Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 15:09 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд 
  • 15:04 – Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд 
  • 15:02 – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаро ифтитоҳ карданд 
  • 14:04 – ПАЁМИ ХУРШЕДӢ. АНДЕШАҲО АТРОФИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

ТАБИБОНИ ЧИН БА КУМАК ОМАДАНД! Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳавопаймо аз Чин бо мутахассисон ва кумаки хайрия дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад

ТАБИБОНИ ЧИН БА КУМАК ОМАДАНД! Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳавопаймо аз Чин бо мутахассисон ва кумаки хайрия дар пойтахти Тоҷикистон фуруд омад
Бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тандурустии Чин — асосан табибон дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба пойтахти Тоҷикистон омаданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 аз Чин ба пойтахти мамлакат ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Чин дар Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ — 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони Ҳамкории Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти болозикр зиёда аз 3000 реагенти кислотаи нуклеин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми кумак беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тиббии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси COVID-19 ва муолиҷаи гирифторони ин беморӣ пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуданд.
ДУШАНБЕ, 25.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин