Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 14:15 – ЗАБОНИ МИЛЛӢ, МАНФИАТИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АРЗИШҲОИ МУҲИММИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
  • 10:47 – Ба чор ноҳияи вилояти Хатлони 9 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд 
  • 14:51 – Дар пойтхати Эстония аз натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе гуфтанд 
  • 14:47 – Тоҷикистону Ҳиндустон масоили марбут энергетикаро баррасӣ намуданд 

РЎЗНОМАИ "ОВОЗИ ТОҶИК": ТОҶИКИСТОН ВА ЎЗБЕКИСТОН АКНУН ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД

Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон, ки рўзҳои 17-18 август сурат гирифт, аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи Ўзбекистон ҳодисаи муҳимтарини таърихӣ маънидод карда шуд.

Рўзномаи "Овози тоҷик", ки нашрияи Маҷлиси Олӣ ("Олиймажлис") ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон мебошад, сармақолаи шумораи навбатиро аз 18-уми августи соли 2018 бо сарлавҳаи "Ўзбекистон ва Тоҷикистон - шарикони стратегӣ" нашр намудааст. Муаллифи сармақола Матназар Элмуродов навиштааст: "Мардумони Ўзбекистон ва Тоҷикистонро риштаҳои қадимии дўстӣ ва нек ҳамсоягӣ, маданият, анъана ва таомули шабеҳ ва дини ягона мепайвандад. Ташрифи нахустини давлатии Президенти Тоҷикистон чун рўйдоди боаҳамият дар таърихи муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад".
Сипас, муаллиф ҷараёни сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос карда, доир ба "Боздиди сарони ҳар ду давлат аз хиёбони Мустақиллик, гулгузории Сарвари давлати тоҷикон дар назди Муҷассамаи истиқлолият ва инсонпарварӣ, баргузор шудани чорабиниҳои асосӣ дар қароргоҳи Кўксарой, мулоқоти хосаи сарони ду давлат, мулоқот бо иштироки ҳайати васеи расмӣ, маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои стандарткунонӣ, метрология ва сертификат, сиёсати зиддимонополистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, баргузор кардани тадқиқоти муштараки стратегии илмӣ дар соҳаҳои геология, ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои илмиву техникӣ, кишоварзӣ, дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, таълим, сиёсати ҷавонон, маданият ва санъат, имзо шудани муоҳидаҳо дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва маданияту инсонпарварӣ байни минтақаҳои кишварҳои мо, аз ҷумла байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд" маълумоти муфасал пешниҳод кардааст.
"Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Изҳороти муштарак ва Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд", - ин нукта дар сармақола махсус дарҷ карда шудааст.
Дар мақола ҳамчунин чунин зикр шудааст: "Президентҳо мулоқотро дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд. Истифодаи сарфакоронаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба шумор меравад. Ҷонибҳо дар самти мазкур тарафдори идома додани мулоқоти ошкоро мебошанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи сохтмони ду неругоҳи гидроэлектрикии иқтидорашон 320 мегаватт дар қисми тоҷикистонии дарёи Зарафшон бо иштироки ширкатҳои Ўзбекистон ва Тоҷикистон шартнома баста шуд".
Дар ин шумора, инчунин, мақолаҳои раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова "Оғози нав ва рушди муносибатҳои дўстию ҳамкорӣ", ходими калони Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Ҳабибҷон Ҳамидҷонов "Иқдоми нек дар роҳи дўстӣ", Шоири халқии Ўзбекистон Абдулло Орипов "Ўзбекам бо тоҷик аст", хабарнигори "Овози тоҷик" Тоҷибой Икромов "Роҳҳо-пайвандгари қалбҳо", Абдуаҳад Шарифзода "Ўзбекистон дар ноҳияи Спитамени Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад" нашр шудаанд.
"Овози тоҷик" нашрияи тоҷикзабони Ўзбекистон аст, ки аз соли 1924 чоп мешавад. Он қаблан бо номҳои "Овози тоҷики камбағал", "Овози тоҷик", "Ҳақиқати Ўзбекистон", "Ўзбекистони сурх" ба табъ расидааст. Ҳоло бо номи "Овози тоҷик" ҳафтае ду маротиба ва бо теъдоди 10 ҳазор нусха ба нашр мерасад.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин