Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

РЎДАКӢ ВА ТАҲҚИҚИ САБКҲОИ АДАБӢ ДАР ШЕЪР


Маъмулан қабул шудааст, ки дар шеъри форсии тоҷикӣ дар асрҳои миёна се сабк ва ё сабки давраӣ вуҷуд дошт:
1. Сабки хуросонӣ ё туркистонӣ;
2. Сабки ироқӣ;
3. Сабки ҳиндӣ.
Мақулаи мазкур тақрибан на танҳо аз тарафи касе мавриди баҳс ва ё зери шубҳа қарор нагирифтааст, балки бо мурури замон ба ҳақиқати мутлақ табдил ёфтааст. Муаллифон ва ҷонибдорони ин назария бо ҳар роҳ ва ҳар воситае, ғолибан ба таври сунъӣ, кўшиш намудаанд, ки ҳамаи шоирони форсигўйи ҳар замон ва ҳар маконро аз устод Рўдакӣ то Аҳмади Дониш, ки хеле аз ҳам фарқ доранд, дар он чорчўб "ғунҷонанд". Аз он ҷумла шарқшиноси маъруф узви вобастаи АИ ҶТ И.С.Брагинский дар замина навиштааст, ки "сабкҳои ҳам "хуросонӣ" ва ҳам "ироқӣ", сарфи назар аз замон ва макони эҷоди асарҳои адабӣ, вале аз рўйи майл ва завқи фардии муаллифон то даврони мо истифода шудаанд".
Нақси умдаи ин назарияи маъмул дар он аст, ки умумӣ ва муҷаррад аст. Ҷанбаи илмӣ надоштани чунин тақсимбандиро муаллифи "Фарҳанги Мўъин" пай бурдааст, бино бар ин пас аз шарҳу тавзеҳи истилоҳи "сабк" ва зикри се навъи он ба натиҷае расидааст, ки "тақсими сабки шеъри форсӣ ба сувари фавқ ҷанбаи илмӣ надорад". Ба замми ин сабки шеъри форсии тоҷикӣ дар ин назария асосан аз нигоҳи луғавӣ ("мухтассоти забонӣ") ва шаклӣ (санъатҳои бадеъӣ, арўз ва қофия) баррасӣ мешавад, на аз нигоҳи адабӣ (ҳунарӣ). Кўшишҳое, ки ду донишманди номии эронӣ Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ дар "Сувари хаёл дар шеъри форсӣ" ва Сируси Шамисо дар "Сабкшиносии шеър" дар рафъи ин нақс кардаанд, қобили дастгирист. Чунончи Шамисо дар байни сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ "сабки ҳадди восит" ё "байнобайн"-ро ҷудо намудааст ва бо ҳамин хостааст, ки тақсимбандии маъмулро воқеъитар ҷилва диҳад. Вале бо ин ҳама ў ва Кадканӣ низ дар маҷмўъ аз чорчўбе, ки пешгузаштагонашон Муҳаммад Тақии Баҳор ва Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷуб муайян намуда буданд, чандон берун нарафтаанд.
Агар мунсифона қазоват бикунем, назарияи мазкур солҳои тўлонӣ барои бисёре аз муҳаққиқон, аз ҷумла дар Тоҷикистон дар баррасии ҷанбаи ҳунарии шеъри форсии тоҷикӣ дар асрҳои миёна роҳнамое буд. Аммо кайҳост, ки зарурати ба таври нав ва нисбатан мушаххас омўхтани сабки шеъри форсии тоҷикӣ ба миён омадааст. Нахустин қадамҳои ҷиддиро дар ин самт эроншиноси номӣ Муҳаммаднурӣ Усмонов дар рисолаи бунёдии хеш "Сабки шеъри форсии тоҷикӣ", донишмандони соҳибистеъдоди тоҷик Саъдӣ Саъдиев дар китоби "Адабиёти тоҷик дар асри 17" ва С. Амирқулов дар такнависи "Таҳаввули адабиёти тоҷик дар нимаи аввали асри 19" бардошта буданд.
Сабк (тарз, шева, равиш) танҳо аз вижагии истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеъӣ, вазн, қофияву радиф иборат нест, тавре ки бисёриҳо гумон доранд, балки ҳамзамон вобастагӣ ба тарзи биниш ва диди зебоишинохтӣ дорад. Аз ин рў бо дигар шудани тарзи истифода аз унсур ва воситаҳои забонӣ, воситаҳои баён, санъатҳои бадеъӣ, вазн, қофияву радиф ва муҳимаш тарзи биниш ва диди зебоишинохтӣ сабк ҳам дигар мешавад. Бино бар ин ҳеч имкон надорад, ки ин ва ё он сабк дар шеър ва ё наср замоне пайдо шавад ва беохир дар ҳама давру замонҳо идома ёбад.
Ва ин тағйирот на ҳамеша ба "тағйиру таҳаввули иҷтимоӣ" бастагӣ дорад, чунонки Сируси Шамисо гумон дорад, зеро марҳалаҳои тағйиру таҳаввули адабиёт ва навъҳои дигари ҳунарҳои зебо асосан аз рўйи қонунмандиҳои дохилии худи адабиёт ва ҳунар ҷараён мегирад ва аз ин ҷиҳат на ҳамеша ба марҳалаҳои "тағйиру таҳаввули иҷтимоӣ" мувофиқат мекунад.
Ҳангоми баррасии сабки шеъри форсии тоҷикӣ ҳамчунин пажўҳишгаронро лозим меояд, ки ба яке аз ҷанбаҳои муҳимми таҳқиқи сабки шеъри форсии тоҷикӣ таҳлили муқоисавии усули офариниши тасвирҳои шоирона ва маъниофаринии шоирони форсигўй низ диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро барои дуруст муайян намудани сабкҳои шеърӣ мусоидат хоҳанд кард.
Аз рўйи мушоҳида ва таҳлилҳои пешакии мо шоирони форсу тоҷик ҳангоми тасвиргарӣ ва маъниофаринӣ дар шеър аз усули зерин истифода кардаанд:
1. Асли офариниши шеъри рўдакивор, ки дар сурудаҳои худи поягузори адабиёти форсии тоҷикӣ устод Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ - соҳиби маснавии номии "Шоҳнома", ҷўяндаи бузурги роҳи ҳақиқат Носири Хусрав, Умари Хайём бо рубоиёти нотакрори хеш, Низомӣ, бунёнгузори суннати хамсанависӣ, Ҳофизи Шерозӣ, ки нобиғаи умумидунёӣ Иоҳан Волфҳанг Гутеи олмонӣ ба ў пайравӣ намудааст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, бузургтарин сўфии ҳамаи давру замонҳо риоят шудааст.
Сабки шеъри рўдакивор, ки дар шеършиносии урфӣ "саҳли мумтанеъ" меномиданд, иборат аз он аст, ки дар он ҳама чиз - муҳтаво, забон, луғат, баён, воситаҳои тасвир ва вазну оҳанг дар баробари сода, муқаррарӣ, рўзмарра, ҳамагонӣ, заминӣ, ошно, табиӣ ва осон будан, ҳамзамон тоза, бикр, нотакрор ва баланд мебошад. Барои мисол, устод Рўдакӣ дар марсияи ҷонгудози худ ба марги шоири ҳамдавронаш Муродӣ чунин сухан кардааст:

Коҳ набуд ў, ки ба боде парид,
Об набуд ў, ки ба сармо фисурд.

Шона набуд ў, ки ба мўе шикаст,
Дона набуд ў, ки заминаш фишурд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ў ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Ва ё:
Кори бўса чу об хўрдани шўр,
Бихўрӣ беш ташнатар гардӣ.

2. Асле, ки бар дурўғ, хаёлбофӣ, суханбозӣ ва каломи маснўъ дар шеър муқаррар аст, мисли осори Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон. Барои мисол, Фаррухӣ бовар бар он дорад, ки чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар тамоми рўйи дунё шоҳе набуд, аз ҷумла дар байни онҳое ҳам, ки номашон дар "Шоҳнома" зикр шудааст:
Номи ту номи ҳама шоҳон бистурду бибурд,
"Шоҳнома" пас аз ин ҳеч надорад миқдор.
Манучеҳрӣ дар навбати худ ошкоро эътироф намудааст, ки вай танҳо ба хотири он шеър мегўяд, ки "шоҳро хуш ояд":
Ман шеър беш гўям, к-он шоҳро хуш ояд
Алфозҳои некў, абётҳои ҷорӣ.

3. Асле, ки бар "назокату диққати маънӣ", "маъниофаринӣ" ва "нуктапардозӣ", бар рамзу тамсил, тасвирҳои лафзӣ ва мураккаб қарор гирифтааст, намунаи барҷастаи он шеъри Абдулқодири Бедил (1644-1720), пешгузаштагон ва пайравони ў ҳамчун Урфии Шерозӣ (1555-1591), Назирӣ (вафоташ дар соли 1602), Нозими Ҳиротӣ (1601-1671), Соиби Табрезӣ (1603-1677), Калими Кошонӣ (вафоташ дар соли 1650), Толиби Омулӣ (вафоташ дар соли 1623), Шавкати Бухороӣ (вафоташ дар соли 1695), Носиралии Сирҳиндӣ (вафоташ дар соли 1695) ва дигарон.
Шарқшиноси чехӣ Ян Рипка соҳиби китоби "Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ" ба натиҷае расидааст, ки шеърҳои шоирони сабки ҳиндӣ "муаммоҳоеро ба хотир меоранд, ки кашфи онҳо чандон осон нест". Барои мисол, Носиралии Сирҳиндӣ байте дорад чунин:

Зи ҷўши бода дурди таҳнишин болонишин гардад,
Зи мавҷи ханда, тарсам, хат бурун ояд аз ин лабҳо.

Адабиётшиноси номии ҳиндӣ Шиблии Нуъмонӣ дар вақташ мушоҳидаи аҷибе карда буд. Вай дар "Шеърул-Аҷам" навиштааст, ки агар "шуарои мутақаддим "даҳон"-ро ба "ғунча", ба "писта" монанд мекарданд, мутааххирин онро дар аввал ба "зарра", "нуқта" шабоҳат дода, баъдан онро "ҳеч" гуфтаанд. Мутақаддимин "зулф"-ро ба "мушк", "салиб", "хўшаи ангур" ва "таноб" монанд мекарданд, мутааххирин онро ба "тўри назора", "занҷир", "силсила" ва ғайра ташбеҳ намудаанд. Мутақаддимин "камар"-ро нахуст ба "шохаи гул" ташбеҳ додаанд, сипас ба "мўй" ва ниҳоят таъбирҳои "раги гул", "риштаи нигоҳ" ва ғайраро истифода кардаанд ва оқибат ба ҳаде расидаанд, ки онро ба нестӣ расондаанд".
Аз ин се асли офариниши тасвирҳои шеърӣ ба табиати шеъри асил, ба имони комили мо, беш аз ҳама ва беҳ аз ҳама, асли шеъри рўдакивор муносибтар ва мувофиқтар мебошад. Аз шоирони форсигўйи муосир ба ин сабк дар Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар ва Фарзона, дар Эрон Нодири Нодирпур ва Фурўғи Фаррухзод, дар Афғонистон Восифи Бохтарӣ ва дигарон гаравидаанд.
Абдунабӣ САТТОРЗОДА,
профессор

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин