Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Директори Гурўҳи молиявӣ дар БАТР

Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Директори Гурўҳи молиявӣ дар БАТРИмрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Директори Гурўҳи молиявӣ дар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Георгий Орлов мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфтугўи муфид ҷиҳати дастгирии низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ сурат гирифта, доир ба идомаи ҳамкории баманфиат дар ин самт таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои вусъати тадбирҳои солимгардонии низоми бонкӣ, расонидани кумакҳои молиявию техникӣ ва афзун намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин