Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкори дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистону Россия дар шакли шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Аз сатҳи баланди муносибатҳо, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, муколамаи доимии сатҳи олӣ ҳамчун омилҳои таҳкимбахш ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Россия дар самти энергетикаро баррасӣ карданд.

Дар суҳбат ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳ карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро муҳокима карданд.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
http://www.president.tj/

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин