Бақайдгирӣ все шаблоны для dle на сайте newtemplates.ru скачать
 
  • 08:55 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН 
  • 08:41 – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТСОЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 
  • 08:39 – Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ 
  • 11:40 – ҲИКМАТИ МЎРЧАҲО 

Ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ

Абдунабӣ САТТОРЗОДА,
Профессор
Барои муқаррар кардани ҷойгоҳи Шамсиддин Шоҳин дар адабиёти форсии тоҷикӣ чаҳор навъи маводи адабӣ ва илмӣ вуҷуд дорад:
I. Гуфтаву ишораҳои худи ў дар бораи чигунагии шеъру шоирӣ, назариёти адабӣ ё фахрия ва даъвиномаҳои вай;
II. Навиштаҳои адибон ва тазкиранависони ҳамасраш;
III. Таҳқиқоти шоҳиншиносон ва муаллифони таърихҳои адабиёт;
IV. Мероси адабии шоир.
Ҳангоми истифода аз ин чаҳор навъи маводи адабӣ ва илмӣ пажўҳишгарро лозим аст, ки ба нукоти зерин эътибор диҳад:
I. Фахриягўйӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ як суннати қадимӣ ва маъмул аст ва дар фахри худу шеъри худ сухан гуфтани Шамсиддин Шоҳин аз ин истисно нест. Аммо, тавре ки маълум аст, на ҳамаи адибони фахриясаро суханҳои муносиби ҳоли худ ва шеъри худ гуфтаанд. Агар устод Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва саромадагони дигар ҳар чи дар ин замина гуфтаанд, бамаврид ва дурусту рост буданд, касоне мисли Абўзироа, Анварӣ, Хоқонӣ, Туғрал ва дигарон низ буданд, ки дар арзёбии навиштаҳояшон зиёдаравӣ мекарданд ва ҳатто бузургонеро, аз қабили Рўдакию Унсурӣ, резахўри хони худ мешумориданд. Ин гуфтаи Хоқонӣ машҳур аст:
Шоири мулфиқ манам, хони маонӣ марост,
Резахўри хони ман Унсурию Рўдакӣ.
Туғрал бар он бовар дошт, ки баъди ў шоире дигар намеояд, ҳатто дар хоб:
То зи файзи огаҳӣ, Туғрал, сухан сар кардаам,
Баъди ман шоир касе дигар намебинад ба хоб.
Дар фахрияҳои фаровони Шамсиддин Шоҳин, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, ҳам фахрияҳои баҷо ва ҳам фахрияҳои беҷо ҷой доранд. Профессор Расул Ҳодизода ба мушоҳида гирифтаанд, ки шоир дар ин кор "гоҳе ба дараҷаи иғроқу муболаға низ мерасад" Чунончи, дар аввал намунае чанд аз фахрияҳои баҷои шоир:
Табъи Шоҳин, ки ба ширинсуханӣ машҳур аст,
Ҳама аз лаъли ту омўхт шакархоиро.
***
Пас аз вафоти ту, Шоҳин, суханварон сўзанд
Ба ҷои шамъ туро бар сари мазор ангушт.
***
Сазад ба хеш тафохур кунӣ аз он, Шоҳин,
Кам аст чун ту сухансанҷи нуктагў гузарад.
***
Ашъори ман далели камолам кифоят аст,
Дар даъвие ки мекунам, ин аст маҳзарам.

Ва аз ҷумлаи фахрияҳои беҷо ва ё даъвиҳои муболиғаомез инҳоянд:
Ҳарифи табъи расои ту кас нашуд, Шоҳин,
Зи бас ягонаи офоқ дар сухандонист.
***
Латоифе, ки дар ашъори банда Шоҳин аст,
Надидааст кас аз шоирони нуктагузор.
***
Гар бувад Унсуриву Асҷадиву Фирдавсӣ,
Бо манаш нисбати хармўҳра ба гавҳар бошад.
Агарчи ҷой доштани ингуна даъвиҳоро Шоҳин барои касони мисли худаш "сухандону суханвар" раво донистааст:
Худфурўшӣ накунам, лек зи даъвӣ холӣ
Набувад он ки сухандону суханвар бошад.
II. Дар байни адибон ва тазкиранависони ҳамасри Шамсиддин Шоҳин, ки дар бораи ў ва асарҳояш мулоҳиза рондаанд ва маълумот додаанд, тавре ки маълум аст, ҳам мухлисону хайрхоҳон (мисли Аҳмади Дониш, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ, Садри Зиё ва Идрисхоҷаи Роҷӣ) ва ҳам муддаиёну ҳасудон (монанди Афзал-махдуми Пирмастӣ, Қозӣ Қурбонхони Фитрат, Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ, Абдуллохоҷаи Абдӣ ва дигарон) буданд. Барои ҳамин ҳам шоир пешакӣ ба муҳаққиқони осораш ҳушдор додаст, ки осори ўро аз рўйи "ҳарфи муддаиён", "муддаии хурдашинос", "аҳли ҳасуд", "кўртинатони ҳасад", "мункирони шеър" насанҷанд:
Масанҷ гуфтаи Шоҳин ба ҳарфи муддаиён,
Ки санги хора дури шоҳвор мешиканад.
Устод Айнӣ, гумон мекунам, бо дарназардошти ин чиз гуфтаанд, ки "тазкиранависони муосир ҳам дар ҳаққи бечора Шоҳин зулм кардаанд". Сониян, аксари тазкиранависон, чунонки ба сабки эшон хос аст, бо зикри тавсифҳои умумии осмонӣ ва ибороти мутантан қаноат кардаанд. Барои мисол, Муҳтарам, муаллифи "Тазкират-уш-шуаро" зикри худро дар бораи шоир чунин оғоз намудааст: "Шоҳин тахаллуси афсаҳулмутакаллимин ва амлаҳулмутааххирин, соқии мастабаи сухандонӣ, нағмасарои маҳфили шевозабонӣ, Фалотуни хумкадаи фикри рангин, Буқроти маъниофарини ин Юнонзамин Мулло Муҳаммад Шамсиддин аст, ки қаламаш аждаҳоест дар майдони тақрир…". Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ, муаллифи "Тазкират-уш шуаро"-и дигар муаррифии шоиррро чунин оғоз намудааст: "Мулло Шамсиддин-махдуми Шоҳин. Афзалулфусаҳо, аъламулбулағо, азкиулфузало, авҳадулазкиё, фасеҳ-улбаён, талиқуллисон, Соибхаёл, Нозиммақол, Толибмисол, мунтаҳо рашиду тибои фарид аст" ва ғ. ва ҳ.к. Шоҳиншиносон набояд фирефтаи ин тавсифҳо ва ҳарфҳои муфти тазкиранависон шаванд. Онҳоро бояд нахуст бисанҷанд ва баъд қазоват ва натиҷагирӣ бикунанд ва аз рўи гуфтаи худи шоир амал бикунанд:
Суханро ба зоҳир набояд шинохт,
Ки зоҳирпарастӣ басе фитна хост.
III. Шоҳиншиносони тоҷик аз охири солҳои 20-уми асри ХХ, яъне аз устод Айнӣ то ба ҳол дар заминаи таҳқиқи аҳволу афкор ва нашри осори Шамсиддини Шоҳин корҳои зиёдеро анҷом додаанд, ки муҳимтарини онҳо ҳамоно рисолаҳои арзишманди профессорон Холиқ Мирзозода "Шамсиддин Шоҳин" (1956) ва Расул Ҳодизода "Шоҳин" (1974) мебошанд. Аз корҳои қобили таваҷҷуҳе, ки дар солҳои охир дар даврони Истиқлол ба вуҷуд омаданд, рисолаи узви пайвастаи АИ ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов "Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри Х1Х ва аввали асри ХХ" (2006) ва "Куллиёт"-и Шамсиддин Шоҳин (2006) дар таҳия ва тавзеҳоти шоҳиншиноси боистеъдод ва донишманди тоҷик Музаффар Муҳаммадӣ метавон ном бурд.
Насли аввали шоҳиншиносони тоҷик, пеш аз ҳама, бунёдгузорони ин шохаи адабиётшиносии муосири тоҷик устод Айнӣ, профессорон Холиқ Мирзозода ва Расул Ҳодизода, бидуни муҳобот, ҳамаи заминаҳоро барои таҳқиқи густАрда ва нашри саҳеҳи осори Шамсиддин Шоҳин омода намуданд. Аз ҷумла, онҳо зиндагиномаи илмии шоирро барқарор ва нусхаҳои қаламии асарҳои ўро тавсиф карда, алоқамандонро ба таври муқаддимотӣ бо муҳтаво ва баъзе хусусиятҳои шаклӣ ва сабки бадеии онҳо ошно намудаанд. Вале ҳоло вақти он расидааст, ки дар заминаҳои аҳвол, афкор ва осори муаллиф, ҳар яке аз асарҳои манзум ва мансури ў, пайванди шоир бо гузаштагон ва таъсираш ба адибони баъдина ва ғ. таҳқиқоти густАрда ва бунёдӣ анҷом дода шаванд. Ҳамчунин зарурат ба гирдоварии осори парешон, нусхаҳои хаттии онҳо ва нашри мукаммал ва саҳеҳи осори Шамсиддини Шоҳин ба вуҷуд омадааст.
IV. Шамсиддин Шоҳин, тавре ки маълум аст, ҳамагӣ 35-36 сол умр дидаасту ба шеърушоирӣ, ба адабиёт ҳамагӣ 10-15 сол машғул шудааст. Ба замми ин шоири бо "табъи равшану бахти сиёҳ", "шоири нокоми ҷавонмарг" , тавре худ шаҳодат медиҳад, зиндагии хушу ороме ҳам надоштааст. Гоҳ дар дарбору муҳити завқии он ва гоҳ дур аз онҳо дар танҳоӣ будааст. Аз ин рў табиист, ки осори ў аз лиҳози муҳтавои ғоявӣ ва ҳунарӣ якдаст ва ҳамвор нест. Дар миёни мероси боқимондаи ў мо намунаҳои ҳам машқу ҳам тақлид ("Туҳфаи дўстон", "Лайлӣ ва Маҷнун"), ҳам лаффозӣ ё суханбозӣ ё санъатгароӣ, ҳам пайравӣ ва ҳам ибтикору ихтироъ "Бадоеъуссаноеъ", ба қавли худи шоир "чи пухта, чи хом" (Зи ман ҳар чи ояд чи пухта, чи хом, Зи осори Саъдӣ бувад вассалом!)-ро мебинем. Онҳоро бояд аз ҳам ҷудо кард, сараро аз носара тамйиз дод ва таҳқиқ намуд, то ҷойгоҳи ўро адабиёти форсии тоҷикӣ муайян намуд.
Шамсиддин Шоҳин фаъолияти шоириашро аз омўзиши таҷрибаи эҷодии саромадони адабиётамон, монанди Анварӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш ва дигарон оғоз карда, муваффақ шудааст, ки дар як муддати нисбатан кўтоҳ ба мартабаи яке аз ғазалсароён, қасидапардозон ва маснавигўёни намоён ва тавонои даври худ бирасад. Беҳтарин намунаҳои ғазалу қасида ва асари мансури ў "Бадоеъ-ус-саноеъ" далели равшан бар он мебошанд.
Инсоф он аст эътироф намоем, ки воқеан шеъри ў аз навиштаҳои манзуми муосиронаш, аз қабили Савдо, Афзал-махдум, Сипандӣ, Ширин, Ҳоҷӣ Азими Шаръӣ, Ҳашмат, Офарин, Зуфунун, Садри Сарир, Саҳбо, Анбар, Лутфӣ ва дигарон аз ҳар ҷиҳат бартарӣ дорад.
Шамсиддин Шоҳин такрор ба такрор ишора ва таъкид ба он намудааст, ки имтиёзи шеъри ў нисбат ба навиштаҳои дигарон дар он аст, ки сурудаҳои ў дорои "маънии нозук", "ганҷи маъонӣ", "наварўси маънӣ", "шоҳиди маънӣ", "маънии ваҳшӣ", "сайди маънӣ", "нукта", "латоиф", "сухани пок", "дурр", "дури хушоб", "дури дарӣ", "мавҷи гуҳар", "гавҳари нафис", "гуҳар" мебошанд ва худи ў дар ҷумлаи "шоирони нуктагузор". Бар ин беҳтарин шеърҳои ў, ки дар Куллиёташ гирдоварӣ шудаанд ва дар онҳо нуктаҳои шоирона кам нестанд, гувоҳанд. Танҳо чанд мисол:
Гар нависад ба ту Шоҳин варақе, ранҷа мабош,
К аз раият набувад ор ба султон коғаз.
***
Кардӣ адои бўса ба ҳар кас, аз он миён
Ман чун намози мардуми коҳил қазо шудам.
***
Таҳи тақора кун, эй муҳтасиб, гуноҳи маро,
Вагарна айби туро чўб бар нақора кунам.
***
Надорам чун либоси зиндагӣ ғайр аз сияҳбахтӣ,
Пас аз маргам зи хоки тира мебояд кафан кардан.
***
Модари гетӣ зи бас хушк аст пистонаш зи шир,
Мемакад ангушти ҳасрат тифли ҳар гаҳворае ва ғайра.
Яке аз вижагиҳои мумтози асарҳои манзум ва мансури Шамсиддин Шоҳин, ки ба он шоҳиншиносон ишораҳо намудаанд, иборат аз ин аст, ки дар онҳо суннати деринаи ҷанбаи иҷтимоии шеъри форсии тоҷикӣ қавитар шуда, назари интиқодӣ ба замона ва ҷомеаи он илова гардидааст. Дар онҳо, агар бо таъбири худи муаллиф бигўем, ў аз "ҳақиқати рўз" (Эй бехабар аз ҳақиқати рўз, Ман ҳима кашам, ту оташ афрўз), ки онро гузаштагонамон "муқтазои ҳол" мегуфтанд, сухан кардааст. Аз ҷумла шоир дар пайравӣ ба осор ва афкори равшангарии аллома Аҳмади Дониш кўшиш намудааст, ки дар навиштаҳояш на танҳо иллатҳои замонаи тираву тори амириро, балки сабабҳои зуҳури онҳоро низ ошкор бикунад. Барои ҳамин ҳам муаллиф асарҳояшро "маҷмўатушшикоят" номида, дар онҳо насиҳатҳои далерона, эътирозҳои исёнгарона ва шикоятҳои талхи хешро ба зимомдорони давр, амирони манғитӣ баён кардааст. Афсўс ки замонаи сифлапарвар ва ҷоҳилпарвар ба қадри гуфта ва навиштаҳои ин шоири тавоно нарасид ва ў бо дарду алам, андўҳу ҳасрати фаровон аз ин дунё гузашт. Шоир гуфтааст:
Замона он ҳама шеърам напарвард, Шоҳин,
Магар, ки шеър арўсу замона модаршўст.
***
То Сурайё зи Саро дамдамаи фазлам рафт,
Чӣ кунам, гўши куҳансолфалак кар бошад.
Шамсиддин Шоҳин дар ғазале гуфтааст, ки:
Саводи шеър, ки кардам ба ёдгор рақам,
Ба рўи даҳр бимонад, ки ёдгори ман аст.
Ҳоло бо гузашти 160 сол мо тасдиқ мекунем, ки шеърҳои шоир беҳтарин ёдгорие барои мо меросхўронаш мебошанд.
рейтинг: 
Оставить комментарий
  • Шарҳҳо
  • Имрӯз
  • Серхондатарин