Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 11:56 – ИФТИТОҲИ ЯК ЧАНД МУАССИСАВУ КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 
  • 17:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ҲОМИИ ОЛИМОНИ ҶАВОН 
  • 14:10 – ПАЁМ БА АНДЕШАИ СОЗАНДА ВОДОР МЕКУНАД 
  • 09:06 – ОРОМИЮ СУБОТ - ОМИЛИ ПЕШРАФТ 

ЧОЙХОНАҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁ МЕШАВАНД.

ЧОЙХОНАҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁ МЕШАВАНД.ЧОЙХОНАҲОИ МИЛЛӢ ЭҲЁ МЕШАВАНД.

Чойхонаҳо ҳамчун иншооти ҷамъиятӣ ва ҷои дӯстдоштаи суҳбати шаҳрвандон хеле барвақт пайдо шудаанд. Дар даврони Шӯравӣ қариб дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳои калони аҳолинишин чойхонаҳои калон сохта шуда, ба мардум хизмат мекарданд.
Охири асри гузашта бар асари нооромиҳои сиёсӣ дар кишварамон таваҷҷуҳ ба сохтмону хизматрасониҳо нисбати чойхонаҳо хеле кам гардид.
Хушбахтона баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат чойхонаҳои наву замонавӣ бо истифодаи анъанаҳои меъмории миллӣ кандакорӣ ва гаҷкорӣ шудаанд.
Дар маркази ноҳияи Шаҳритус солҳои зиёдест чойхонаи зебою хушсохте ба мардуми ноҳия хизмат мерасонад. Мардум онро «чойхонаи бобои Абдуҷаббор» меноманд. Дар ин чойхона пирони кор, мӯйсафедону ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат чой нӯшида сӯҳбат меороянд. Дар як гӯшаи толори чойхона рӯзномаю маҷаллаҳо гузошта шудааст ва хоҳишмандон метавонанд онҳоро мутолиа намоянд.
Таърихи сохта шудан ва номи «Бобои Абдуҷаббор»- ро гирифтани чойхона аҷиб аст.
Солҳои 30-юми асри гузашта, як қисми мардуми ноҳияи Тоҷикободро муҳоҷир карда, ба ноҳияи Шаҳритус оварданд. Онҳо дар хоҷагии собиқ «Чамъияти деҳқон» аҳлона меҳнат мекарданд. Дар байни онҳо ҷавонмарди хоксору меҳнатдӯст Абдуҷаббор Саидов чун роҳбари кордону ғамхор соҳиби обрӯи баланд буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Соли 1943 Абдуҷаббор Саидов барои ҳимояи Ватани азизаш ба фронт рафт. Соли 1945 баъди Ғалаба бар фашизм сарбаландона ба Шаҳритус баргашт. Аммо аз як пояш маҳрум шуда буд. Бо маслиҳат ва мусоидат бо роҳбарони ноҳия дар ҷои хушобу ҳаво як чойхонаи зебое бунёд намуд. Чойхона дар тавозуни корхонаи ҷамъияти матлуботи ноҳия буд ва Абдуҷаббор Саидовро мудири чойхона тъин намуданд.
Ана ҳамин тавр чойхона ба фаъолият оғоз намуд ва номи Бобои Абдуҷаборро гирифт.
Бобои Абдуҷаббор марди хоксор, кушодачеҳра ва хушчақ-чақу суҳбаторо буд. Сӯҳбатҳои ширине дошту ба мардум аз хотираҳои ҷангияш қиссаҳои аҷиб нақл мекард. Чойхона ҳамеша серодам буд. Он дар собиқ вилояти Қурғонтеппа яке аз чойхонаҳои беҳтарин буд.
Чуноне ки аз суҳбат бо муштариёни чойхона, аз ҷумла собиқадорони меҳнат маълум шуд, бисёре аз роҳбарони давлату ҳукумат ва одамони обрӯманди кишвар ба чойхонаи бобои Абдуҷаббор ташриф овардаанд.
Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷ. Расулов ва Раиси Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон М. Холов борҳо ҳангоми сафарҳои корияшон ба ноҳияи Шаҳритус аз чойхонаи бобои Абдуҷаббор дидан намуда, бо мардум суҳбат мекарданд.
Азбаски бобои Абдуҷаббор писар надошт (ҳама фарзандонаш духтар буданд), баъди нафақа баромаданаш роҳбарии кори чойхонаро ба наберааш Саидашраф Ҳакимов супорид.
Имрӯз ҳам чойхонаи бобои Абдуҷаббор зебову серодам аст. Одамон аз деҳаҳои гирду атрофи ноҳия ва ноҳияҳои ҳамсоя Қубодиёну Носири Хусрав барои чойнӯшиву суҳбат ва дидорбинӣ ба чойхона меоянд.
Чойхона ба собиқадорони ҷангу меҳнат ба таври ройгон хизмат мерасонад.
Собиқадори меҳнат, муштарии чойхона Мусулмонқул Ҷурақулов нақл мекунад, ки солиёни зиёд дар ноҳияи Шаҳритус котиби кумитаи ҳизбӣ, сардори идораи почта, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ ва дар дигар вазифаҳои масъул кор кардам. Чойхонаи бобои Абдуҷаббор мисли имрӯз ҳам ҷои дӯстдоштаи мардум буд. Аксари одамон ба чойхона ба хотири худи Абдуҷаббор Саидов меомаданд. Вай бисёр инсони ҳалиму хоксор ва хайрхоҳу саховатпеша буд. Ба ҳама дасти кӯмак дароз мекард.
Абдуҷаббор Саидов барои фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандааш бо чандин ордену медалҳо ва унвонҳои «Аълочии кооператсияи Матлуботи ИҶШС» ва «Аълочии ҷамъияти матлуботи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Имрӯз ҳам фарзандону наберагон ва аберагонаш (104 нафар) корҳои неку амалҳои хайрхоҳонаи ӯро идома медиҳанд.
Тура Ҳакимов- собиқадори меҳнат:
Чойхонаи бобои Абдуҷаббор воқеан низ ҷои дӯстдоштаи мардуми ноҳия маҳсуб меёбад. Шукри сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мекунем. Мо собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида вақтҳои холигӣ ба чойхона омада, чой менӯшем ва суҳбат мекунем. Ноҳияи мо ноҳияи сермиллат аст. Мо тоҷикон, узбакҳо, туркманҳо дар фазои ваҳдату ягонагӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат аҳлона зиндагӣ дорем. Ба чойхона ҷавонони зиёде ҳам меоянд. Онҳо бо мо чой нӯшида, суҳбат мекунанд ва аз суҳбату насиҳатҳои мо баҳравар мешаванд.
Чойхонаи бобои Абдуҷаббор барои он серодам аст, ки кормандонаш ба муштариён нонҳои гарм, ширу қаймоқи ширин, чойҳои гуногуни хуштаъм, қанду набот ва асалҳои арзон пешниҳод менамоянд.
Роҳбари ҶДММ «Чойхонаи бобои Абдуҷаббор Саидов» Саидашраф Ҳакимов иброз дошт, ки чойхона серодам аст. Ҳар рӯз муштариёни зиёде ба чойхонаи мо ташриф меоранд. Мо нақша дорем, ки дар ояндаи наздик бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои чойхонаи наву замонавиро бунёд намоем.
Аъзам Бобоев, хабарнигори «Ваҳдат»
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин