Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:13 – ОМИЛҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ СУЛҲИ ТОҶИКОН 
  • 10:35 – Мулоқот бо роҳбарони вилоят ва боздид аз Институти тадқиқотии кишоварзии муосири назди Академияи илмҳои кишоварзии музофоти Хэнан 
  • 14:23 – Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати васеъ 
  • 09:11 – УСМОНИ СОЛЕҲ 

ИМЗОИ ШАРТНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ

ИМЗОИ ШАРТНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ

Соли дуюм аст, ки дар вилояти Суғд «Анҷумани минтаќавии шартномабандӣ» доир мегардад. Анҷумани имсолаи шартномабандӣ санаҳои 24-25 феврал дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воќеъ дар шаҳри Гулистон бо иштироки истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва содиркунандагони ватанӣ бо доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор гардид.
Бояд таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд. Чи тавре, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд барномаи мусоидат ба содирот ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда тасдиќ гардида, дар доираи татбиќи барномаи зикршуда бояд маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои васеъ ба роҳ мондани коркарду фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ амалӣ карда шаванд.
Бинобар ин, яке аз ҳадафдои баргузор намудани чорабинии мазкур иваз намудани воридот ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ба шарикони хориҷӣ муаррифӣ намудани имкониятҳои вилоят ва дигар минтакаҳои ҷумҳурӣ оид ба истеҳсол ва содироти меваю сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти коркарди онҳо, шиносоӣ бо дастовардҳо ва шароити сармоягузорӣ, инчунин, бастани шартномаҳо барои соли 2017 ба ҳисоб мерафт.
Дар асоси даъватномаҳои ирсолшуда дар кори Анҷумани дуюми минтаќавии шартномабандӣ, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, шабакаҳои фурӯши чакана ва харидорони меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваи вилояти Суғд аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Ќирғизистон ва Беларус иштирок намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ќирғизистон бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳибкорони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Палатаи савдою саноати вилояти Суғд дар маҷмуъ 17 меморандум ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Шартномаҳои баимзорасида минбаъд заминаи асосии ҳамкорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишварро ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисон ва меҳмонон доир ба номгӯи молу маҳсулот, хизматрасонӣ дар бозори иќтисодӣ ва пайдо намудани мавќеи худ дар тиҷорат изҳори аќида намуданд. Аз ҷумла, баргузории ин тадбирро аз ҳар ҷиҳат судманд арзёбӣ намуда, ќайд карданд, ки ин иќдом барои баланд бардоштани сифату афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаҷми содиротии он мусоидат хоҳад кард.
Меҳмонони «Анҷумани минтаќавии шартномабандӣ» инчунин аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилоят, аз ҷумла «Ќасри маданияти Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров, боғҳои навбунёди шаҳраки Сайҳун ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Ќалъаи Хуҷанд» дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Тоҳирҷон Искандарзода,
хабарнигори «Ваҳдат» дар вилояти Суғд
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин