Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:49 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд 
  • 18:29 – Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 
  • 18:27 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД 
  • 10:54 – Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод 

Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд

Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд
/АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкории Қазоқистон ба рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз пеш афзудааст. Вобаста ба ин имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt regency Dushanbe» Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон оғоз ёфт, ки муддати се рӯз идома меёбад.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зикр кард, ки «баргузории Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе дар тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар нақши муассир мегузорад».

Дар ҳамоиш ҳудуди 30 ширкати Қазоқистон намунаи молу маҳсулоти худро, ки аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук, доруворӣ, кимиёвӣ ва сохтмонӣ иборат аст, ба намоиш гузоштаанд.

Ба иттилои масъулин, гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта 580,4 млн. долларро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 17,1% кам мебошад. Содирот аз Қазоқистон дар муқоиса ба соли 2014-ум 19,9 % коҳиш ёфта, 415,5 млн. долларро ташкил дод.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин