Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:37 – Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД 
  • 09:07 – РУБОИЁТ 
  • 10:17 – ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ 
  • 09:23 – НАВБАҲОРИ ВАҲДАТ 

РОҲҲОИ ҲАЛЛУ ФАСЛИ НИЗОИ ТОҶИКОН

Муваффақияти раванди дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон, ба дараҷаи зиёд, ба интихоб ва эҷоди роҳҳои муносиб ва муассири ҳалли низоъ ва, ҳамчунин, амалӣ гардонидани қарорҳои қабул ва санадҳои имзошуда вобастагӣ дошт.
Дар ҷараёни раванди сулҳи тоҷикон, ки се сол тӯл кашид, роҳҳои зерин истифода шудаанд:
1. Музокироти расмии сулҳи тоҷикон, ки аз апрели 1994 то июни соли 1997 идома доштанд.
2. Вохӯриҳои машваратии корӣ ё ба ном вохӯриҳо дар сатҳи баланд, ки дар он қисме аз ҳайати ҷонибҳо иштирок дошт. Ин навъи вохӯриҳо ҳамагӣ се бор баргузор шуда буданд: 12-17 сентябри соли 1994 дар Теҳрон, 19-26 апрели соли 1995 дар Маскав ва 18 октябри соли 1996 дар Теҳрон.
3. Вохӯриҳо дар сатҳи олӣ байни Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ. Тавре ки маълум аст, ҳамагӣ ҳашт вохӯрӣ аз ин қабил баргузор шуда буд.
Якум - дар Кобул, 17-19 майи соли 1995.
Дувум – дар Теҳрон, 19 июли соли 1995.
Севум – ғоибона, 17 августи 1995.
Чаҳорум – дар Хустдеҳ, 10-11 декабри соли 1996.
Панҷум – дар Маскав, 19-24 декабри соли 1996.
Шашум – дар Машҳад, 21-22 феврали соли 1997.
Ҳафтум – дар Бишкек, 16-18 майи соли 1997.
Ҳаштум – бори дувум дар Маскав, 23-27 июни соли 1997.
4. Вохӯрии намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва қумондонҳои ИНОТ, ки 15-16 сентябри соли 1996 дар Ғарм баргузор шуд.
5. Муколамаи тоҷикон дар чорчӯби Конференсияи Дартмут бо иштироки сиёсатшиносону дипломатҳои Амрикову Русия аз марти соли 1993 то декабри соли 2003.
6. Вохӯриҳои «Гурӯҳи дӯстони Тоҷикистон» дар қароргоҳи СММ.
7. Шӯрои ҷамъиятӣ (9 марти соли 1996 таъсис дода шуд), ки дар ҳайати он ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
8. Машваратҳои Фиристодагони (баъдан Намояндагони) вижаи Дабири кули СММ дар сатҳи баланд бо роҳбарони ҷонибҳои тоҷик, кишварҳои нозир ва давлатҳои манфиатдор дар байни давраҳои Музокироти сулҳи тоҷикон.
9. Машваратҳои Фиристодагони (баъдан Намояндагони) вижаи Дабири кули СММ бо аъзои ҳайатҳои тоҷик дар давраи Музокирот.
10. Конференсияи кишварҳои маблағгузор, ки ноябри 1997 дар Вена баргузор шуда буд.
11. Комиссияи муштарак оид ба назорат бар Созишномаи Теҳрон.
12. Комиссияи оштии миллӣ бо чаҳор зеркомиссияш:
- оид ба масъалаҳои сиёсӣ;
- оид ба масъалаҳои низомӣ;
- оид ба масъалаҳои гурезагон;
- оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.
13. Гурӯҳҳои корӣ ва коршиносон дар назди зеркомиссияҳои КОМ.
14. Гурӯҳи тамос аз ҳисоби кишварҳои миёнарав.
15. Вохӯриҳои Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси КОМ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ.
16. Вохӯриҳои Президенти ҶТ бо аъзои КОМ.
17. Комиссияҳои созиш.
18. Ҷаласаҳои муштараки КОМ ва аъзои Гурӯҳи тамос ва ҳоказо.
Маҷмӯи васеи расидагиҳое, ки дар ҳаллу фасл намудани низои тоҷикон истифода мешуд, аз он далолат мекунад, ки аввалан, раванди дарёфти ҳалли низои тоҷикон, ба мисли ҳаллу фасли низоъҳои дигар мураккаб буд, сониян, раванди дарёфти ҳалли низоъ, маъмулан, аз марҳилаҳои мухталифи гуногуннавъ иборат буда, ҳар кадоми ин марҳилаҳо истифодаро аз роҳҳои муносиб тақозо мекунад.
Таҳлили роҳҳое, ки дар раванди сулҳи тоҷикон аз онҳо истифода бурда мешуд, нишон медиҳад, ки дар баробари роҳҳои ба ҳамагон маълуму маъруф, аз қабили миёнаравӣ, музокироти сулҳи байни тарафҳои даргир, навъҳои гуногуни муколама, вохӯриву машваратҳо ва ғ. ва ҳ.к., дар аснои ин раванд роҳҳое низ эҷод шуда буданд, ки назирашон дар таҷрибаи умумиҷаҳонии сулҳофаринӣ вуҷуд надошт. Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), Гурӯҳи тамос ва ғайра аз қабили онҳоянд.
Фикри таъсиси КОМ ибтидо мегирад аз санади ИНОТ «Пешниҳодҳо оид ба ҳалли мусолиматомези низои низомию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 7 декабри соли 1993, ки дар он баррасиву ҳалли масъалаи таъсиси «Шӯрои давлатӣ» (Шӯрои мусолиҳаи миллӣ) ва Ҳукумати муваққатӣ аз ҳисоби ашхоси босалоҳият ва бетараф» пешниҳод шуда буд. Баъд аз як моҳ, январи соли 1994, масъала оид ба зарурати таъсиси Шӯрои давлатӣ ё Шӯрои мусолиҳаи миллӣ дар даври панҷуми Муколамаи тоҷикон дар чорчӯби Конференсияи Дартмут матраҳ гашт. Ду моҳ пас, моҳи апрели худи ҳамон сол, дар даври якуми Музокироти сулҳи тоҷикон ин ниҳод ҳамчун «Комиссияи созиш» пешбарӣ гашт. Аз ҳамон вақт масъалаи мазкур ба яке аз масъалаҳои марказӣ на танҳо дар гуфтушунидҳои расмӣ ва Муколама, балки дар вохӯриҳои мухталифи ҳайатҳои тарафайн бо намояндагони СММ Алдо Айелло ва В.Горяев (28 феврали 1995, шаҳри Маскав), корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия К.В.Шувалов (15 марти соли 1995, Маскав), муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия А.С.Чернишев (4 апрели соли 1995, Маскав) ва ғайра табдил мегардад.
Фикри таъсис додани ниҳоде, ки сиёсати ризоияти миллӣ ва сулҳро баъд аз баррасиҳои қариб сесола дар Муколамаи тоҷикон ва Музокироти сулҳи тоҷикон татбиқ менамояд, инъикоси худро дар яке аз муҳимтарин санадҳои расмӣ дар «Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар 17 августи соли 1995 ёфта буд. Ин Протокол дар рафти вохӯрии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул тавассути миёнравии Фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ Рамиро Перис Баллон ба имзо расид. Тавре маълум аст, Президент ва роҳбари мухолифони тоҷик он вақт ба иттифоқе расида будаанд, ки «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз протоколҳои алоҳида иборат мегардад ва яке аз онҳо Протокол оид ба «Комиссияи мушоҳида ва назорат ба риояи Созишномаи умумӣ аз ҳар ду ҷониб» мешавад.
Ҳамин тавр, комиссияи мазкур, ки қаблан «Комиссияи созиш» (марҳилаи дувуми Даври панҷуми Музокирот, 26 январ-19 феврали соли 1996), «Комиссияи ҳамоҳангсоз» (Даври 16-уми Муколима, 21-23 майи 1996) ва «Кумитаи оштии миллӣ» (Даври 17-уми Муколима, 8-10 сентябри соли 1996) номгузорӣ мешуд, баъд аз қабули «Изҳороти муштараки Президенти ҶТ Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ С.А. Нурӣ» 11 декабри соли 1996 дар Хустдеҳи шимоли Афғонистон аввал номи «Комиссияи мусолиҳаи миллӣ» ва баъд «Комиссияи оштии миллӣ»-ро гирифт. Дар «Баёнияи муштарак» аз он ҷумла таъкид гардида буд, ки: «Созишномае ба имзо мерасад, ки дар он ташкил шудани Комиссияи мусолиҳаи миллӣ эълом мегардад». Созишномаи ёдоваршуда 23 декабри худи ҳамон сол дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Баъд аз он қарори ниҳоӣ дар бораи таъсиси Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) қабул шуд.
Ин баёни таърихи даст ёфтан ба яке аз роҳҳои муҳимтарини сулҳофарӣ дар Тоҷикистон ба таври хеле гӯё шаҳодат медиҳад, ки то ба кадом дараҷа иштироккунандагони он ҳар як роҳи ҳаллу фасли низои тоҷиконро дақиқкорона ва хуб андешида интихоб мекарданд.
Маҳорат ва ҳирфияти баланди иштироккунандагони раванди сулҳи тоҷикон, ба шумули фоилони миллӣ ва байналмилалии он, на танҳо дар интихоби василаҳои анъанавӣ ва маъруф ва эҷоди роҳҳои нав, балки дар моҳирона ба ҳам мувофиқ кардани онҳо низ зоҳир мегаштанд. Барои мисол, ба чанде аз лаҳзаҳои Музокироти сулҳи тоҷикон ишора кардан мумкин аст. Тавре маълум аст, Даври дувуми Музокирот дар Теҳрон аз 18 то 26 июни соли 1994 баргузор гашт. Дар рафти он лоиҳаи санади хеле муҳимми «Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар» таҳия гашт ва тарафҳо омода буданд онро имзо кунанд. Вале дар лаҳзаи охирин онҳо аз тасмимҳои аввала даст кашиданд. Возеҳ гашт, ки кишваре, ки ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ мекард, аз мулоҳизаи «Нерӯҳои дастаҷамъи сулҳофари кишварҳои ИДМ ва нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон вазифаҳои худро тибқи мабдаъи бетарафӣ, ки дар ваколатномаи онҳо сабт шудааст, иҷро мекунанд ва бо низомиён ва нозирони СММ ҳамкорӣ мекунанд» хушнуд набуд. Ин мулоҳиза ба матни Созишнома бо пешниҳоди ИНОТ ворид шуда буд. Дар натиҷа, зарурати ташкил кардани вохӯрӣ дар сатҳи баланд ба миён омад ва он дар худи ҳамон ҷо, дар Теҳрон аз 12 то 17 сентябри соли 1994 баргузор гашт. Хосса аз он лиҳоз, ки ҷониби Эрон талош дошт, то санаде, ки дар Теҳрон таҳия гашта буд, маҳз дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон ба имзо расад.
Вохӯрии дувум дар сатҳи баланд низ дар вазъияти шабеҳ дар Маскав аз 19 то 25 апрели соли 1995 баргузор гашт. Азбаски ҳангоми баргузор намудани интихоботи президенти кишвар пешниҳодҳои асосии ИНОТ ба инобат гирифта нашуданд, Музокироти сулҳи тоҷикон ба муддати қариб ним сол қатъ гаштанд. Табиист, ки ин ҳол ба шадидан бад гаштани вазъи низомию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ сабаб шуд. Аз сабабе, ки дар вохӯрӣ ҳайатҳои Ҳукумат (бо сардории М. Убайдуллоев) ва мухолифон (бо сардории Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода) ба хулосаи ягонаи умумиии ворид намудани масъалаҳои сиёсӣ ба рӯзномаи даври навбатии Музокироти сулҳ нарасиданд, эҳтиёҷ барои вохӯрии нахустин дар сатҳи олӣ, яъне вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пайдо шуд. Ин вохӯрӣ аз 17 то 19 майи соли 1995 дар Кобул баргузор шуд. Дар он ҷонибҳо ба созиш оид ба баррасӣ намудани масъалаҳои бунёдии марбут ба сохтори конститутсионӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон расиданд.
Ҳамчунин, вақте ки Давраи 4-уми Музокироти сулҳ тоҷикон дар шаҳри Олмати рӯзҳои 21 май-1 июни соли 1995 натиҷаҳоеро, ки мунтазирашон буданд, надод, боз зарурати вохӯрии роҳбарияти олии тарафҳои даргир ба миён омад. Вохӯрии дувуми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи 19 июни соли 1995 баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ тарафҳо ба созиш оид ба даъвати Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон бо иштироки баробари намояндагони ҳар ду тараф барои ҷустуҷӯи роҳҳои баровардани кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ расиданд. Ин чунин маъно дошт, ки ҷонибҳои тоҷик барои баррасии масъалаҳои сиёсӣ омодаанд. Ёдовар мешавем, ки минбаъд, боз шаш вохӯрӣ дар сатҳи олӣ баргузор шуда буду онҳо, бидуни шак, дар ҳал намудани низои тоҷикон нақши асосӣ доштанд.
Ҳар он чизе, ки дар боло роҷеъ ба роҳҳои ҳаллу фасл намудани низои тоҷикон гуфта шуд, исбот мекунад, ки таҷрибаи тоҷикон дар ҳалли низоъ аз ҳар лиҳоз, аз ҷумла, аз лиҳози роҳи ҳалҳои хеш таҷрибаи феълан нодир аст.

Маводи Конфронси байналмилалии «Раванди сулҳ дар Тоҷикистон - сабақҳо барои сулҳофаринии байналмилалӣ» бахшида ба 10-умин солгарди ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон». – Душанбе. - 25-26 июни соли 2007. - С. 46-49.

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин