Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Мири Душанбе- шери созандагии Душанбе

Мири Душанбе- шери созандагии Душанбе

Намодҳо ва нишонаҳои тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистони бостонӣ, ки ёдгори гаронбаҳое аз Хуросони бузург ва Сомониёни тоҷик мебошад, баъд аз истиқлоли тиллоии ин кишвар ва родмардиҳову ҷонбозиҳову кӯшишҳои барҷастаи пешвои муҳтарам, раиси ҷумҳури мардумӣ ва хирадманди Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёрии давлатмардон ва халқи қаҳрамони ин кишвар, рӯз ба рӯз барҷастатар ва намоёнтар мегардад. Дар воқеъ, баъд аз ҷанги хонумонсӯз ва вайронгари шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистони азиз дучори балоҳо ва сахтиҳои бисёре гашт ва то марзи фурупошӣ пеш мерафт, аммо бо тадбир ва хиради пешвои миллат ва халқи қаҳрамону далеру шуҷоъи ин кишвар тавонист нақшаҳои кӯрдилон ва хоинон ва наҳзатҳои зиддимардумӣ ва иртиҷоӣ ва сиёҳро нақши бар об кунад ва дар натиҷа, парчами ковиёнии халқи ориёии тоҷик ҳамчун шоҳине дар осмон парвоз намуд, ки то имрӯз мардуми ҷаҳон ба пешвои давлат ва миллати бузургвори Тоҷикистон ба дидаи шаҳомату шуҷоат ва хираду эҳтироми бештаре менигаранд.
Дар ин росто, ин кишвари бостонӣ, инак аз кишварҳои мутараққии ҷаҳон гашта ва иртибототи сиёсӣ, иқтисодӣ, беҳдоштӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва технологӣ бо бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа барқарор кардааст. Ва ҷаҳон инак ба ин кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва демукросӣ аҳамияти шоёне медиҳад. Агар нигоҳе воқеъбинона ва одилона ба ин кишвар бавижа, баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози истиқлол ва сулҳ бияндешем, мебинем, ки пешво ва Раиси ҷумҳури муҳтарам дар воқеъ, гуристонро таҳвил гирифт ва инак гулистонро ба Тоҷикистону халқи наҷиб бузургвор ва меҳанпарасти ин кишвар ҳадя кардааст. Ва аз назари созандагӣ, умрону ободӣ, таъсиси корхонаҳо, ҷодасозӣ, мудерниза кардани кишоварзӣ, таъмини озуқаворӣ, таъсиси ниҳодҳои омӯзишӣ ва фарҳангӣ, аз боғча то донишгоҳҳо, эъзоми донишҷӯён ба хориҷи кишвар, таваҷҷуҳ ба асолатҳои бостонӣ, ва фарҳангу ҳунар, шеъру мусиқӣ ва таваҷҷҷуҳ ба рушанфикрону шуарову нависандагони маҳбуб ва бузурги тоҷик ва садҳо пружа ва тарҳҳои дигар аз иқдомоти тиллоиву муфид ва корсоз ва чашмгири ин пешвои гиромӣ ва мардумӣ мебошад. Ва рифоҳ ва амнияту осоиш дар ҷой-ҷои ин кишвари бостонӣ комилан ба чашм мехӯрад.
Инак, дар идомаи ин гуна иқдомоти рифоҳӣ ва муфиду муассир, мири донову хирадманд,кордон ва хоксору фурутани Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шоҳиди бозсозиҳои роҳҳо, ҷодаҳо, марокизи тафреҳӣ, таълимӣ, поркҳо, сохтмонҳо, гулкориву дарахткорӣ, эҷоди майдончаҳои варзишии маҳаллӣ, таваҷҷуҳ ба зебоӣ ва беҳдошти шаҳр, корҳои бисёр арзанда ва шоистае анҷом додааст. Дар воқеъ, ин мири ҷавони шаҳр, ки саршор аз хоксориву фурутанист бо шӯру шавқи тоҷиконаи бисёр ҳамроҳ бо кордонӣ ва барномарезиҳои бисёр дақиқ тавонистааст дар муддати бисёр кутоҳе гулистони падарро густариш диҳад, ба тавре ки гардишгарон ва сайёҳони хориҷӣ бо вуруд ба ин шаҳри зебо дучори ҳайрату тааҷҷуб мешаванд ва ба ситоиш ва таҳсини мири шаҳр ва дигар коргузорон ва хидматкорони азизи тоҷик, забони ситоиш мегушоянд ва пешвои муҳтарам ва фарзанди далер ва кордонашро ба дидаи эҳтиром менигаранд. Бидуни ҳеҷ гуна шакку тардиде метавон гуфт аз замоне, ки Рустами Эмомалӣ мири шаҳр гаштааст, меъморӣ ва муҳандисии навин ва мудерне бо стандартҳои ҷаҳонӣ дар ин шаҳр анҷом шудааст. Ва корҳои асосӣ ва бунёдӣ дар сохтор ва зерсохтори пойтахт ба беҳтарин ваҷҳи мумкин сурат гирифтааст, ки ин амр муҷиби фахру мубоҳоти ҳамаи тоҷикони азиз ва қадршинос бавижа, мардуми Душанбе мебошад. Ва чунончи, муқоисае миёни шаҳрдорони кишварҳои минтақа сурат бигирад, мири Душанбе яке аз беҳтарин шаҳрдорон ва коргузорони намунаи минтақа мебошад. Ҷои умеду умедвории бисёр аст, ки дар ояндаи наздик шаҳри Душанбе ба унвони беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад ва дигар кишварҳои минтақа аз назари зебоӣ ва тараққиву тавсиаи умрониву ободии ин шаҳр сабақ биёмӯзанд. Дар хотима ба поси хадамоти шоиста ва арзанда ва дилсӯзонаву мондагори ин мири шаҳри ҷавон ва кордон ва ботадбир ва хоксори Душанбе шеъре ҳарчанд “барги сабзе туҳфаи дарвеш” тақдими ин шоҳзодаи гиромӣ ва арҷманд ва Рустами Дастони умрон ва ободии пойтахти Тоҷикистон, Душанбе мегардад.
Фурӯғи ҷавонон
Тақдим ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори муҳтарами Душанбе
Ало, Рустами сарфарози Ватан,
Фурӯзанда номат ба ҳар анҷуман.
Фурӯғи ҷавонон туӣ, Рустамо,
Ба ақлу хирад нурию раҳнамо.
Зи насли Каёнию ҳам тоҷдор,
Ба Фарри Каёнӣ шавӣ номдор.
Зи пиндору гуфтору кирдори нек,
Шудӣ раҳрави ишқи Додори нек.
Дилат равшан аз меҳри Яздон бувад,
Раҳу расми ту меҳри Раҳмон бувад.
Ту бошӣ зи насли Каён ёдгор,
Далеру хирадпешаву мондгор.
Сарафроз гаштию номат баланд,
Ба ишқи Ватан номи ту арҷманд.
Ба оини Куруш ту номӣ шавӣ,
Чу хуршеди тобон гиромӣ шавӣ.
Душанбе ба номат кунад ифтихор,
Ало, Рустами нангу номусу ор.
Душанбе ба ишқи ту обод гашт,
Ба ҳар гушааш равза бунёд гашт.
Бинозам ба модар туро зодааст,
Ки шираш туро фаҳму фан додааст.
Падарро чӣ гӯям, ки ӯ раҳбар аст,
Ба хоки Ватан бартарин гавҳар аст.
Ҳама ишқи ӯ ишқи Меҳан бувад,
Камолу ҷамолаш чу ҷавшан бувад.
Падар чун бувад ноҷии тоҷикон,
Писар ҳам бидорад зи Рустам нишон.
Далеру тавонову пурақлу ҳуш,
Зи меҳри ватан ҷону тан пур зи ҷӯш.
Бувад номатон номи борону меҳр,
Чу хуршеди тобон ба девони меҳр.
Бимонад ҳаме номатон ҷовидон,
Ба таърихи ҳар давру дар ҳар замон.
Бинозам ба ин шоҳу фарзанди ӯ,
Ба Рустам, ҳамон ҷону дилбанди ӯ.
Хушо Рустами меҳани тоҷикон,
Хушо Рустами сарфарози ҷавон.
Дилу ҷони ман ишқи Раҳмон бувад,
Бинозам ба Рустам, ки Дастон бувад.

Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, шоир, нависанда
ва пажӯҳишгари эронии муқими Душанбе

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин