Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 13:49 – САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА Ш.БӮСТОН 
  • 09:58 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД ОБЕЪКТҲОИ МУҲИМИ ИҶТИМОИ ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 
  • 12:36 – Ифтитоҳи кӯдакистони хусусии “Нурафшон” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 
  • 09:22 – Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 

Таҳрири соядаст

Корманди нашриёт будам. Рўзе дар дасти ҳамкорамон Мўҳтарам китоби «Роҳи паси аҒба»-и Ўрун Кўҳзодро дида, аз ў хоҳиш кардам, ки онро ба китобхонаи падарам тақдим намояд. Шоир Муҳтарам розӣ шуда, соядасте навишт: «Ҳарчанд ки роҳи аҒба мушкилгузар аст, Биштоб, зиёфати Ашўри Сафар аст». Китобро ба падарам расондам. Ў ин туҳфаро бо хушнудӣ қабул намуд. Вале, вақте ки соядастро хонд, ба ман рў оварда гуфт:
– Китоби наҒзу соядасташ таҳрир талаб мекунад. «Биштоб, аёдати Ашўри Сафар аст» мегуфт, хубтар мебуд. Зиёфат вазнин аст.
– Чӣ хел вазнин? – таҳти гапи ўро сарфаҳм нарафта, пурсидам ман.– Аёдату зиёфат як хел вазн доранд-ку?! Вазнин нест!
– Ту дар умрат зиёфат надода бошӣ, аз куҷо медонӣ, ки вазнин аст ё не?! – табассум намуда, гуфт падарам.
Янгетон хурсанд шуд

Муҳтарам Қутбӣ Киром ва Мастон Шералиро, ки дар нашриёти «Адиб» ҳамроҳ кор мекарданд, ба сайри дараи Камароб бурд. Дар рўди Камароб аз тўри Мирзоалии Раҳмат Ғайр аз гулмоҳӣ дигар чиз намебаромад. Фишори хуни Қутбӣ Киром, ки баланд буд, ба асари гулмоҳиҳо боз ҳам баландтар шуд. Баъди сўзанзаниҳо дар шифохонаи Ғарм ўро ба як мошин хобонда, оҳиста-оҳиста ба Душанбе, ба хонааш оварданд. Мастон ҳангоми аз хонаи Қутбӣ баромадан ба Муҳтарам гуфт:
-Худо нигоҳ дорад, аҳволаш вазнин, бохабар шудан даркор.
Ин ҳол рўзи якшанбе буд ва рўзи душанбе Муҳтарам барвақт ба кор шитофт, то фаҳмад ки аҳволи Қутбӣ чӣ тавр шуда бошад. Бинои нашриёт он вақт дар километри нуҳуми Душанбе, паҳлуи Комбинати полиграфӣ воқеъ буд. Муҳтарам дар истгоҳ аз троллейбус фуромадан замон Қутбиро дид, ки дастҳо паси пушт дар пеши бинои нашриёт пасу пеш қадам мезад. Ў Муҳтарамро бо даст ишора кард, ки зудтар биё ва худ низ сўи ў шитобид. Ҳанўз то мулоқоташон 10-15 қадами дигар монда буд, ки Қутбӣ пурсид:
-Мулло Муҳтарам, боз кай Камароб меравем?
-Устод, ман хавотир, ки аҳволатон чӣ шуда бошад, Шумо бошед...
-Ман наҒз... янгетон шаб хурсанд шуд... Саҳарӣ пурсид, ки боз кай Камароб меравед?

Панҷ шори наҒз

Боре Ҳақназар Ғоиб аз Муҳтарам пурсид, ки ман чи гуна шоирам? Муҳтарам гуфт, ки агар бист шоири наҒз бошад, Шумо низ дар ҳамон шуморед. Ин сухан ба Ҳақназар хуш наомад. Гуфт: Агар даҳ шоири наҒз бошад Шумо дар ҳамон шуморед. Ин сухан низ ба Ҳақназар хуш наомад. Муҳтарам гуфт: -Агар панҷ шоири наҒз бошад… Ў давоми суханашро нагуфта, Ҳақназар дасташро бо ишораи «даст деҳ» боло намуд. Онҳо дастфишорӣ карданд…

Ҳофиз ва Муҳтарам

Муҳтарам Ҳотам ва Ширин Бунёд бо якдигар Ғоибона шинос бошанд ҳам, якдигарро аз наздик надида буданд. Онҳо бори аввал дар Иттифоқи нависандагон бо ҳам вохўрда, аз зиндагӣ аз шеъру шоирӣ, аз бузургон ва Ғайра сўҳбат мекарданд. Ширин Бунёд бештар аз Хоҷа Ҳофиз ва Ғазалиёти ў ҳарф мезад.
-Ба ин байт таваҷҷўҳ кун, хеле олист, - гуфт Ширин ва хонд:

Ҳасад чи мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.

-Бале, олӣ, -гуфт Муҳтарам, -ҳазрати Ҳофиз дар баробари лисонулҒайб ва малакутӣ будан як шоири заминӣ низ ҳаст, аммо ман бештар ба ҷанбаи пешгўии шеъри ў қоилам. Масалан, вай маро тақрибан ҳафтсад сол пеш аз ин дар як байташ зикр намуда, рақиби худ хондааст.
-Чӣ хел, чӣ хел? -бо тааҷҷуб пурсид Ширин.
Муҳтарам гуфт:
-Гўш кун:

Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин Муҳтарам нахоҳад монд.

Чашмони ҳайрони Ширин зуд-зуд мижа мезаданд...

Салому алейк

Мошини Назри Яздониро, ки Муҳтарам Ҳотам дар паҳлуяш нишаста буд, нозири роҳ боздошт.
-Ман барои ин кас мошинро манъ кардам, -гуфт нозир ба Муҳтарам ишора карда. -Дар телевизор саломаш медиҳӣ, алек ҳам намегирад.
-Мумкин нашунида бошам, ин дафъа ҳатман алейк мегирам, -гуфт ў.

Қиссаи кулоҳ

Соли 1984 ҳангоми кор дар АфҒонистон Мирзоҳаёт Давлатови бисёр эҳтиёткор дар шароити аҷибе кулоҳашро гум мекунад. Вай бо рафиқону ҳамкоронаш дар ҳама ҳолат бисёр хурдагирона муносибат мекард. Муҳтарам барои шўхӣ шеъри зеринро, ки ихтисоран оварда мешавад, навишта ба рафиқон медиҳад.

…Гум карда кулоҳашро, пут1 карда гуноҳашро,
Оё бувад ояд пас он чи ки зи сар афтад?
«Сайёди муҒамбир2» ўст, устоду ҳаме пир ўст,
То дар пайи тадбир ўст, тире ба ҳадар афтад.
Донӣ чӣ Ҳаёт аст ў, чун Дони Кихот аст ў,
Хеле басубот аст ў, аз гар ба магар афтад.
Аз Ғур-Ғуру аз Ғул-Ғул гардида тиҳӣ Кобул,
Ҳар гаҳ ки аз ин шаҳр ў дар роҳи сафар афтад.
Бас монд ҳикоятҳош, бас монд ривоятҳош,
Мирзо3 ба шикоятҳош аз пой ба сар афтад...
Ҳар шаб ба телевизон пайваста бувад эълон:
Эълон, кулаҳи арзон! - бар чашму назар афтад.
Бодо сари ў бедард, пушти кулаҳаш мангар,
Ҷойи кулаҳаш дигар ташвиш зи сар афтад.
1. Пут кардан - дар лаҳҷаи кобулӣ пинҳон кардан
2. Муҳтарам ва Мирзоҳаёт ҳамдигарро аз сурати «Се шикорчӣ» ба сайёди муҒамбирнамо шабоҳат медоданд
3. Мирзо Шукур – нависанда, ҳамон вақт дар АфҒонистон ифои вазифа менамуд
Гурез Сафар

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин