Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Оила-роҳнамои ҳаёти оянда

Дар суҳбати мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Файзобод Фариштамоҳ РАҲМАТУЛЛОЗОДА
Воқеан ҳам оила мураббии аввалин ва асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як шахс маҳсуб меёбад. Ҳаёти оилавӣ ва муносибатҳои байни инсони одобу ахлоқи ҳар як шахсро муайян мекунад.
Аз ҷониби дигар, оила асоси давлат мебошад.Чи тавре, ки бино аз хиштҳо бунёд меёбад, давлатҳам аз оилаҳо ташкил мегардад ва мусаллам аст, ки пойдории давлат ба пойдории оилаҳо иртиботи ногустанӣ дорад. Хушбахтона, таи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва Ғамхориҳои рўзафзуни ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оила зиёд гардид ва мақоми зан дар ҷомеа хеле баланд бардошта шуд. Соли 2015 эълон гардидани соли оила далели гуфтаи болост.


Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон ва таҳкими оила беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Мутаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки ин санадҳо барои фаъолияти занону духтарон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.
Ба вуҷуди тадбирҳои судманди ҳуқуқию ичтимоӣ ҳамоно ҷудошавии оилаҳо таи солҳои охир аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондааст, иброз дошт дар оҒози суҳбат Фариштамоҳ Раҳматуллозода. Дар 10 моҳи соли равон зиёда аз 400 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд. Вале бекоркунии ақди никоҳ 100 ададро ташкил медиҳад. Албатта, ин падидаи нигароникунанда аст.
Кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пойдории муносибатҳои оилавӣ ва фарҳангӣ оилавии шаҳрвандон пешгирии пошхўрии оилаҳои ҷавон ва манъи никоҳи хешутаборӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Дар ҳамаи 8 ҷамоати деҳот, ҷаъмияти шаҳраки Файзобод ва ташкилоту корхонаҳо "Равзани ягона" нуқтаи ягонаи қабули шаҳрвандон ташкил карда шудааст. Ҳангоми қабули аризаҳои никоҳ ба никоҳшавандагон ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар, баробарҳуқуқии ҳамсарон дар оила, бахусус дар тарбияи фарзандон, шартҳои бастани ақди никоҳ ва аҳди никоҳ, интихоби насаб баъди никоҳ, шартҳои гузаронидани тўй фаҳмонида шавад. Дар ҳуҷраи кори Ф.Раҳматуллозода ва толори ақди никоҳ иқтибосу навиштаҷот аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон овезону насб карда шудааст, ки тарҳи зебоии онҳо диққати муроҷиаткунандагонро ба худ ҷалб месозад ва дар хотираи шахс ба зудӣ нақш мебандад.
Фариштамоҳ Раҳматуллозода бо хушнудӣ қайд намуд, ки қариб ҳамаи издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ ва аз ақди никоҳи давлатӣ мегузаранд. Хушбахтона бе маълумотномаи бақайдгирии аризаи ақди никоҳ намояндагони дин никоҳи домоду арўсро намегузаронанд.
Вобаста ба ин падидаи номатлуб Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо намояндагони дин ва аҳли ҷамоатчигии кишвар низ изҳори нигаронӣ намуда буд. Имрўзҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии мо баробари оилаҳои солим шумораи оилаҳои носолим низ ру ба боло рафтан дорад ва барҳам хурдани оилаҳои ҷавон яке аз масъалаҳои доҒи рўз ба шумор меравад. Номбурда замони муовини раиси ноҳия буданашро низ ҳамчун давраи сертараддуду ташвиши ва серкорӣ ба ёд меорад. Зеро чун рўзгори феълӣ дар ҳама мушкилоти мардум, хусусан занону духтарон ҳамдаму ҳамроз буд. Бахусус бо баҳонаҳои ночиз баъзе хонаводаҳои ҷавон пош мехўранд ва ин ҳолат ўро бетараф гузошта наметавонист. Ҷангу хархаша ва лату кўби ҳамсарон, хушдоману келини бархе аз хонадонро ҳам бо чашми сар дидааст. Онҳоро то ҳадде тавонист баҳам оварду чандин оилаҳоро аз вартаи пошхўрӣ раҳо намуд.
Ба ҳам овардани оилаҳои пурмаҷаро ва носоз, ҳалли масъалаҳои хонаводагӣ ниҳоят мушкил аст. Зеро он ҳама сирру асрор ва камбудиҳои хонаводаро меҳру муҳаббати самимӣ, садоқат, вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию қадршиносии аъзои оила метавонад бартараф созад мегўяд ў.
Дар яке аз рўзҳои корӣ саҳарии барвақт ба ҳуҷраи кориам мўйсафеде бо писару келинаш даромаданд. Ба ёд овард Фариштамоҳ Раҳматуллозода, баъди асалому алейк муйсафед, ки сокини шаҳраки Файзобод будааст, иброз дошт, ки ду моҳ пеш тўй барпо намуда, аз Ромит барои писарам келин овардам. Ба насиҳату маслиҳатҳо гўш надода, боисрор дорад, ки аз шавҳарам ҷудо мешавам. Талаби қатъӣ гузошт, ки ба идораи шумо биёем.
Вақте ки ҷавонзан сабаби ҷудошавиашро пурсидем, ў бешармона ва беандеша ҷавоб дод.
Ман як шавҳар дорам. Намехоҳам, ки хусуру хушдоман ба ман фармон диҳанд. Бо писари онҳо зиндагӣ намекунам. Ба нею нестони мо гўш надода, ў барои бекор кардани ақду никоҳ ариза навишт. Мутаассифона, чунин ҳолатҳо хеле зиёд рўх медиҳад.
Албатта, сабабҳои зиёд шудани пошхўрии оилаҳои ҷавон, гуногун аст. Сатҳи пасти маълумоти ҷавонон, бахусус духтарон хеле барвақт дар синни 18 - солагӣ (баъзан дар 17- солагӣ) ба шавҳар баромадани духтарон, надоштани ягон касбу ҳунар, сатҳи пасти маърифати оиладорӣ (яъне ба ҳаёти оилавӣ омода намудан), муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва никоҳҳои хешутаборӣ боиси аз ҳам ҷудошавии оилаҳои мегардад.
Лекин сарчашмаи асосии ҷудошавии оилаҳо ин нодуруст ва Ғайримақсаднок ба роҳ мондани тарбияи фарзанд дар оила мебошад. Яъне падару модарон низ сахт гунаҳгоранд. Мутафаккири бузург В.Г. Белинский навиштааст: "Тарбия кори бузург аст ба воситаи он сарнавишти инсон ҳал мешавад".
Оре, баъди тавлиди фарзанд ҳамчун инсони бомаърифат, хушодобу меҳнатдўст тарбия карда, ба воя расонидани ў вазифаи муҳиму ҷонии волидон маҳсуб меёбад.
Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзандон дар мавзуъҳои рўзгори оиладорӣ, хоксорӣ, эҳтироми калонсолон, одоби меҳмондорӣ, тарбияи кўдак суҳбату маслиҳат намуда,анъанаҳои беҳтарин гузаштагонро истифода кунанд.
Хушбахтона оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашонро хеле хуб тарбия намуда ҳамчун шахси сазовори ҷомеъа ба камол мерасонанд. Мутаассифона, оилаҳое низ ҳастанд, ки ба тарбияи фарзандон эътибор намедиҳанд. Онҳоро соатҳои дароз паси телевизор шинонида васиятҳои дигари техникиро ба ихтиёрашон мегузоранд ва худашон машҒули кори дигари худ мешаванд. Дар натиҷа тарбияи фарзанд дуруст ҷараён мегирад.
Фариштамоҳ Раҳматуллозода аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки теъдоди бекор шудани ақди никоҳ ҳамасола дар афзоиш аст ва масъалаҳои аз ҳама пош хўрдани оилаҳои ҷавон ташвишовар боқӣ мемонад. Ҳамсарон вақти бекор кардани ақди никоҳ ба давлат маблаҒи ночизе месупоранд. Масалан дар ноҳияи мо боҷи талоқ дар 10 моҳи соли равон наздики 5 ҳазор сомонро ташкил медиҳад. Бархе ҷавонон аз ин имконият сўистифода бурда, ақду никоҳро бекор карда, якчанд бор хонадор мешаванд. Хуб мешуд, ки барои бекор кардани ақди никоҳ тарафи гунаҳкор бо маблаҒи калон ҷарима карда шавад. Агар ин масъала ба доираи қонун медаромад, шояд пошхўрии оилаҳо хеле кам гардад.
Аъзам БОБОЕВ

рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин