Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Мо ҳамсоли ваҳдатем

Шукри истиқлоли кишвар, пораҳо бо ҳам шуданд,
Пиру барно аз сари нав ҳамдилу ҳамдам шуданд.
Тоҷикони тоҷбарсар баъди садҳо дарду ранҷ,
Сулҳу ваҳдат хоста, ҷо зери як парчам шуданд.
Барои мо мояи ифтихор ва саодати бузургест, ки аз баракати ваҳдати миллӣ дар шароити сулҳу осоиш ва саодату хушбахтӣ, шоду хуррам зиндагии осуда ба сар мебарем. Дар таърихи миллати мо ва тамоми тоҷикистониён рӯзи 27 июни соли 1997 бо ҳарфи заррин сабт шудааст. Зеро ин рӯзи муборак ва фирӯзро дар асоси фармони Асосгузори Сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муддати 20 сол мешавад мардуми саодатманти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун «Рӯзи ваҳдати миллӣ» бо тантантана ид мекунанд ва басо рамзист, ки он сол ба сол дар миёни ҷашнҳои миллии мо мақоми хосаву шоистаро барои худ касб мекунад. Барои дарки амиқ ва заминаҳои асосии ин рӯзи воқеан ҳам барои миллати мо таърихӣ, месазад то андозае ба рӯзгори начандон дури кишварамон, давраи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем. Чуноне, ки аз саҳифаҳои таърихи навини мо тоҷикон бармеояд дар он марҳалаи ҳассоси таърихии ибтидои солҳои 90 – уми қарни XX, ки давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ пош мехӯрд ва ҷумҳуриҳои дар як замон дар доираи Иттиҳод қарордошта истиқлолияти сиёсии хешро эълон медоштанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибистиқлол гардид. Вале, чӣ тавре, ки ҳодисаҳои сиёсии ин марҳала собит намуд, дар саромади ин воқеаи барои мардуми тоҷик муҳим ва тақдирсоз, дар Тоҷикистон бӯҳрони сиёсӣ тезутунд гардид, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 – 1997 оварда расонид. Ҷанге, ки бори асолат ва фоҷиаи нангини он, то ба имрӯз дар андеша ва афкори ҷомеа таъсири ногувор боқӣ гузоштааст.
Тақдир ва рисолати таърихии миллати сарбаланди тоҷик ҳаводисҳои зиёдеро медонад, ки дар натиҷаи фоҷиаҳо дар ин сарзамин рӯзгори аз ҳама сангин барои давлат ва миллат ба вуҷуд омада, рӯҳи ноумедӣ фарогири назар ва ахлоқи ҷомеа мегардад. Ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати мо аз ҷумлаи ҳамин гуна фоҷиаи таърихӣ буд, ки асароти нангини он гушношунид буд. Вале рӯҳи мардонагии ин миллат, ки ҳамрадифи рисолати таърихии он дар симои шахсиятҳои бузурги таърихиаш қадам мезад ва он дар фарҳанг ва назари ахлоқии ҷомеа нақши созанда дошт, новобаста аз мушкилоти мавҷуда дар дили пиру ҷавони кишвар оташи умедро барои ояндаи нек мепарварид. Маҳз ҳамин умед ва рӯҳи созанда барои нишондани оташи ҷанг, ки дар назар ва андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд дошт, мардуми кишварро ба сулҳу саодат ва ваҳдати миллӣ даъват намуд ва дар як муддати кутоҳ дар Тоҷикистон субот таъмин гардид. Вале набояд фаромӯш кард, ки ин рӯзи пурсаодату нишотовар ба ивази талафоти бузурги модию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ба даст омад. Ҷашни имсолаи Ваҳдати миллӣ ба худ тантанаҳои зиёдеро овард. Комёбиҳо ва пирӯзиҳои мо меафзояд. Мардум саодатманд аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ба оянда бо назари нек менигаранд. Тоҷикистон шинохтаи ҷаҳон мегардад. Мо ҷавонон ҳамсоли Ваҳдати миллӣ ҳастем ва ваҳдати миллии худро пос нигоҳ медорем. Имсол, ки Соли ҷавонон аст, моро боис мегардад, ки ҷавонони созанда ва ободкунандаи диёри худ бошем ва дар зери сояи истиқлолият аз меваҳои ширини ваҳдати миллӣ баҳравар гардем. Ваҳдат рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки тақдирашро бо достони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки ваҳдати миллию давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Ҳарчанд, ки ваҳдати миллии мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву ваҳдати сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо карданд, шодоб гардиданд.
Ваҳдати мо тоҷикон, рамзи гуёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва мамлакат ва нишонаи равшани ватандӯстии мо мебошад. Ҷашни ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷаъмӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.

Зумрад Боқизода, донишҷӯи курси 2 – юми
факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои
байналмилалии Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин