Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:34 – ИНЪИКОСИ ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ДУРБИН 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 09:01 – Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

Тоҷикистону Чин аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавиро таъкид намуданд

Тоҷикистону Чин аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавиро таъкид намуданд
/АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов 27 октябр ҳайати намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо роҳбарии Ваколатдори ҳукумати Чин оид ба масъалаҳои амният ва мубориза бар зидди терроризм Чен Гопин ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳоеро, ки миёни роҳбарони олии ду кишвар ҷиҳати таҳкими беш аз пеши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар ҳавзаҳои мухталиф ҳосил шуданд, баррасӣ намуданд. Дар ин замина бар аҳамияти тавсеаи робитаҳои байниидоравию байниминтақавӣ ва таъсиси абзорҳои нави ҳамкорӣ, ки ба таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, сулҳ ва амнияти минтақа равона шудаанд, таъкид гардид.

Ҳамчунин роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин