Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:24 – Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 
  • 16:21 – Масъуди Сипанд, адиби эронитабори Амрико: «Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон аст» 
  • 10:36 – ПЕШРАФТИ МУРҒОБ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАНСУБ АСТ 
  • 16:51 – ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ… 

Ситоиши об дар сарчашмаҳои таърихӣ

Об аз аносире аст, ки назди ориёиён муқаддас ва эзидӣ ба шумор мерафтааст. Зеро аз қадимтарин айём дар Порс, ҳаммонанди ҷаҳонбинии сумарӣ, мўътақид ба нақши офаринандагии об дар низоми ҷаҳон будаанд. Аз ин рў, борҳо дар "Авесто" ба аҳамият ва тақаддуси он ишора шудааст. Дар "Обон-Яшт" ва "Тир-Яшт" дар бораи об сухан рафта ва Анаҳито (ба маънии поку беолоиш) ё Ноҳид ҳамчун эзадбонўи бузурги об ва борварӣ ситоиш шудааст.
Ситоиши об дар сарчашмаҳои таърихӣ
Муаррихони юнонӣ ситоиши обро ба ориёиён нисбат дода, менависанд: "Порсҳо дар миёни об бавл намекунанд, оби даҳан бад-он намеандозанд ва дар он даст намешўянд", ки албатта, мақсуд оби ҷорӣ аст, ки бояд аз ҳар гуна касофат ба дур бимонад. Онҳо, ҳамчунин, таи маросим барои об қурбонӣ ва фидя медоданд. Дар ривоёт ҳаст, ки як қарн қабл аз милод порсиён ҳангоми қурбонӣ барои фариштаи об дар канори рўд ё сарчашма ва каронаи дарё гўдоле меканданд ва дар канори он қурбонӣ мекарданд, ба тавре ки об бо хуни қурбонӣ олуда намешудааст. Ин маросим ва эҳтиромот то қуруни панҷуму шашуми милодӣ низ идома доштааст.
Абўрайҳон (дар "Осор-ул-боқия") навиштааст: Рўзи ёздаҳуми Исфанд рўзи "Хур" аст, ки аввали Гоҳанбори дувум мебошад. Дар ин рўз буд, ки Худованд обро офарид. Ҳаштумин моҳи сол ва даҳумин рўзи моҳ ба номи ин унсур Обон номида шудааст. Унсури об ду фариштаи нигаҳбон дорад: яке Апам Напат (Apemnapat) ва дигаре Анаҳито ё Ноҳид, ки ба унвони фариштаи махсуси об аз он ёд мешавад ва дар "Обон-Яшт" аз ҷалолу азамати ў сухан рафтааст. Исми комили ин фаришта Ардависура Ноҳид мебошад ва чун муаннас аст, гоҳе калимаи "бону"-ро ҳам ба аввали он изофа мекунанд. Дар мутуни авестоӣ гоҳе "Об" ба унвони фариштаи ин унсур муаррифӣ мешавад.
Дар лавҳае аз алвоҳи куҳани Бобул омада, ки Кайҳон нахуст тўдае захим аз об буд ва дар он бо мурури замон худоён яке пас аз дигаре ба вуҷуд омаданд ва ба тадриҷ корҳои мутобиқи ақлу ҳикмат карданд то оқибат яке аз он миён, ки аз ҳама нирўмандтар буд, бар он шуд заминро биёфаринад. Пас, бо амри ў тўфоне пуринқилоб зоҳир шуд ва замини хушк аз дарёи об ҷудо гашт. Он гоҳ корҳо ба сомон шуданд ва ҳадде барои обҳои осмонӣ ва заминӣ муқаррар шуд ва ҳудуди рўдҳо маълум гардид.
Таъсири об дар офариниш дар асотири ҳиндӣ низ мавриди таваҷҷуҳ аст. Дар ҳамосаи "Рамаяна" нақл шудааст, ки ҳама ҷо об буд ва замин дар об ташкил шуд ва Бараҳмо қоим ба зот буд ва дигар худоён дар об ба вуҷуд омаданд. Сипас, Бараҳмо ба сурати гуроз даромад ва заминро аз даруни об боло овард ва ҷаҳонро офарид... Ҳамчунин, навиштаанд, ки Вишну, яке аз се эзиди бисёр нирўманди Ҳиндро ба об, ки пеш аз хилқати ин ҷаҳон дар ҳама ҷо сорӣ ва ҷорӣ будааст, мансуб доштаанд ва бад-ин ҷиҳат ўро Норояно, яъне мутаҳаррик дар обҳо хондаанд.
Гардезӣ (дар "Зайн-ул-ахбор") овардааст, ки яке аз фирқаҳои Ҳинди бостон "Обпарастон" будаанд; ва чунин гўянд, ки барои об фариштае аст ва об асли ҳамаи набототу ҷонварон аст ва асли зиндагонӣ ўст. Он гоҳ маросиме ба онҳо нисбат додаанд, ки ғолибан дар иртибот бо об аст ва аз тақаддуси он дар назди ҳиндувон ҳикоят мекунад.
Дар ривоёти сомӣ низ нақши об дар офариниш бисёр муҳим аст. Дар сифати пайдоиш омадааст: "...Ва Худо гуфт: "Фалаке бошад дар миёни обҳо ва обҳоро ҷудо кунад ва Худо фалакро бисохт ва обҳои зери фалакро аз обҳои болои фалак ҷудо кард" ва чунин шуд... Ва Худо гуфт: "Обҳои зери осмон дар як ҷо ҷамъ шаванд ва хушкӣ зоҳир гардад" ва чунин шуд; ва Худо хушкиро замин номид ва иҷтимои обҳоро дарё номид".
Дар ривоёти исломӣ (аз ҷумла, Балъамӣ) омадааст, ки Худои таъоло пас аз офаридани лавҳ ва арш ва курсӣ ҳама оламро яксара аз об офарид. Он гоҳ бо ҳайбат як назар ба об нигарист. Он об аз ҳайбати Худои таъоло барҷўшид ва дуд аз миёни об баромад; аз он дуд осмонҳоро офарид (Фусилат, 11); ҷои дигар (Анбиё, 30) зиндагии ҳама чиз аз об дониста шуда ва ҷои дигар арши Худо бар рўи об таҷассум гардидааст, ки соҳиби "Маҷмаъ-ул-баён" онро далел бар ин гирифта, ки пеш аз хилқати замину осмон об ҳамроҳи арши Худо вуҷуд дошта ва, дар воқеъ, ин унсур ба қудрати Худованд қоим буд ва на ба чизе дигар. Дар ривоёте мансуб ба маъсумият омада ("Сафинаи баҳор-ул-анвор"): "Об аввалин чизе буд, ки Худо офарид"... Дар Қуръони маҷид 63 бор калимаи "моъ" (яъне об - А. Н.) ба кор рафтааст.
Аҳамияти об дар эътиқодоти омма аз қадимтарин рўзгор то замони ҳозир низ мавриди таваҷҷуҳ будааст. Муғулҳо дар вақти зарурат ба навъе ҷодугарӣ ба номи "ҷадомишӣ" мутавассил мешуданд ва он иборат буд аз чанд санг, ки эътиқод доштанд чун онҳоро дар об ниҳанд ва бишўянд, дар ҳол, агарчи қалби тобистон бошад, сармову барфу борон ва дама падид меояд ва аз он барои қаҳри душманон истифода мекарданд. Ҳанўз ҳам дар бисёре аз боварҳои авом ҷанбаи асотирии об ошкор аст. Масалан, косаи об бар сари суфраи ақд мениҳанд ва пас аз маросими ақд косаи обро бар сари арўс мерезанд. Оби чаҳор гўшаи бомро агар дар пўсти тухми мурғ кунанд ва ба зан бидиҳанд, обистан мешавад; обу намак маҳрияи ҳазрати Заҳро (а) аст ва набояд онро олўда кард, ки дақиқан ёдовари ривоёти куҳан мебошад.
Масъудӣ, он ҷо ки достони офаринишро аз гуфтаи пешиниён меоварад, мегўяд: ҳама чиз дар оғоз аз об офарида шуд, осмон аз об офарида шуд, замин аз об падид омад, ва арши Худо низ бар об буд. Ин назария, чунон ки медонем, наздик аст ба эътиқоди бархе аз ҳукамои Юнони бостон, ки обро модат-ул-мавод ва унсури падидоварандаи олам медонанд. Низомии Ганҷавӣ дар "Искандарнома", ҳангоми анҷуман кардани Искандар бо ҳафт ҳаким назари Воленс (ҳакими юнонӣ ва надими Искандар)-ро дар бораи офариниши нахуст... нақл кардааст. Ҳаким Носири Хусрав. дар баёни таркиби олам гуфтааст:
Ниҳоди олами таркибу чарху ҳафт ахтар
Шуд офарида ба тартиб аз ин чаҳор гавҳар.
Зи оби равшану аз хоки тираву оташу бод,
Чаҳор гавҳару ҳар чаҳор зидди якдигар.
Чунонки аз ҳамин абёт пайдост, об бо се унсури дигар - хоку боду оташ, маҷмўъан аносири арбаъа ва ё ба қавли ҳукамои исломӣ, "уммаҳоти арбаъа"-ро ташкил медиҳанд, ки ин уммаҳот таҳти тоъсири обои сабъа (ҳафт аҷром, ҳафт ситора: Қамар, Аторуд, Зуҳра, Шамс, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал), маволиди салоса (ҷимод, набот ва ҳайвон)-ро мўҷиб мешавад ва ҳосили он, ки об ба унвони яке аз чаҳор унсури муваллид ва ҳаётбахш мавриди назари қудамо будааст.
Ба эътиқоди қудамо, тамоми муваллидот ва мавҷудоти олами кавну фасод ва дар натиҷа ҷаҳони ҷисмонӣ аз чаҳор унсури басит падид омадаанд, ки ҳар кадом табъи вижаи хешро доранд…
Таҳияи А. НАБАВӢ
рейтинг: 
Оставить комментарий
  1. Народ кому интересно нашла отличный торрент плеер Kino-Torrent версия PRO
    Все фильмы, сериалы и мультики в одной программе - просмотр и скачивание. Бесплатно и без рекламы.
    Быстрый поиск по всему рунету. Обновления фильмов точно в день выхода в кинотеатрах.
    Сегодня добавленно: "Мег: Монстр глубины" "Днюха!" "Mamma Mia! 2"
    Скачать Kino-Torrent версии стандарт можно с офф сайта: KinoTorrentSetup
    Скачать Kino-Torrent версии PRO (Nulled) можно здесь: KinoTorrentPro
    Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин