Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 10:42 – Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 
  • 17:03 – БАРХЕЗУ БИЁ БА РОҒУН, АЙ ҶОНУ ҶИГАР! 
  • 11:21 – АРСАИ НОМУСУ НАНГ 
  • 11:01 – СОХТМОНИ "РОҒУН" ИДЕЯИ МИЛЛИИ МОСТ 

Дар ҷаҳон Пайғамбаре бошад агар....

Дар ҷаҳон Пайғамбаре бошад агар....
Дар ҷаҳон Пайғамбаре бошад агар.... Писаре духтареро дўст медошт ва хост бо ў издивоҷ кунад. Духтар ба ў гуфт: - ман бо ту ба як шарт издивоҷ мекунам, ки дар рўзи туйи арўсӣ модарат наояд. Ҷавон ҳайрон шуд ва надонист чӣ ҷавоб гўяд. Назди устодаш рафт ва бо хиҷолат аз ў пурсид: Устод падари ман дар синни яксолагиам вафот карданд, модарам барои моро нигоҳубин кардан, тамоми мушкилоти зиндагиро ба дўши худ гирифт ва дар хонаи мардум бо фаршшўи (пол) ва либосшўӣ хизмат мекунад, то барои мо ризқу рўзӣ биёрад. Имрўз духтари ки дўсташ медорам мегўяд - модарат дар ҷашни арўсӣ наояд, вале ин ҳам муҳим нест, худи ман низ аз ин кори модар шарм мекунам. Ба ман роҳ нишон диҳед ки чӣ кор кунам??? Устод гуфт: - ба хона бирав ва дастони модаратро бишў... ва фардо назди ман биё ман посух мегўям. Ҷавон ба назди модар рафт ва бори аввал дастони модарро фишурд ва дид, ки дастонаш чиқадар пажмурдаву афгоранд, аз азоби шустушуи зиёд дастонаш кафидаву дардманданд, бори аввал ба онҳо об рехта, онҳоро шуст ва аз дидани дастони хуншори кафида ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Дигар сабру қарор надошт ва ба устодаш занг зад ва гуфт: Ташаккур ки ба ман роҳи дурустро нишон додед, шахсе ки тамоми зиндагиашро барои ман барбод дод, ман барои имрўз шуда, ўро намефурўшам!!! Онҳоеро, ки ба хотири шумо зиндагӣ, саломатии худро барбод доданд, барои имрўз, барои як лаҳза, як нафс - на фурўшед!!!
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
…Модар, ки ғарқи кор аст, гумон намекунад, ки ман ўро назорат дорам. Аз сихҳои яллаққоси ҷуробдўзӣ чашм намеканад ва онҳоро бо ангуштони ларзонаш маҳкам дошта, аз миёни ҳалқаҳо мегузаронад. Аз он гўшаи дури ҳуҷра, ки дар он модарам нишастааст, ба ман як гармие мерасад. Ман меболам ва ба сўи ў мешитобам, то насиби як каф дуои модар гардам …
Муқаддасоти модар дар он аст, ки нисбати худ ҷони фарзандонашро азизтару болотар медонист. Аз ин ҷост, ки мо ўро муқаддас мешуморем, дар ҳамаи лаҳзаҳои шириниву талхии ҳаёт номи ўро бо эҳтиром ба забон мегирем.
Оре, модар бузург аст. Бузургиаш на танҳо дар он аст, ки фарзандро ба дунё меорад, инчунин омўзгори аввалини ў мебошад. Шабу рўз дар орзуи он аст, ки вай боодоб, босавод ва ҳунарманд ба воя расад. Ҳоло ки фарзандаш як-ду сола аст, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Дар синни се - чор солагӣ бошад, тарзи рафтору кирдор ва бо калонсолон муомила карданро нишон медиҳад.
Фарзандони зиёдеро ном гирифтан мумкин аст, ки дар ҷомеа соҳиби эҳтироми умум гашта, сазовори умеду орзуҳои модар гардидаанд. Дар ҳадиси Паёмбарамон омадааст: «Биҳишт дар зери қадами модарон аст». Ҳаким Низомӣ ин ҳадисро чунин ба назм даровардааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Садҳо адибони оламшумули дунё «Модарнома»-и хешро офаридаанд.
Ба забон овардани номи модар сухани нахустини мост, ки ҳеҷ кас бояд онро аз ёд набарорад. Хизмате ба модар намоем, то ў аз мо розӣ бошад.
Салим Гадоев
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин