Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Иттиҳоди Аврупо баландгӯякҳои худро ҷонибдорӣ мекунад

Иттиҳоди Аврупо баландгӯякҳои худро ҷонибдорӣ мекунад
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони истиқлолият то кунун бидуни дастури дигарон сиёсати дохилии хешро бо дарназардошти риоя ва таҳкими меъёрҳои муосири байналмилалӣ чун озодии сухан, шаффофияти интихоб ва дигар омилҳои демократӣ роҳандозӣ менамояд.

Барои дифоъ аз миллату давлати воҳид дар ҳамаи кишварҳои дунё муассисаҳои таъмини амният ва осудаҳолии аксарият вуҷуд доранд ва гурӯҳу созмонҳои мухолиф ба сиёсати ҳукумат чун мухолифи онон дар доираи қонунҳои ҷории мамлакат фаъолият мекунанд, аммо сабаби ҷонибдорӣ гардидани ҳизби дар кишвар мамнӯъ донисташудаи наҳзати исломӣ, ё худ фишори бархе аз созмонҳои хориҷӣ ҷиҳати манъи таъқибу ҳабси мухолифони сиёсӣ оё дахолат ба умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест?

Магар Иттиҳоди Аврупо аз ҳабс шудани баландгӯякҳояш мисли аъзои Шӯрои сиёсии ҲНИТ, сиёсатмадори зархарид Зайд Саидов ва чандин сомонаҳои хабарии таҳти нуфузи Сорос ва Гулен барин мустағбираҳои аврупоию амрикоӣ дар хиҷолат мондааст, ки хосту нохост аз адами озодии сухан ва таъқиби мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон овоз баланд мекунад? Чаро танҳо онҳое дар рӯйхати вакилони Иттиҳоди Аврупо афтидаанд, ки бо кӯмаку дастгирии молиявии созмонҳои хориҷӣ фаъолияти миссионериро дар кишвари мо анҷом медиҳанд?

Гузашта аз ин, гӯё Ҳукумати Тоҷикистон мубориза алайҳи терроризмро чун баҳона барои таъқиби мухолифони сиёсӣ истифода намуда, барои таҳияи ҳокимияти авторитарӣ дар Тоҷикистон мусоидат кардааст? Мутаваҷҷеҳ бошед: ашхосе, ки бо дастур ва дастгирии аҷнабиҳо дар дохили як кишвари воҳид алайҳи ҳукумати он барои аз байн бурдани низоми сиёсӣ талош меварзанд, магар оппозитсиюн ҳастанд?

Бубахшед олиҷанобон аврупоиҳо! Партовҳои тамаддуни хешро, ки аз инқилобҳою табаддулотҳои муғризона иборат мебошанд, ба души миллати мо таҳмил накунед ва ҳабси аъзои ҳизби террористиро дар мамлакати мо бардурӯғ чун таъқиби мухолифони сиёсӣ муаррифӣ насозед! Шумоён ҳастед, ки бо анҷом пазируфтани ҷанги сард таҳоҷуми хабариро дар садаи 21 аз хотири манфиатҳои геополитикии худ интишор намудед ва боз даъво пеш меоред, ки дар фалон минтақаи ҷаҳон сомонаҳои озодандеш баста мешаванд, дар ҳоле, ки ин сомонаҳо танҳо тибқи ҳадафҳои шумо мавод мунташир месозанд!

Пас хулосаро ҳеҷ вақт фаромӯш насозед, ки ин давлат мавсум ба Тоҷикистон бо сиёсати массонии тақсим куну ҳукумат намо ва бо нидоҳои чанд нафар аз зумраи баландгӯякҳоятон чун Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров ва дигарон дасту пойҳояшонро занҷирбанд намуда, аз нав риддаки шумоён, ғасбкунандагон намешавад. Чунки фақат урупоиён ҳастанд, ки демократияро ҳамчун шиор дар ғасб намудани заминҳои нав ба сифати дипломатия суйистифода мекунанд, гӯё ҳомиёни ҳуқуқи башар онҳо ҳастанд ва барои тасҳеҳ намудани амалҳои ғосибонаашон аз уҳдадориҳои байналмилалӣ сухан оғоз менамоянд.

Гӯё дар иртибот бо ҷаҳони муосир мо бояд аз Иттиҳоди Аврупо таъсирпазир бошем ва ашхоси ҷинояткор дар марзу буми мо, ки рисолати анҷом додани ҳадафҳои аврупоиёнро доранд, беҷазо монанд ва фаъолияти миссионериашонро идома диҳанд.

Ҳар нафар инсон марзу буми хешро дӯст медорад ва омода аст барои миллату кишвари худ ҷоннисориҳо кунад. Ҳамчунин, давлати мо низ иқдом намудааст, ки дар роҳандозӣ намудани сиёсати дохиливу хориҷии хеш ихтиёр дошта бошад ва ин ихтиёр аз тамоми ваъдаҳову туҳфаҳои аҷнабиён бузургтар мебошад. Аммо ин дурри гаронбаҳоро эмисарҳои тоҷиктабори Иттиҳоди Аврупо намефаҳманд, чунки ғуломи маблағҳои хориҷиён гаштаанд ва барои ин гуна афроди зархарид ҳеҷ кишваре ватан шуда наметавонад.

Чун сухан аз ҳифзи ҳуқуқи башар меравад ва вакилон аз Иттиҳоди Аврупо бо истифода аз ин истилоҳ кӯшиш мекунанд ба умури дохилии кишварҳои рӯ ба тараққӣ дахолат бинмоянд, чаро Туркияе, ки дар таи биниашон ошкору ниҳон ҳуқуқҳои курдҳоро помол месозад, намебинанд ва гузашта аз он, боз ба ин узви созмони “Атлантикаи Шимолӣ” дар истинтоқи курдҳо кӯмак менамоянд! Чаро худ аз хатари терроризми байналмилалӣ беш аз дигарон ҳарф мезананд ва чун як кишвар барои пешгирӣ намудани зӯровариҳо ашхоси террористро ба зиндон мекашад, ҳатман вакилон аз Иттиҳоди Аврупо аз таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан оғоз намуда, аз поймолшавии ҳуқуқи башар минбарҳоро ташкил менамоянд ва бо ҳамин васила дар умури дохилии кишварҳо мехоҳанд дахолат дошта бошанд. Имрӯз он замоне нест, ки ба василаи минбар ва баландгӯякҳоятон ё ин ки ба воситаи фейсбук инқилоби вертуалиро дар як кишвар тарҳрезӣ бинмоед. Таҷрибаи Украина барои ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ дарс шудааст ва доми хориҷиёни муосир дигар натиҷа намедиҳад.

Вақте ки шумо аз эътиқоди мазҳабӣ сухан меронед ва бо истифода аз он кушиш мекунед дар набардҳои иттилоотӣ ғолиб бароед, магар мо гунгу лол ҳастем, ки намебинем он мазҳабҳои иртиҷоиро аз кадом хотир эҷод намудаед? Салафия, ваҳҳобия, ҳизбуттаҳрир, “Давлати исломӣ” ва дигар гуруҳҳои экстремистиро таҳия намуда, махсусан дар ҳудуди кишварҳои пасошуравӣ паҳн сохтед- магар ба василаи муслимини дар домҳоятон афтода аз байн бурдани ин кишварҳоро мехоҳед?
Машраби Абдуллоҳ, рӯзноманигор
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин