Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:16 – Паёми Пешвои миллат таҳкимбахши мафкурраи миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон 
  • 09:43 – Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд 
  • 12:48 – Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид 
  • 12:36 – ПАЁМ. ДАСТУРИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ 

Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад

Интихоботи Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардадДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи навбатии Президенти Ӯзбекистон 24 октябри соли 2021 доир мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 2 феврал ТАСС бо истинод ба муовини аввали раиси Палатаи қонунгузор (палатаи поён)-и парламенти Ӯзбекистон Акмал Саидов хабар дод.

«Тибқи лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, интихоботи навбатии президентӣ на рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2021, балки 24 октябри соли равон доир мегардад. Интизор меравад, ки 5 феврал лоиҳаи қонуне, ки Палатаи қонунгузор омода кардааст, аз ҷониби Сенати (палатаи болоӣ — тавзеҳи ТАСС) парламент тасдиқ карда шавад», — гуфт А.Саидов.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин