Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 17:07 – РУҶЎЪИ ЯТИМИ КУЛЛ 
  • 11:08 – ТАҶАЛЛИИ ЯКДИЛӢ ДАР ОИНАИ ДӮСТӢ 
  • 16:26 – МАҚСАД БО ҶОИ КОР ФАРО ГИРИФТАН АСТ 
  • 11:26 – АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОБОДИИ ВАТАН ТО РУШДИ САЙЁҲИЮ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 

НАВРӮЗ ХУШ АСТ, ҲАВОИ НАВРӮЗ ХУШ АСТ…

НАВРӮЗ ХУШ АСТ, ҲАВОИ НАВРӮЗ ХУШ АСТ…Ҳамватанони азиз!
Пайки баҳор расид, мужда ба ҳамагон дод, атри баҳор бо беҳтарин нафосати худ ба ҳамаҷо пархош кард ва бӯйи хуши худро ба машоми ҳамагон бахшид, ҳама ҷову ҳама касро аз хобу ғафлатҳо бедор сохт то ҳамагон бархезанд Наврӯз мерасад гуфта пайки баҳор сайру даман кӯҳу саҳро ва ҳар хамгашти кучаеро ба таҷлили ҷашни Наврӯз фаро хонда раҳнамун месозад! Имрӯзҳо мардуми шарифи тоҷик ва ҳавзаи тамаддунофари Наврӯз баҳри бо тантана ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани Наврӯзи аҷам камари ҳиммат бастаанд ва дар ҳар гӯшаву канори кишвари биҳиштосоямон бо анъана ва расму русуми ниёгон ва хоса навгониҳо, Наврӯзи оламафрӯзро мавриди таҷлил қарор додаанд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шумо мардуми шарифи Тоҷикистон ва аҳли ҳавзаи тамаддуни наврӯзро ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзию хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафрӯз, ки имрӯзҳо дар сартосари кишвар мутантан мавриди таҷлил аст, самимона бо арзи мамнуният ба тамоми мардуми шарифи худ ва хоса ба садрнишинони садри аъзам ва тоҷикони берун аз марзу буми кишвар ва ҳар нафареро, ки бо мо ҳамрадифу ҳаммаслак гаштаанд хоса таҳният гуфта, сараввал саломатӣ тинҷиву амонӣ, осмони софи беғубор, дастархони пурнозу нози наврӯзи парафшонии ливои суҳу ваҳдати миллӣ ва мушаваш дар машом аз атри баҳорро таманно мекунем. Бигзор Наврӯзатон саршори некуиҳо ва муҷиби расидан ба қуллаҳои баланди мурод бошад, ҳамватанони азиз!
Парешон хотирам, ҷонам, магў имрўз Наврўз аст,
Ба ҳар кас хотири ҷамъ аст, ба ў ҳар рўз Наврўз аст.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин