Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 18:25 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  • 16:58 – МАЪРИФАТИ ВАҲДАТУ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ОҒОЗ МЕГАРДАД 
  • 14:57 – ТОҶИКИСТОНИЁНРО ДАР СОЛИ 2018 ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? 
  • 14:18 – Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Эҳдои ғояи ватандорӣ арзиши умумиҷаҳонист

Дар Тоҷикистони азизамон бо шарофати сулҳу ваҳдат ҳар рӯз як навигарии некфарҷом ба вуҷуд омада, ватанро дар назари мо шукуфотару боарзиштар месозад. Самараи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои миллати мо фарҳанги гузаштаамонро аз нав эҳё намуд ва дар давраи 26 соли истиқлолият мо тавонистем дар байни давлатҳои дунё миллати тоҷикро бо таърихи пурғановат ва асолати аслияш муаррифӣ намоем.
Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз ихтилоф ва моҷаро аст, нигоҳ доштани вазъи ором ва амнияти комил барои давлатҳои алоҳида хеле мушкил аст. Новобаста ба мушкилиҳои зиёди пасисаркарда миллати тоҷик тавонист, ки фарҳанги сулҳу ваҳдатофарии худро ба ҷаҳониён намоиш диҳад ва, хушбахтона, сулҳи тоҷикон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як мактаби ибратомӯзи сулҳофар пазируфта шудааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои нек ва рӯҳбахш, имрӯз як гурӯҳ ашхосе ҳастанд, ки дар дил танҳо ҳубби ҷоҳ (ба даст овардани мансаб) мепарваранд ва моро ором намегузоранд, то ба ҳидоятҳои Пешвои миллат бошем ва дар ватан ба ободкорӣ машғул шавем ва нотавонбиноне, ки аз хориҷ ба сӯи ватани худ санг меандозанд, нафрат дошта бошем ва ба дунё аз оинаи ҳақиқат нигарем. Чунин ашхоси пастфитрат бори дигар мехоҳанд мардуми осуда ва ороми моро ноором ва Тоҷикистонро нотинҷ созанд.
Шайх Саъдӣ ба ин маънӣ хеле хуб фармудааст:

Не ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад одам аст,
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.

Чунин ашхос дар ниқоби ҲНИТ аз тамоми паҳлуҳо бо тамоми тавон ва роҳу усулҳои моҷароҷӯёна мубориза бурда истодаанд, то худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд ва аз бегуноҳии худ ҳарф зананд. Агар мо ба фаъолияти ин ҳизб дақиқтар назар андозем, мебинем, ки намояндагони он танҳо ба хотири ба даст овардани пул ва сарват бо тамоми кишварҳои исломӣ муносибат дошта, худро бо онҳо дӯсти ҷонӣ нишон медиҳанд.
Махсусан, баъди муайян гаштани муносибати Ҷумҳурии исломии Эрон бо ин ҳизб, бисёр ақида ва ниятҳои нопокашон ба халқи Тоҷикистон маълум гардид. Намояндагони дар хориҷбудаи ҲНИТ аз пайравони шиа буданашон истифода намуда, то ҳанӯз дар атрофи онҳо чархида гаштаанд, ки пуштибоне дошта бошанд, аммо бо чунин рафтори ноҷавонмардона онҳо ҳаргиз ба ҳадаф наҳоҳанд расид.
Такмили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар буда, ҳалли масъалаҳои марбут ба танзими робитаи дину давлат ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ ба ташкилоту муассисаҳои динӣ натанҳо масъалаи сирф динию фарҳангӣ, балки як мавзӯи муҳими илмию пажӯҳишӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ мебошад. Равандҳои сиёсии солҳои охир дар дохили кишвар ва хориҷ аз он ба рӯшанӣ нишон доданд, ки имрӯз масъалаҳои марбут ба дин ба таври бевосита ба масъалаҳои суботу амнияти ҷомеа ва манфиатҳои милливу давлатии мо бо кишварҳои дигар иртиботи мустақим пайдо намудаанд.
Муносибати дину давлат ва, дар зимни он, муносибати уламои динӣ ва сиёсат аз печидатарин масъалаҳоест, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо, динҳо, давлатҳо ва давраҳои таърихӣ ҳамчун яке аз муаммоҳои давлатдориву ҷомеадорӣ матраҳ будааст. Ибораву формулаҳои машҳуре чун «давлати теократӣ», «давлати динӣ», «давлати дунявӣ», «ҷудоии дин аз давлат», «ҳамкории дину давлат», «омезиши дину давлат» ва ғайра на посухҳои ниҳоӣ, балки танҳо марҳилаҳое аз идомаи муомилаи абадии дину давлат ва рӯҳониёну сиёсат будаанд. Яъне, новобаста аз номгузориҳои башарӣ, муаммои дину давлат ва рӯҳонию сиёсат ҳамчунон идома доштааст ва идома хоҳад дошт.
Экстремизм, чӣ хеле ки маълум аст, дар шакли том ҳамчун пайравӣ намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирӣ баҳо дода мешавад, ки қатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеабударо инкор менамояд. Экстремизме, ки дар фазои сиёсии ҷомеа амал мекунад, экстремизми сиёсӣ ном дорад ва экстремизме, ки дар фазои динӣ амал мекунад, экстремизми динӣ ном гирифтааст. Дар масири эътиқод ба дин на фақат дар ислом иқтидоран зуҳуроти экстремизм вуҷуд дорад. Худи парастиши дин ба одам рафторҳои ба идеологияи марбутаро муқаррар намуда, ҳисси тобеият, дарки уҳдадориҳоро дар намуди амру наҳй ҳидоят мекунад. Дин ба ҳамаи тарафдоронаш барои мубориза бурдан далел меорад. Барои ҳамин дар асрҳои гуногун ва дар минтақаҳои гуногун новобаста аз дин экстремизми динӣ ба вуҷуд омадааст.
Омӯзиши терроризм ва таассуби мазҳабӣ ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби мазҳабӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст. Ин падида хусусан аз оғози чоряки охири асри XX ва оғози асри XX1 мелодӣ ба шиддат дар ҳоли фарогиршавӣ аст.
Аммо аломатҳои терроризми замони муосир ҷалб намудани мардум ба саҳнаи ҷанги қудратҳо ва истифода аз мардум дар ҷиҳати қонунӣ ва ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад ва аз роҳҳои даҳшатафканӣ ва таҳдиди мардум ба террор ва баъзан бо анҷоми чанд иқдоми террористӣ ба давлатҳои худ фишор овардан аст, то ин давлатҳо дар масоили ҳалли мушкилоти онҳо саҳмгир бошанд.
Зимомдорони терроризми муосири мазҳабие, ки маҳдуд ба баъзе аз фирқаҳо ва гурӯҳҳои мазҳабӣ мешаванд, бар ин боваранд, ки илқои онҳо аз ҳастӣ ва таҳаввулоти ҷории зиндагии афрод аз асилтарин ақидаҳо буда, дигароне, ки аз хориҷ дар доираи ҷаҳонбинии онҳо қарор намегиранд, комилан ботил аст. Бинобар ин ё бояд ба роҳи рост, ки хоси дину оини онҳост, дароянд ва ба ҳар доираи тафаккур ва талаботи онҳо маҳдуд бошанд.
Пайравони чунин фирқа ё мазҳабҳо дар сурати салоҳдиди роҳбаронашон бояд бо истифода аз хушунат андешаҳо, ақидаҳо ва бардоштҳои хоссаашонро амалӣ созанд. Ин даста аз терроризм танҳо раҳбари мазҳабии худро пазируфта ва дигар мазҳабҳоро саркӯб мекунад.
Боз он чиз нигаронкунанда аст, ки баъзе уламои муътабари исломии мо рисолаташонро танҳо дар таблиғи савоби рӯзаю намоз, тоату ибодат медонанд. Барояшон инсони комил ҳамон нафарест, ки пайваста дар тоату ибодат аст. Кас ба суханон ва амали воқеии аҳли тақво баҳо доданӣ шуда, онро эҳсос мекунад, ки эшонро масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию техникии давлат ва аз вартаи вобастагӣ раҳо додан ба ташвиш намеорад ва дар ин ҷода, баръакс, ба аҳли илму пажӯҳишгарони илмҳои дунявӣ ва, умуман маориф, садди роҳ мешаванд.
Олами воқеӣ олами заминӣ буда, дар он рафтору кирдор, тарзи тафаккуру андешаронӣ, нақши ҳар кадом фарди солимақли ҷомеа, на танҳо аз ҷониби атрофиён, балки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳо дода мешавад. Ин бисёр ченаки арзишманд аст ва ҳар як узви ҷомеа бояд онро аз мавриди амал қарор гирифтан дур насозад.

Амрулло Нурализода, декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт
рейтинг: 
Оставить комментарий
An esteem is a general esteem on the off chance that it has a similar esteem or worth for all, or all, individuals Assignment Writing Service UK circles of human esteem incorporate profound quality, tasteful inclination, human attributes, human undertaking, and social request.

An esteem is a general esteem on the off chance that it has a similar esteem or worth for all, or all, individuals Assignment Writing Service UK circles of human esteem incorporate profound quality, tasteful inclination, human attributes, human undertaking, and social request.
Ответить
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин