонии матбуоти рус гуфта буд.
Бале, дарси сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли оламиён ғайричашмдошт, беназир ва воқеан, эҷоди нав буд. Ғайричашмдошт барои гуруҳе, аз ҳамсояҳову абарқудратҳо ва худиҳо маҳсуб меёфт, барои он ки онҳо мехостанд, Ватани азизи мо- Тоҷикистон чун майдони ҷанги бародаркушу мавзеи хунрезӣ боқӣ бимонад, тарси ин гуруҳи муғризон аз он буд, то миллати тоҷик комилияти хешро эҳсос накунад ва аз таърихи 1000 сол қабл сабақ гирифта, соҳиби давлат нашавад, онҳо бештар ният доштанд, ки кишвари мо мисли давлати ҳамҷавораш Афғонистон ҷовидона ба ҳайси мазрааи ҷангу муноқишаҳои шаҳрвандӣ боқӣ бимонад. Беназир буд аз он хотир, ки оташи забоназадаи ҷангро танҳо хираде қобили хомӯш кардан дошт, ки назари илоҳӣ сӯйи ӯ бошад, ин ҳам ба ҷуз шахсе ба мисли Сарвари ҷавону ботадбири хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи нахусти роҳбарӣ ҳадафи асосии худро барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва баргардонидани садҳо ҳазор гурезагон равона карда буд, наметавонист ба ин комёбии нодир соҳиб шавад. Дар таърихи барқарор намудани сулҳу оштӣ миёни як халқ, дар муддати кӯтоҳ ба ҳам омадани бародарон, барқарор шудани ваҳдати миллии халқи тоҷик эҷоди нави сулҳ буд, ки тавассути хиради азалӣ ва талошу заҳматҳои беназири Сарвари кишвар ба амал пайваст. Маҳз, фикри равшанбини Президенти Тоҷикистон роҳбару роҳбалади ин воқеаи таърихӣ гашт, ки истиқрори сулҳ миёни гуруҳҳои разманда ба имзо расид. То ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ садҳо тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат рӯйи кор омад, аз ҷумла қонунҳои авф, матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма, хоса қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон" ва ғайра қабул карда шуд, ки барои таъмини сулҳ ва баргаштани гурезаҳо мусоидат намуданд. Бо таъкиди Сарвари давлат дар телевизион ва радиои давлатӣ барномаҳои мафкурасозе чун “Хоки Ватан” роҳандозӣ карда шуд, ки дар оштиву сулҳи миллӣ ва баргардонидани 800 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистону Қазоқистон ва Федеретсияи Руссия ба Тоҷикистон саҳми калидӣ бозид. Аз соли 1994 то соли 1997 дар марҳилаи басо мураккаб аз ҷониби Президенти кишвар ташаббусҳои беназир барои барқарор намудани ваҳдати комил ва қатъ намудани ҷанги таҳмилӣ ба анҷом расонида шуд, ки имрӯзҳо аз меваҳои ин боғи пурсамар, ки аз афкори сулҳхоҳонаи Роҳбари кишвар шодоб аст, ҳамагӣ баҳра мебарем. Бояд зикр намуд, ки ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадааст, зеро ҷараёни гуфтушунидҳои ду тараф басо мушкил, доманадор сурат мегирифт ва кафолате набуд, ки тарафи мухолифин дар ваъдаи худ устувор ҳастанд ё на. Ба ин монеаҳо нигоҳ накарда Президенти кишвар амнияти шахсии худро зери хатар гузошта, бо раёсати иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон 21 маротиба ба таври расмӣ ва даҳҳо маротиба ба таври ғайрирасмӣ сари мусоламат нишастанд. Ниҳоят 27 июни соли 1997 дар Маскав созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид заминаҳои сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон амалӣ гардид.Миллати тоҷик оғоз аз ҳамин сана ин рӯзи муборакро чун санаи муҳими таърихӣ ҷашн мегиранд ва шодбошӣ менамоянд.
Воқеан, мактаби сулҳоварӣ ва ваҳдатсози Пешвои миллат бузург ва мавриди омӯзиш бояд қарор гирад ва барҳақ аст, агар бигӯем, ки ин мактаб алакай самараҳои неки худро додааст. Муноқишаҳои сарҳадии охири моҳи апрели соли равон, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, кулли мардуми Ватани азизро ором нагузошт, аз тамоми гирду гӯшаи меҳан ҷавонмардони ватандӯсту ваҳдатхоҳ барои ҳифзу ҳиросати Ватан омода буданд, тавассути сомонаҳо, васоити ахбори омма аз миллати воҳид будани хеш изҳорот намуданд. Ин гувоҳи он аст, ки ормонҳои миллӣ барои ҳар як фарди бошарафи Ватан азиз аст ва баҳри амалишавии он ҳамаи қишри ҷомеа, бахусус ҷавонон талош меварзанд. Муқаддас донистан ва ҳифз намудани ваҳдати миллӣ ба ҷаҳониён аз миллати баркамол будани халқи тоҷик башорат медиҳад.
Порчаи ашъори шоири маҳбуби мо Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин маврид хеле ҷаззоб аст, ки гуфта:
Аз Ванҷу Панҷу Рашту Зарафшон Ватан шудам,
Аз даҳрию “маҷус”-у мусулмон Ватан шудам,
Аз ҳизбу кизбҳои парешон Ватан шудам,
Қавму қабила нестам, имрӯз миллатам!
Ман миллати ягонаи номусу ваҳдатам!
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил- узви фаъоли ҲХДТ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин