Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 16:29 – ҲИФЗИ ВАТАН - РИСОЛАТИ ВИҶДОНИИ МОСТ 
  • 16:26 – ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ДАСТУРИ МУАССИРИ ФАЪОЛИЯТ 
  • 16:21 – ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада 
  • 10:53 – 2022 - СОЛИ НАТИҶАҲОИ НЕК 

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 11.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин имрӯз бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Маминро ба ҳузур пазиранд.
Имрӯз инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин баргузор мегардад.
Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.
Дар доираи сафари расмӣ Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин аз майдони «Дӯсти» — и шаҳри Душанбе дидан карда, бо арзи эҳтиром ба пояи мучассами Исмоили Сомонӣ, Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» гулчанбар мегузорад.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин