Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 09:37 – Таҳлилгари афғон: ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ХУШИВУ ЗЕБОӢ ЭҶОД МЕКУНАД 
  • 09:07 – РУБОИЁТ 
  • 10:17 – ДУШВОРИҲОИ РОҲИ ДАРЁФТИ СУЛҲУ ОШТӢ 
  • 09:23 – НАВБАҲОРИ ВАҲДАТ 

ТАЪСИРИ МУКОЛАМАИ ТОҶИКОН БАР РАВАНДИ МУЗОКИРОТИ СУЛҲ

Тавре ки маълум аст, Муколамаи тоҷикон дар чаҳорчӯби Конференсияи Дартмут моҳи марти соли 1993, сенздаҳ моҳ пештар аз оғози Музокироти сулҳи байни тоҷикон дар апрели 1994 ба вуҷуд омада буд. Ва замони таъсиси он аз тарафи сиёсатшиносон ва дипломатҳои амрикоӣ ва русии иштироккунандагони Конференсияи бузурги Дартмут ба замоне рост омад, ки дар доираҳои гуногуни мақомоти сиёсии Федератсияи Русия, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Ҷумҳурии исломии Эрон ба хулосае омада буданд, ки идомаи низоъ ва густариши минбаъдаи он дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон ба манфиати ҳеч кадоми онҳо нест. Ва онҳо дар танҳоӣ ва ба таври дастаҷамъӣ аз пайи ҷустуҷӯйи роҳҳои хатми ин низоъ гардиданд. Ба ин қарори Сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон (22 январи 1993, Минск), фармони Президенти Федератсияи Русия Б. Н. Елсин дар бораи танзими вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон (28 июли 1993), мулоқоти маҳрамонаи Е. М. Примаков, директори вақти Хадамоти иктишофотии хориҷии Федератсияи Русия бо роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (30 июли 1993, Кобул) ва бо мақомоти расмии Ҷумҳурии исломии Эрон (31 июли 1993, Теҳрон), сафари андак пештар ба вуқӯъ пайвастаи ҷонишини аввали вақти вазири корҳои хориҷии Русия А. Л. Адамишин ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (июни 1993) ва дидубоздидҳояш бо роҳбарони ИНОТ (6 марти 1994, Теҳрон) ва ғ. гувоҳи равшан мебошад.
Дар худи Тоҷикистон низ гуфтугӯйҳо аз хусуси зарурати Музокирот бо оппозитсион аз ҳамин давра шурӯъ гардидааст. Чунон ки профессор Иброҳим Усмонов, узви ҳайати Музокирот аз ҷониби Ҳукумат, эътироф намудааст, ӯ 14 марти соли 1994 аз забони муовини аввали Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. С. Достиев, яке аз сардорони ҳайати ҳукуматӣ дар Музокирот «аввалин бор шунидааст, ки Музокираи байни тоҷикон оғоз мешудааст».
Баррасии фаъолияти беш аз яксолаи Муколамаи тоҷикон аз моҳи марти соли 1993 то апрели 1994, яъне аз ибтидои фаъолияташ то оғози Музокироти сулҳи тоҷикон, моро ба натиҷае расонд, ки он, бидуни шак, дар омода сохтани тарафҳои даргири тоҷик, ҷомеаи Тоҷикистон ва кишварҳои дохили қазия ба гуфтугӯ, музокирот, сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон ва ҳам эҷоди фазои хайрхоҳона нисбат ба он дар ҷомеаи байналмилалӣ бетаъсир набуд*. Зеро дар 6 даври Муколамаи тоҷикон, ки дар ин муддат баргузор гардид, ба таври ҳадафмандона мавзӯъ ва масъалаҳое мавриди баҳс қарор гирифтанд, ки бевосита ба раванди Музокироти сулҳи оянда алоқаманд буда, барои оғози он замина муҳайё мекарданд, монанди иллатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои қатъи он; омилҳое, ки сади роҳи оғози Музокирот гаштанд; масъалаҳое, ки бояд дар Музокирот баррасӣ шаванд; мавқеи тарафҳои даргир дар Музокирот ва ғ.
Нуктаи ҷолиб он аст, ки иштироккунандагони Муколамаи тоҷикон: ҳамонҳое, ки аз манфиатҳои Ҳукмати расмии Тоҷикистон ва ИНОТ пуштибонӣ менамуданд ва ҳам онҳое, ки аз созмонҳои ғайридавлатӣ ва ё шахси худашон намояндагӣ мекарданд, ҳамчунин созмондиҳандагони он – намояндагони Бунёди Кеттеринги Амрико ва Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалии Русия хулосаҳои ҳар нишастро ба мақомоти худ, ба созмонҳои худ, ба тарафҳои худ ва атрофиёнашон мерасонанд.
Дар ҳайати аъзои Муколама проректорон, мудирон ва устодони донишгоҳҳо, ходимониинститутҳоитадқиқотӣ, лидерони ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД), рӯзноманигорон, тоҷирон, мазҳабиён, намояндагони мақомоти расмӣ ва ғ. буданд ва ҳар яке аз онҳо ба тақозои табиати шуғлашон, бо касони зиёде алоқа доштанд ва табиист, ки бо онҳо дар заминаи зарурати сулҳу оштӣ дар Тоҷикистон табодули назар менамуданд ва бо ҳамин восита ақидаи зарурати баргузории музокироти байни Ҳукумат ва оппозитсионро талқин мекарданд.
Бо оғози Музокироти сулҳи тоҷикон дар моҳи апрели 1994 ва бо шомил гардидани иддае аз аъзои Муколимаи тоҷикон ба ҳайатҳои Музокирот ба ҳайси узви аслии он – профессор РаҳимҲошимов, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Атобеки Амирбек ва ба сифати коршинос – Дӯстмуҳаммади Дӯст, Ҳамидулло Ҳабибуллоев, Саидқосими Қиёмпур (Ҷалолов), Асадулло Валиев, Азиз Хошоков ва дигарон робитаи бевоситаи Муколамаи тоҷикон бо Музокироти сулҳи тоҷикон сар мешавад. Касоне, ки зикри номашон рафт, интиқолдиҳандагони мустақими ғоя ва масъалаҳои Муколама ба Музокирот буда, дар навбати худ матолиберо, ки дар Музокирот перомуни онҳо баҳс мерафт, ба Муколама меоварданд. Барои онҳо Муколама як навъ озмоишгоҳе буд, ки дар он фазои нисбатан фарохтару озодтар ва дар ҳузури касоне, ки аз мафкура ва равияҳои гуногуни сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон намояндагӣ мекарданд, муҳимтарин ва доғтарин масъалаҳои рӯзи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҳҳо ва усули гуногуни ҳалли онҳо, аз он ҷумла «усули гуногуни ҳалли сиёсии низоъ дар мамлакат аз озмоиш мегузашт ва пешниҳоди муштарак андешида мешуд».
Ин чиз аз оғози робитаи мустақими Муколамаи тоҷикон бо Музокироти сулҳи тоҷикон шаҳодат медод.**
Ва ин масъалаҳо ва роҳу усули ҳалли онҳо ғолибан ё дар ҷараёни баррасӣ ва баҳсҳо дар Музокирот матраҳ мегардиданд***ва ё ба сурати пешниҳоди тарафҳо оид ба масъалаҳое, ки дар рӯзномаи Музокирот буданд, пешкаш мешуданд. Барои мисол, моҳи августи соли 1993 иштироккунандагони Даври 3-уми Муколамаи тоҷикон ба ҳайатҳои музокиракунандаи Ҳукумат ва оппозитсион, пеш аз ҳама, масъалаи бозгардонидани гурезагон ва бастани созишномаи қатъи амалиёти низомиро пешниҳод намуда буданд. Ва ҳеч ҷойи тааҷҷуб нест, ки пас аз гузаштани 6 моҳ ин ду масъала аз ибтидои Музокироти сулҳи тоҷикон дар маркази диққати ҳайатҳо қарор гирифта, дар Даври 1-уми он (5-19 апрели 1994, Маскав) Комиссияи муштараки кор бо гурезагон таъсис ёфта, пас аз Даври 2-ум (18-28 июни 1994. Теҳрон) ва Машварати Теҳрон дар сатҳи баланд (17 сентябри 1994) Созишномаи оташбаси муваққатӣ ба имзо расид ва Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Теҳрон ташкил шуд.
Барои равшанӣ андохтан ба мавзӯи таъсири Муколамаи тоҷикон ба Музокироти сулҳи байни тоҷикон ва ё баръакс, яъне таъсири мутақобилаи онҳо ба ҳам, таҳқиқи сайри таҳаввули фикри таъсиси мақоме чун Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), ки баъдтар механизми аслии татбиқи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни 1997)» гардид, омӯзанда мебошад.
Бояд гуфт, ки фикри таъсиси КОМ аз пешниҳоди ҷониби ИНОТ дар бораи он ки бояд дар Музокироти оянда, аз ҷумла масъалаи «таъсиси Шӯрои давлатӣ (Шӯрои оштии миллӣ) ва Ҳукумати муваққатӣ аз ҳисоби шахсони босалоҳият ва бетараф» мавриди баррасӣ қарор ёбад, сарчашма мегирад. Ва зимнан ҷойи зикр аст, ки будани имзои яке аз иштироккунандагони Муколамаи тоҷикон – профессор Абдунабӣ Сатторзода дар зери санади «Пешниҳодҳо дар бораи ҳалли мусолиматомези низои ҳарбию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (7 декабри 1993) тасодуфӣ нест. Масъалаи зарурати таъсиси Шӯрои давлатӣ ё Шӯрои оштии миллӣ бори нахуст дар Даври 5–уми Муколама дар моҳи январи 1994, яъне ҳамагӣ пас аз як моҳи «Пешниҳодҳо…» аз тарафи ИНОТ, ҳангоме ки сухан аз мавқеъи ҷонибҳо дар музокироти оянда сухан мерафт, матраҳ гардида буд. Аммо вақте ки Даври 1–уми Музокирот ҳамагӣ пас аз ду моҳ дар апрели ҳамон сол шурӯъ мешавад, он номи «Комиссияи созиш»–ро мегирад. Ва аз ин ба баъд ба яке аз мавзӯъҳои марказии баҳсу баррасиҳо дар Муколама ва Музокирот ва дидубоздидҳои аъзои ҳайатҳои музокиракунанда бо намояндагони СММ Аллдо Айелло ва В. Горяев (25 феврали 1995, Маскав), корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Русия К. В. Шувалов (15 марти 1995, Маскав), ҷонишини вазири корҳои хориҷии Русия А. С. Чернишев (4 апрели 1995) ва ғ. табдил меёбад. Вале ба сабаби он ки пешниҳоди мазкур аз тарафи ҳайати ҳукуматӣ дар Даври 1-уми Музокирот рад мешавад, иштироккунандагони Даври 8-уми Муколама, ки дар Амрико моҳи июни 1994, яъне пас аз Даври 1-ум ва пеш аз Даври 2-уми Музокирот дар Теҳрон (18-28 июни 1994) баргузор шуд, зимни танзими консепсияи оштии миллӣ дар бораи ба вуҷуд овардани низоми сиёсие мулоҳиза меронанд, ки «дар он манфиатҳои минтақаҳои гуногун, ҳизбу созмонҳои ҷудогона ва халқи тоҷик инъикос ёбанд». Ва ин як кӯшиши нахустине буд барои ба ифоқа овардани тарафҳо дар Музокирот ва пайдо намудани роҳҳои ҳал дар он замина. Аъзои Муколима дар Даври 9-ум (сентябри 1994) ба натиҷае расиданд, ки ба иллати набудани эътимод дар байни тарафҳо монеаи асоситарин барои таъсиси мақоме, ки он баёнгари манфиати минтақаҳои гуногун, табақаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бошад, «набудани тафаккури сиёсиест, ки қудратро тақсим намудан мумкин аст». Бинобар ин онҳо аз иштироккунандагон тақозо карданд, ки барои парвариши чунин тафаккури сиёсӣ дар миёни шаҳрвандони кишварашон мусоидат намоянд. Ба ҳамин хотир онҳо мавзӯи ҷалби ҳарчи бештари мардумро ба равандҳои сиёсӣ матраҳ намуда, ташкили СҒД-ро зарур шумориданд (дар Давраҳои 10-ум ва 11-ум). Ва дар Даври 12-уми Муколамаи тоҷикон, ки аз 19 то 21 июни 1995 баргузор гардид, баҳс аз зарурати таъсиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ё Гурӯҳи ҳамоҳангии оштии миллӣ таҷдид ёфта ва оқибат дар шакли «Шӯрои оштии миллӣ», ки «статус, вазифа ва салоҳиятҳои он дар рафти Музокироти тоҷикон муқаррар мегарданд , ба матни Меморандуми Даври 12-ум илова мегардад.
Бори нахуст фикри таъсиси мақоме, ки амалӣ гардонидани сиёсати оштии миллӣ ва сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул хоҳад шуд, баъд аз баррасии тақрибан сесолаи он дар Муколама ба яке аз санадҳои бисёр муҳимми расмии Музокирот – «Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (17 августи 1995), ки пас аз мулоқоти Президенти ҶТ Э. Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул ва миёнҷигирии намояндаи вижаи Дабири кули СММ Рамиро Перис Баллон ба имзо расида буд, дохил мешавад. Президенти ҶТ ва роҳбари ИНОТ он вақт ба ҳам аҳд баста буданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз якчанд протоколҳо иборат хоҳад шуд ва яке аз онҳо протокол дар бораи «Комиссияи мушоҳида ва назорат ба риояи Созишномаи умумӣ аз ҳар ду ҷониб» хоҳад буд. Манзур аз комиссияи мазкур ва ҳам «Комиссия созиш» (марҳилаи дувуми Даври 5-уми Музокирот, 26 январ - 19 феврали 1996), «Комиссияи ҳамоҳангӣ» (Даври 15-ум, 26-28 феврали 1996 ва 16-уми Муколама, 21-23 маи 1996) ва «Кумитаи оштии миллӣ» (Даври 17–уми Муколама, 8–10 сентябри 1996) низ ҳамон мақомест, ки пасонтар номи Комиссияи оштии милли (КОМ)-ро гирифт.
Истилоҳи «Комиссияи мусолиҳаи миллӣ» баъд аз он ки дар 11 декабри 1996 дар шимоли Афғонистон дар Хустдеҳ Изҳороти муштараки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пахш гардид ва дар он таъкид ёфт, ки «ба ин хотир Созишномаро ба имзо мерасонем, ки дар он таъсиси Комиссияи мусолиҳаи миллӣ мешавад» ва тасмими ниҳоии ташкили КОМ пас аз имзои Созишномаи 23 декабри 1996 дар Маскав маъмул гардид.
Узви ҳайати музокирот аз ҷониби Ҳукумат профессор И. Усмонов иброз доштааст, ки «аввалин бор дар ҳамин ҷо (Хустдеҳи Афғонистон – А.С.) дар хусуси ташкили Комиссияи оштии миллӣ андеша пайдо шуд». Ин гуфта як тасҳеҳ мехоҳад ва он ин аст, ки дар мулоқоти Хустдеҳ истилоҳи мазкур расмӣ гардид, на андешаи он пайдо шуда буд. Зеро, тавре ки дидем, андешаи таъсиси чунин мақоме хеле барвақттар аз ин дар Муколама ва баъд дар Музокирот ба вуҷуд омада буд.
Мулоҳизаҳои боло гувоҳи равшани онанд, ки то чӣ андоза раванди Муколамаи тоҷикон бо ҷараёни Музокироти сулҳи байни тоҷикон ва баръакс ба ҳам пайванд буда, онҳо ҳамдигарро мусоидат ва такмил намудаанд.
Мисоли дигари таъсири Муколамаи тоҷикон ба Музокироти сулҳро низ, ки ба зоти худ мумтоз аст, хотирнишон карданиям. Тибқи Низомномаи КОМ, ки 23 декабри 1996 тасдиқ шудааст, дар КОМ чор зеркомиссия таъсис дода шуд ба исмҳои зерин:
1. Оид ба масъалаҳои сиёсӣ;
2. Оид ба масъалаҳои низомӣ;
3. Оид ба масъалаҳои муҳоҷират;
4. Оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.
Ин зеркомиссияҳо моҳиятан ҳамон чор гурӯҳе мебошад, ки иштирокдорони Муколима 4 марти 1994 дар Даври 6–ум онҳоро барои иҷрои вазифаҳои тарафҳои музокиракунанда пешниҳод карда буданд:
1. Гурӯҳи кории таъмини амнияти ҷомеа ва бозгашти гурезагон;
2. Гурӯҳҳои кории Қонуни асосӣ ва гузаронандаи ислоҳоти сиёсӣ;
3. Гурӯҳҳои кории танзими раванди сиёсӣ ва тадбирҳои дарёфти оштии миллӣ;
4. Гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои бозсозии иқтисодӣ ва инкишоф.
Ва дертар дар Даври 12– уми Муколама (19– 22 июни 1995) ба шакли зерин даромада буданд:
1. Комиссияи таъмини амнияти дохилӣ ва халъи силоҳ;
2. Комиссияи гурезагон ва муҳоҷирони муваққатӣ;
3. Комиссияи қонунбарории демократӣ ва амалияи он;
4. Комиссияи рушди иқтисоди умумимиллӣ.
Барои омӯзиши ҳаматарафаи мавзӯи таъсири мутақобилаи Муколама ва Музокирот ба мушоҳида гирифтани сайри таҳаввули фикри даъвати Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон (Форуми халқҳои Тоҷикистон, Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон, Форум/ Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон, Шӯрои машваратии сиёсӣ ё худ Конгресси халқҳои Тоҷикистон, Кумитаи муштараки шаҳрвандони Тоҷикистон ва ғ.) ҷолиб мебошад. Ин фикр бори аввал дар Давраҳои 1–ум ва 2–уми Муколама (март ва майи 1993) аз ҷониби он аъзое, ки он вақт аз Ҳукумат пуштибонӣ мекарданд, дар ҷавоб ба пешниҳоди намояндагони ИНОТ аз хусуси таъсиси мақоми муштараке, ки бар фаъолияти Ҳукумат назорат хоҳад кард, матраҳ гардида буд ва моҳияти онро чизе ташкил медод, ки сирф машваратӣ буда, ҳеч гуна ҳаққи тасмимгирӣ ва назорат бар фаъолияти сохторҳои ҳукуматиро надошт. Тавре ки роҳбари ҳайати ИНОТ дар Музокирот Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар як мусоҳибаи худ бо мухбири рӯзномаи «Независимая газета» (12 марти 1997) шаҳодат медиҳад, аз пешниҳоди таъсиси Шӯрои машваратии бидуни масъулият дар назди Президент ва даъвати Анҷумани халқҳои Тоҷикистон ҷониби Русия ҳам дастгирӣ мекард. Табиист, ки чунин пешниҳодҳоро ҷониби ИНОТ аз оғоз рад кард. Аммо вақте ин мавзӯъ дар Даври 13–уми Муколама (11 сентябри 1995) ба таври хосса баррасӣ гардида, бо дарназардошти мавқеи ИНОТ ба ин сохтор баъзе аз салоҳиятҳои тасмимгирӣ низ дода шуд, онро ИНОТ пазируфт ва дар мулоқоти Президент Э. Ш. Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Теҳрон (19 июли 1995) дар ин замина ба ифоқа расида, ба Протоколи 17 августи 1995 бо номи «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон» дохил гардид ва дар марҳилаи дувуми Даври 5–уми Музокирот дар Ашқобод (феврали 1996) Лоиҳаи Созишнома дар бораи Анҷумани халқҳои Тоҷикистон омода шуд , ҷониби Ҳукумат онро рад кард ва онро аз «маслиҳати берунаҳо» шуморид.
Ду масъалаи дигаре ҳам, ки озмоишҳои аввалро дар ҷаласаҳои Муколамаи тоҷикон гузашта буд, баъд дар Музокироти сулҳи тоҷикон ҳаллу фасли худро ёфтанд, яке мушаххас сохтани таносуби қувваҳо дар қудрати сиёсӣ ва дигаре–усули тасмимгириҳо дар мақомоти муштарак буданд. Чунончи аз хусуси таносуби меъёри намояндагии тарафҳо дар Даври 13 –уми Муколама (11–14 сентябри 1995) вобаста ба ташкили Форум / Конгресси халқҳои Тоҷикистон ва иштироки шаҳрвандон дар он сухан ба миён омада буд ва ду пешниҳод карда шуд:
1. 40%+40%+20%, яъне Ҳукумат + ИНОТ + нерӯҳои дигар;
2. 25%+25%+25%+25%, яъне Ҳукумат + ИНОТ + нерӯҳои дигар + ақаллияти миллӣ.
Баъдан ин пешниҳодҳо бо андак тағйирот дар Давраҳои 15 (26–28 феврали 1996) ва 17–умии Муколама (8–10 октябри 1996) такрор меёбанд.
Мавзӯи меъёри намояндагӣ дар сохторҳои сиёсии муштарак дар Музокироти расмӣ дар ҷараёни мулоқоти Э. Раҳмонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Машҳад (20 феврали 1997) мавриди баррасӣ қарор гирифта, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки саҳми тарафҳо дар КОМ 50% + 50% буда, дар сохторҳои иҷроия 65% ва 35% муқаррар гардид . Аммо дар Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» (21 феврали 1997, Машҳад) ин меъёр оқибат 70% бар 30% муайян шуд.
Ба ҳамин минвол, механизми тасмимгирӣ низ аввал дар Муколама дар Даври 15-ум (26-28 феврали 1996) мушаххас гардида, пасон дар «Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ» (23 декабри 1996) расмӣ гардид. Тарафҳо ба ифоқа расиданд, ки дар тасмими масъалаҳои усулӣ ба консенсус (иҷмоъ) ва дар тасмими масъалаҳои ташкилӣ ва дувуминдараҷа ба раъйдиҳии аксарияти сода риоят хоҳанд кард.
Ҳамин тавр, бо боварии комил метавон хулоса кард, ки дар анҷоми муваффақонаи Музокироти сулҳибайни тоҷикон нақши Муколамаи тоҷикон муассир буда, онро наметавон ба ҳеч ваҷҳ инкор намуд ва ё паст зад. Фикри он ки гӯиё Муколамаи тоҷикон агарчи беасар набуд, аммо «ба раванди тасмимгириҳо таъсири амиқ надошт» , мулоҳиза мехоҳад. Ҳақ ба ҷониби Ирина Звягелская аст, ки дар вохӯрии омодагӣ ба Форуми минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба пешгирии низоъ (21-22 июни 2001, Душанбе) гуфта буд, ки «пешниҳодҳо ва меморандумҳои иштироккунандагони Муколама ба маълумоти касоне, ки ба тасмимгириҳои сиёсӣ масъул буданд, расонда мешуд ва ба онҳо дар ҷустуҷӯйи тасмимҳои компромисӣ дар сатҳи Музокироти расмӣ метавонистанд кӯмаки назаррасе расонанд».
2004.


Абдунабӣ Сатторзода, Арзишҳои Ваҳдати миллӣ. 2016

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин